Таҷрибаи чандинасраи мамлакатҳои мутараққи аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат бе саноат ва ё саноати сустинкишофёфта истиқлолияти иқтисодии худро таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноаткунонии мамлакатро ҳамчун ҳадафи стратнгӣ меҳисобад ва барои табдили мамлакат аз аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ кушиш дорад.

Зарурияти саноатикунонии мамлакат аз сабаби коҳиш ёфтани истеҳсолоти саноатӣ дар солҳои 90-уми асри XX ва қатъ гардидани фаъолияти аксарияти корхонаҳои саноатӣ,ки бо шароити иқтисоди бозорӣ мутобиқ шуда натавонистанд ба миён омад. Бо мақсади пешгирии раванди ғайрисаноатикунонии мамлакат. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003-ум Консепсияи рушди саноати Тоҷикистонро қабул кард. Дар ин ҳуҷҷати муҳим сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсолоти саноатӣ, омилҳо имкониятҳо ва самтҳои рушди он дар ҷумҳурӣ дар шароити истиқлолият ва низоми нави иқтисоди бозорӣ муаян шудаанд. Нуқтаҳои Консепсия дар Стратегияи миллӣ рушди Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 дарҷ гардида амали гардида истодааст. Қобили қайд аст,ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар рушди саноати ҷумҳурӣ тағиротҳои куллӣ сифатию миқдорӣ ба амал омадаанд.Дар натиҷа сохта,ба истифода дода шудани корхонаҳои нави пахтатозакунӣ,ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ,дар ҷумҳурӣ имконияти коркарди пурраи ашёи хоми пахта фароҳам оварда шуд.

Барои таъмини корхонаҳои нассоҷӣ бо нахи пахта дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияҳои Фархор, Хуросон, Данғара, Кӯшониён, Ҷайҳун Ёвони вилояти Хатлон 8 корхонаҳои азими пахтатозакунӣ сохта, баистифода дода шуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар як сол метавонад то 20-50 ҳаз.тонна ашёи хоми пахтаро коркард намояд. Инчунин дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба кор андохта шуданд. Баъди пурра бакор андохти шудани Маҷмааи нассоҷии Ҷамиятӣ саҳоми “Ҷунтай-Данғара Син-Су-текстил”, ки иқтидораш дар як сол беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта мебошад, мо метавонем коркарди пурраи ашёи хоми пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ таъмин намоем.

Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ як силсила корхонаи азим,ки молҳои ивазкунандаи воридотӣ истеҳсол менамоянд,аз ҷумла комбинати металлургӣ дар шаҳри Ҳисор, Маҷмааи насоҷии Ҷамъияти саҳоми “Ҷунтай-Данғара Син-Сутексил” дар ноҳияи Данғара, корхонаи истеҳсоли криолит, алюминияи фторид ва кислотаи сульфатӣ (“Талко-химия”), ҶДММ “Ёвон–катон” ҶДДММ “Ист Коттон НФР”, ҶДММ “Сзинян Инхай Хуанфантсюй, ҶДММ ”Химия-Текстил”, корхонаи истеҳсоли гачкартон дар ноҳияи Ёвон. Дар ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба рушди истеҳсолоти молҳои ивазкунандаи воридотӣ саҳми митақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ), ки солҳои 2008-2009 дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд,басо калон аст. МОИ Суғд, Панҷ, Данғара, Ишкошим, Кӯлоб, таъсис дода шуданд, ки МОИ ”Суғд” ва “Данғара” аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъол маҳсуб меёбад.

Бо ташкили корхонаҳои ватанию муштарак ва истифодабарии таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамон дар азхудкунии захираҳои табиӣ ва диверсификатсияи истеҳсолоти саноатии ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем.Имрӯз дар ҷумҳури тедоди корхонаҳо дар саноати ихтироҷи маъдан ба 214 адад ва дарсаноати коркард ба 2071 адад расида, истеҳсоли ангишт,нафт ва маҳсулоти нафтӣ,металлҳои ранга ва сангҳои қиматнок,маҳсулотҳои металлургӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли ангишт дар истиқлолият аз 313 то 1041,9 ҳазор тонна ва ё 3,3 баробар афзуд.

Истеҳсоли маҳсулотҳои нафтӣ танҳо дар даврони истиқлолият ба роҳ монда шуда,ҳоло ҳаҷми солонаи истеҳсоли бинзин 411,8тонна,сузишвории дизелӣ 2465тонна,мазут 4637 таннаро ташкил медиҳад.Истеҳсолоти маҳсулотҳои нафтӣ дар ҷумҳурӣ баъди пурра ба фаъолит шӯруъ намудани корхонаи калонтарини коркарди нафти ноҳияи Данғара,ки бо кӯмакиширкати чини “ТКойл”сохтумонаш идома дорад,ба таври назаррас афзоиш меёбад.

Рушди саноатро бе фаъолити устувории соҳаи энергетика тассавур кардан ғайриимкон аст.Дар солҳои охир бисёр корхонаҳои сонатӣ аз сабаби танқиси газу барқ аз фаъолият монданд ва ё иқтидори истеҳсолӣ худро ба таври пурра истифода натавонистанд.Ин ба корхонаи азими ҷумҳурӣ Ширкати алюминий тоҷик “Талко” ва ҶСП “Тоҷик Азот”низ таллуқ дорад.ҶСП”Тоҷик Азот аз соли 2012 бо сабаби набудани гази табиӣ фаъолияти худро пурра катъ намуд.Маҳудудияти барқтаъминкунии истеъмолкунандагон монеа ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ хурду миёна дар саноат гардида буд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2016 барои амалӣ гаштани даҳҳо лоиҳаҳо сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика кӯшиш намуд. Дар ин давра бо ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ объектҳои аҳамияти умумидавлатию стратегӣ дошта,монанди НБО“Сангтуда-1”,”Сангтуда-2”,МГБ-2 Душанбе,хатти интиқоли барқӣ “Ҷануби –Шимол”,”Лолазор Кулоб”,”Хуҷанд-Айний”,зеристгоҳҳои Душанбе, Айний, Ғончи, як силсила НБО хурд сохта,ба исифода дода шуданд. Инчунин аз нав ҷиҳозонидани техникӣ ва таъмири НБО- ҳои Норак,Бойпазин,Сарбанд ва Варзоб амалӣ гашта,корҳои бунёди НБО-иРоғун ҷаннок карда шуд. Аз рӯзи 15 январи соли 2017 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти барқтаъминкунии истеъмолкунандагон бардошта шудааст,ки барои рушди минбъдаи саноати ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард.

Рушди бо суръати саноат барои ҳалли вазифаҳои бартараф намудани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми содирот ва диверсификатсиякунонии он, афзоиши истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридотӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори ҳаётан зарур аст. Ба ҳамин тариқ, бартараф намудани раванди ғайрисаноатикунонии кишвар ва табдили Тоҷикистон ба мамлакати индустиалию аграрӣ зарурияти объективӣ ва вазифаи муҳими стратегӣ рушди минбаъдаи иқтисодиёти милли мебошад.Дар Стратегияи миллӣ рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳила ба марҳила табдил додани ҷумҳурӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ пешбинӣ шудааст:дар марҳилаи аввал (2016-2020)афзоиши ҳаҷми исеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 35%-ро ташкил дода, ҳиссаи саноат дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохила (ММД)аз давраи 12,3 то 12,5-13,2% дар марҳилаи дуюм (2021-2025) то 16% ва дар охири давраи пешбинишаванда (2026-2030) то 20-20,5% афзоиш меёбад.Дар соли 2030 ҳиссаи саноат ва кишоварзӣ дар сохтори ММД мутаносибан 20-20,5%ва 19-19,5%-ро ташкил мекунад.

Ҳалли вазифаи саноатикунонии мамлакат тағироти куллиро дар сохтори шуғл тақозо менамояд.Тибқи СРМ-2030 ҳиссаи соҳаҳои хизмаирасонӣ дар сохтори шуғл дар солҳои 2016-2030 аз 27,6 то 60%,саноат аз 3,3 то 15-20%меафзояд ва мутаносибан шуғл дар кишоварзӣ коҳиш меёбад,70%-и афзоиши захираҳои меҳнатӣ деҳот ба соҳаҳои саноат,бахши иҷтимоӣ ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ равона карда мешавад.Дар давраи татбиқи СРМ-2030 дар саноати ҷумҳурӣ 3 баробар афзудани ҷойҳои корӣ дар назар аст.Имрӯз дар ҷумҳури норасоии мутахасисони соҳибкасби ихтисосҳои техники ва шуғли барзиёд дар хоҷагии қишлоқ ҷой дорад.Ҳоло дар Ҷумҳурӣ аз сабаби алоқамандии нокифояи бозори меҳнат бо низоми маориф мушкилоти таъмини хатумкунандагони низоми таҳсилоти касбӣ бо шуғл ба назар мерасад,фоизи нисбатан пасти хатмкунандагон мувофиқи ихтисоси гирифта шуда ба кор таъмин мегарданд.Дар бозори меҳнат корфармоён норасоии малакаҳои касбӣ ва сифати пасти таҳсилоти довталабони ҷой корро қайд мекунанд.Бояд қайд кард,ки дар баробари гузариш ба иқтисодиёти индустиалию аграрӣ,мушкилоти норасоии қувваи кории баландихтисос барои соҳаҳои пешбурди иқтисодиёт аз ҷумла саноат зиёд мегардад.Бинобар ин,гузариш ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти индустиалию аграрӣ зарурияти аз нав дида баролмадани консепсияи рушди таҳсилоти касбиро бо назардошти тағироти сохтори шуғл ва талаботҳои бозори меҳнат дар оянда,ба миён меоварад.

Дар консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар шароити иқтисодиёти индустриалию аграрӣ мо бояд ба ҳалли масъалаҳои зерин бештар таваҷӯ зоҳир намоем:

-зиёд намудани шумораи хатмкунандагон дар бахши ихтисоси муҳандисию техникӣ ва илмҳои табиӣ;

-инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф;

-ташаккул ва рушди кластерҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аз рӯи бахшҳои афзалятноки иқтисодиёт-кишоварзӣ,энергетика ва нақлиёт;

-таъмини рушди мунтазами касбӣ;

-такмили механизми алоқаманди байни таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнатӣ;

-дасгирии рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,ки бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг сохта шуда аст;

-пурзӯр намудани ҷузъҳои татқиқотӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ;

-афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф.

Мудири кафедраи молия, дотсент

Нурализода Наргис