Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Худованд гоҳо як идда инсонҳоро барои он меофарад, ки эшон ба туфайли фикри солим, ақли расо, нутқи фасеҳу бурро, қавлу амали ростинашон дигарҳоро роҳнамоӣ кунанд, ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Чунин абармардон поягузорони таҳкурсии таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ки амсоли занҷири пайваста дар тӯли ҳазорсолаҳо ин миллати бостониро ба ҳамдигар пайванд сохтаанд.

Чархи таърих ба миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пайрави ин насли куҳанбунёд ба арсаи сиёсат ворид сохт. Бешубҳа метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба силоҳи хунрез, балки ба воситаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавонист миёни мухолифин сулҳро барқарор созад. Ин амалҳои Саврари давлат саҳифаи дурахшони таърихи миллати тоҷикро баъди ҳазорсолаҳо равшан сохтаву миллати парокандаро муттаҳид сохт.

Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо мо – насли ҷангдида, балки тавассути меҳрубониҳои самимияш кӯдакон-меваҳои шаҳдбори истиқлолият низ мешиносанду дӯсташ медоранд. Ин дӯстдориҳои тифлон беҳуда нест, чунки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқотҳояш пайваста бо кӯдаконрӯ ба рӯ шудаву онҳоро падарвор ба оғӯш мекашад, ки ин амалро на ҳар Президент ба хеш раво мебинад. Пайваста дар мулоқотҳояш таъкид менамояд, ки бо кӯдакон дар оила муносибати нек дошта бошем, зеро кӯдакон ояндаи мо мебошанд. Пайваста дар ҳар мулоқоте, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳангоми сафари корӣ мо бо кӯдакону ҷавонон вомехӯрем, ҳатман дар мавриди орзуи мулоқот доштанашон бо Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон сухан меронанд. Ин орзуи кӯдакон ҳатман ҷомаи амал мепӯшад.

Вобаста ба ин метавон чанд хислати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмонро зикр кард, ки дар таърих ба кам подшоҳону сарварон Худованд арзонӣ доштааст.

Падару модар беҳтарин неъмати Худованд барои фарзандонанд. Воқеан, барои касе, ки падару модари худро аз даст медиҳад, чӣ мушилиҳое дар зиндагӣ ӯро рӯ ба рӯ меояд. Надоштани сарпаноҳ, дилшикастагӣ, ноумедӣ миёни ҳамсолон ва амсоли инҳо ӯро сахт ғамгину ба қавли Саъдии Шерозӣ сарафканда месозад.

Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,

Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Оре, сари ятимонро сила кардан, онҳоро соҳиби касбу кор намудан, ба хӯроки гарм таъмин намудан, либос харидан, хонадор кардан, соҳиби хонаву дар кардан ва билохира соҳиби мансабе сохтан басе кори хайр ва дар навбати худ мушкил аст. Ин вазифаи мушкил имрӯз ба зиммаи Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон афтодааст. Ман ба ҳайси як ҷавон дар чандин мулоқотҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзидааму ин амали неки ӯро нисбат ба ятимон мушоҳида кардаам. Дидам, ки қалби пок, самимият, дӯсториву эҳтироми вай нисбат ба ятимон чӣ гуна аст. Дар сафарҳояш ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистони офтобӣ ҳатман сари ятимеро сила кардаву ятимхона ва ё муассисае барои ятимон мекушояд, ки касе дар таърих амсоли вай баҳри ятимон хизмат накардааст. Шоири бузурге фармудааст:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз дар тамоми сохторҳо дастгирии ятимон бараъло эҳсос мегардад. Ятимон низ худро сарафканда не, балки фарзандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобанд. Барои ятимон дар муассисаҳо шароити таҳсил, ҷойи хоб ва ғайра фароҳам оварда шудааст. Аз миёни ятимон ғолибони озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ сол то сол зиёд гардидаву тавассути ин ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат парчамбардори давлат дар миқёси байналмиллалӣ гардидаанд. Аз Худованд банда талаб дорам, ки дар таърих ҳазорсолаҳо номи некаш боқӣ монаду вирди забонҳо бошад.

Муҳаммад (с) дар ҳадисе фармудааст: «Якрӯза адли султони одил фозилтар аз ибодати шастсола бувад». Дуруст аст, вақте мо мебинем, ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди ятимхонае мешаванду сари ятимеро сила менамоянд, либос мепӯшонанд, ашкҳои чашмони ятимеро пок месозад, бисёр дар ҳайрат меафтем. Оё мо боре фикр кардем, ки ин хислати наҷибест, ки на ба ҳар кас ва ё на ба ҳар пешвое Худованд додааст. Беҳуда номи мубораки Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусалмони беҳтарини ҷаҳон сабт нагардидааст.

Саломатӣ беҳтарин неъмати Худовандӣ аст, ки мутаассифона, он на ба ҳар банда муяссар мешавад. Имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон духтурону донишмандон дар хонаҳои маъюбон ба табобату парвариши онҳо пайваста машғул ҳастанд. Ҳеҷ аз хотирам намеравад, дар як сафари корияш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи маъюбон ворид гардид ва тифли маъюбе, ки Худованд аз ду пойи равон онро маҳрум сохта буд, ба сӯйи Сарвари ғамхору меҳрубони мо муроҷиат карда гуфт: «Бобоҷон, пойҳоям сахт дард мекунанд». Албатта дидану шунидани ин манзара бисёр ғамангез аст. Дили сангро низ об месозад. Аммо ҷиҳати дигари кор ин аст, ки маъюбон низ аз ин хирадманд умеду боварӣ доранд, ки барои кӯмакашон ягон чизро дареғ намедоранд. Баръакс, агар бемории шифоёбанда бошад, тамоми чораҳоро меандешанд, то саломат гарданд.

Дар таърихи шоми 18-уми декабри соли 2015 ҳангоми тамошои телевизиони «Баҳористон» барномаи консертиеро ба намоиш гузоштанд, ки дар он ҳама иштирокчиён аз ҳисоби маъюбон-яъне онҳое, ки на мешунаванд ва на сухан мегӯянд, баромад мекарданд. Баъди тамошои ин манзара ба хулосае омадам, ки ин Ваҳдатофарӣ, башардӯстӣ, қадршиносӣ ва ин меҳрубонӣ хоси амалҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавассути сулҳу ваҳдати сартосарӣ имрӯз насиби на танҳо кӯдакони солиму тавоно, балки кӯдакони маъюб низ гардидааст. Тавассути ин амалҳои хирадмандона кӯдакони маъюб аз хурдӣ дуредгарӣ, дӯзандагӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва садҳо ҳунарҳои дигарро аз худ менамоянд, ки дар оянда худро аз ҷомеа дар канор намегиранд. Муҳаммад (с) ҳангоми ҷорӣ намудани дини ислом се ҳикмати бузург доштанд: «Беморонро аёдат кунед, асиронро раҳо созед, гурӯснагонро ғизо диҳед». Ин се ҳикмати пандомӯз дар амалҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло эҳсос мегарданд.

Донишманде гуфта буд, ки «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Оре, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи зимоми давлатдориро ба даст овардан, баҳри эҳёи таърихи миллати хеш камари ҳиммат бастанд. Дар давоми 24 соли Истиқлолият солгарди чандин нобиғаҳои миллат, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дигарон дар сатҳи байналмиллалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ин амалҳои Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки тавассути сиёсати башардӯстонаи вай бори дигар ба ҷаҳониён аён гардид, ки миллати тоҷик дорои чунин фарзандони донишманд мебошад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳ дар Ватан бо амрҳои махсуси Пешвои миллат ба панҷ нафар Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва аз тарафи Маҷлиси Олии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандааш унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.«Ҷавонон ояндаи миллатанд». Ин суханест кӯтоҳ, аммо мантиқан хеле бузург. Худованд ба Сарвари мо чунин симои зебои тоҷикона додаву қалбу рӯҳи ҷавони вай тамоми ҷавононро ба худ моил ва муттаҳид сохтааст. Агар аз ман пурсанд, ки ҷавонон аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиро итизоранд? Дар посух мегӯям: «Эмомалӣ Раҳмон офтобест нурафшон, ҷавонони тоҷик сабзазореанд навруста ва мусаллам аст, ки сабза барои сабзиш эҳтиёҷ ба офтоб дорад. Орзу дорам, ки ин хуршеди дурахшон ҳамеша болои мо нурафшонӣ намояд».

Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки ин кумита ҷавононро дар худ муттаҳид сохта, сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд. Барои ҷавонони лаёқатманд идрорпулиҳои гуногун, квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ ва барои олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст.

Борҳо аз рафиқону дӯстонам шунида будам, ки ҳузури Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кас неруи дучанд мебахшад ва ӯро барои кору зиндагӣ рӯҳбаланд месозад. Дарвоқеъ, санаи 28-уми августи соли 2015 дар ҳаёти ман рӯзи бисёр ҳам муҳим ва хотирмон боқӣ мемонад. Барои сазовор гардиданам ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ба ҳузури Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват шудам. Ҳангоми наздик шудан бо Эмомалӣ Раҳмон бори дигар эҳсос кардам, ки чӣ қадар ба миллати тоҷик Худованд ҳадяи бузурге додааст. Гузашта аз ин, ба гурӯҳи зиёда аз 150 – нафара самимона, ғамхорона, инсондӯстона ҷоизаву унвонҳои давлатиро тақдим кард. Дар ботину зоҳири Эмомалӣ Раҳмон хастагиро эҳсос накардам. Дар баробари банда 11 нафари дигар аз ҳисоби олимони ҷавони Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардиданд. Ин нуктаҳо баҳри васфи самимияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ин рӯ ҳама орзу доранд, ки боре бо ин марди хирад аз наздик суҳбат ороянд.

Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инсони хирадманди давру замон, дӯстдори пиру ҷавон, арзанда ва лоиқи тамоми арзишҳо, кашшофи андешаҳои созандаи давр бо пешниҳоди худ дар минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷаҳониён бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик бо идеяҳои худ метавонад наҷотбахши на танҳо миллати хеш, балки кулли башарият бошад.