• Иззатуллоева Дилбар Раҳматуллоевна, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Боиси ифтихору сарфарозист, ки давоми 32 сол мешавад дар партави сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон умр ба сар мебарем. Воқеан ин неъмати бебаҳост, зеро ки дар тули ҳазорсолаи таърих расидан ба Истиқлол, Ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидӣ ақлу зеҳни тамоми инсониятро ба худ ҷалб менамуд. Аммо расидан ва даст ёфтан ба он кори басо мушкилу пурпечутоб буд ва ҳазорон қаҳрамонон ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаву ба мақсад нарасидаанд.

Таърихи гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз қадамҳои аввалин ва тақдирсоз ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ буд. Бо талошу заҳматҳои зиёд санаи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли комили худро эълон намуд, ки заминаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи кишвар гузошт. Вале пас аз ин воқеоти муҳимми таърихӣ нооромӣ фазои кишвари азизи моро фарогир гашт ва рушду тараққиёти онро ба чандин солҳо ақиб зад. Аммо бо заҳмату кӯшишҳои фарзандони ҷонфидои миллат, монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз фикрашон ба комёб гардидан дар сарҷамъ намудани миллат ва ба даст овардани якдилию якдигарфаҳмии онҳо равона буд, мо тавонистем аз чанголи ин зуҳуроти харобиовар раҳоӣ ёбем ва ваҳдату сулҳу суботро дар кишвар побарҷо намоем. Имрӯз самараи ин ҳама кӯшишҳоро мо дар лабханди модарону хоҳарон, оромию ободии мамлакат, дастовардҳои беназири ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар, шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва монанди инҳо дида метавонем.

«Мардуми шарифи тоҷик бояд дарк кунанд, ки сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси муносибати таҳаммулпазирии қуваҳои гуногун, баъзан қувваҳои мухолифи якдигар, ҳаракатҳо ва ҳизбҳо устувор нигоҳ дошта мешавад, на бо роҳи баргаштани ҷомеа ба давлати нав – давлати тоталитарӣ. Барои ин, давлати дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд бо сиёсати хориҷии кушода зарур аст. Сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар натиҷаи эътироф намудани гуногунрангии шароитҳои зиндагӣ дар кишвар, яъне дар натиҷаи рад кардани ҳокимияти чизе ё дигарон, имконпазир шуд» [3, с. 76].

«Муҳимтарин ҳуҷҷат – Созишномаи истиқрори сулҳ байни тоҷикон ба оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ – бозсозию ободкорӣ дар асоси ғояи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо шуруъ шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки таҷрибаи арзишманди гузаштагони мо дар мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт ва ин масъала то ҳанӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва баррасиву таҳқиқи ҷомеашиносон ва таърихнигорон қарор нагирифтааст. Дар охири асри ХIX ва оғози садаи ХХ миллати тоҷик таҳти таъсири омилҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки ҳастии хеш қарор дошт» [ 4].

Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.

Зеро, мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.

«Яке аз нақшаҳои стратегии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бармеояд, эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст. Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ Сарвари давлат ташкили аҳзоби сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлатро бар уҳда гирифт. Нахустин сухане, ки ӯ аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ гуфт, сулҳ буд ва роҳи мо ба сӯйи ин субот яксону ҳамвор нест. Хиради азалии миллати тоҷик муқобили ҷаҳолат ғолиб омад ва мо дасти ҳам гирифтему дар талоши наҷоти миллат ва бақои давлат гардидем.

Он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Дар назди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилтарин вазифаҳо истода буданд:

гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ (аслан ҷанги таҳмилӣ буд ва ҷанги таҳмилӣ будани онро ҳам соли 1996 аввалин бор боз ҳам Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриф дода тавонистанд);

бунёд кардани заминаи сулҳ;

баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ;

таъмини иҷтимоии аҳолӣ;

ба низом овардани сохторҳои қудратӣ (хусусан артиши миллӣ) густурдани заминаҳои Ваҳдати миллӣ, ҳал кардани масъалаи бумбасти коммуникатсионӣ… ва чандин вазифаҳои дигар, ки баршумурдани онҳо ҳам зарур аст ва ҳам тӯлонӣ. Аммо вазифаҳое, ки қайд карда шуданд, на танҳо мубрам, на танҳо рӯзмарра, балки ба истилоҳи дар он рӯзгор маъмул тақдирсоз буданд» [1, с. 106].

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда барои тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷаҳонӣ эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад »[3, с. 63].

Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ тавоноии миллат ва давлат аст, ки дар он нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Маҳз Сарвари давлат меъмори Ваҳдат гаштанд ва ба сокинони кишвар қавл доданд, ки дар қадами аввал барои онҳо сулҳ меоваранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли додаашон вафо карданд. Маҳз дар даҳсолаи аввали мушкили давлатдорӣ бо ҳидоятҳои Президенти мамлакат Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсия, асъори миллӣ қабул шуданд.

Тайи се даҳсолаи сипаригардида, ки барои таърих он қадар тӯлони нест, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардад. Имрӯз ҷумҳурии моро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари боэътимод мешиносанд. Боиси хушнудист, ки обрӯву нуфузи он сол то сол боло рафта, дар самти рушду тараққиёт уфуқҳои нав ба нав кашф мегарданд.

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон пуштибони ин марзу бумро дар сангинтарин марҳала ба дӯши худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки барои халқу Ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин ҷонфидоӣ ва диловарии Сарвари давлат буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тоҷикон марҳалаи нав оғоз гардид. Дар ин замина қадам ба қадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид. «Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии кишварро бар дӯши худ гирифта буданд, аз аввалин рӯзҳои фаъолияташон роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии кишвар муайян намуданд. Пешвои миллат дар яке аз аввалин изҳороташон усули аслии фаъолияти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сифат намуда буданд:

«Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳи зурӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас» [1].

Ваҳдати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шодиву фараҳ овард. Он чун нушдорӯе дар ҷисму ҷонҳои хаста рӯҳу тавон бахшид, ки самарашро ҳамарӯз мо бо чашми ақл мушоҳида мекунем. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистон на танҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафти ҷомеа гомҳои устувор дорад, ки, пеш аз ҳама, аз самараи ин санади тақдирсоз замина гирифтааст. «Воқеан, дар сарнавишти ҳар як миллату давлатҳо санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27–уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдирсоз мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати кӯҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷонибдории мамлакатҳои берунмарзӣ ва мавқеву мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон овозадор гардонидааст. Агар Истиқлоли давлатӣ мустақилӣ ва ҳеҷ як субъекти берунӣ вобаста набудани давлатро ифода намояд, пас Ваҳдату ягонагӣ ин аз як гиребон сар баровардан, муттаҳид шудан баҳри татбиқи ғояҳои нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва синаи худро барои ҳифозати миллату давлат сипар кардан аст. Ин ду арзиш бо якдигар тавъаманд ва маҳз алоқамандии онҳост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат – 32 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз кишварҳои амнтарин ва зеботарин мубаддал гардидааст. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, ки боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ истиқлолу сулҳу ягонагии давлату миллатро устувор карда метавонем. Чунки дар фазои сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба тараққӣ ниҳода, кишвари азизи биҳиштосоямон дар шоҳроҳи пешрафти тараққиёт мавқеи боз ҳам мустаҳкамро соҳиб мегардад» [2].

Моҳияти хидматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон медонем ва иқрор бо онем, ки ҳар фарзанди фарзона соҳиби унвони қақрамони кишвар ва пешвои асри XXI шуда наметавонад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати кӯҳанбунёд воқеан ниёзманди ҳамин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамун созад ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро воқеан ба Боми ҷаҳон мубаддал намуда, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар дили ҳар як тоҷикистонӣ бедор намуд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: Контраст, 2018. – 422 с.

2. Муҳаммад А.Н. Истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ (таҷрибаи Тоҷикистон): Монография / А.Н. Муҳамма– Душанбе, 2021. – 194 с.

3. Пешвои миллат эҳёгари тамаддуни тоҷикон // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии ДДҲБСТ. – Хуҷанд: Ношир, 2019. – 604 с.

4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт. 26.06.2019, ноҳияи Рашт. URL:http://www.prezident.tj/node/20519 (санаи муроҷиат 10.06.2022).

5. Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат. – Душанбе: Маориф, 2016. – 414 с.