Қурбонова Раҳёнгул Муминовна, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дар тараққӣ ва пешрафтиҳар давлату миллат шахсиятҳое мавҷуданд, ки дар таъмини дастовардҳои бузурги он миллату халқият нақши босазо ва калидӣ гузоштаанд. Дар таърихи халқи тоҷик низ абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани номи миллати мо саҳмгузоранд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта шоҳ Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо дар эҳёи давлатдории миллати тоҷик ин нақши барҷастаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша кӯшиш бар он намудааст, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллат фароҳам оварад.

Дар нимаи солҳои 80-уми асри ХХ дар натиҷаи сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ масъалаҳои мубрами сиёсати миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ аён гардиданд. Масъалаи муносибатҳои байни миллатҳо ва дар дохили ҷумҳурӣ байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз сабабҳои сар задани муноқишаҳо дар Тоҷикистон гардид. Аз тарафи дигар, гуногунии тараққиёти ноҳамвори иқтисодиву фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон, инфрасохтори заифу муносибатҳои номукаммали коммуникатсионӣ ва аз ҳам ҷудо будани минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон ба сар задани муноқиша сабаб гардиданд.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият як қисми неруҳои сиёсӣ аз бетаҷрибагӣ ва кӯтоҳандешии худ эъмори як давлати дорои идеологияи ба мо бегонаро дастгирӣ менамуданд.

Онҳо воқеъиятро ба назар нагирифтанд ва идеологияи пешниҳодкардаи онҳо ба шароити пасазшуравии Тоҷикистон, ба анъана ва тафаккури аксарияти мардуми кишвар, равандҳои сиёсиву иҷтимоии он ҳеҷ мувофиқат намекард.

Тоҷикистон он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки оянда кишвар ва мардумро чӣ интизор аст.

Дар вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳо масъулияти таъмини суботи ҷомеаро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост.

Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сӯ сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони чуқури сиёсиву иҷтимоӣ раҳо намудани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз сӯи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ, оқибатҳои нобахшанда дошт. Аз ин рӯ, бояд иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист ватанамонро наҷот диҳад.Наргиси Муродалӣ дар бораи вазъияти ҳамонвақтаи кишвар дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст:

Дар замоне буд Меҳан ѓарқи хун,

Номи тоҷик эҳтимол мешуд забун.

Сад ҳазорон буд саволи беҷавоб,

Ҳам ҷавоби пурхитоб аз ҳам фузун.

Аз рафоқат, сулҳу дӯстӣ ҳеҷ асар,

Чашмҳо аз хашм кӯру гӯш кар.

Ҳар касе буду дави аспу хараш,

Ҳар куҷое буд хатар, рӯи хатар[7].

Хушбахтона, вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба мушкилиҳои рӯз нигоҳ накарда, ҷамъ омаданд. Иҷлосияии ХХI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзае, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар буд, доир гардид.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ѓоиб дар шеъри «Иҷлосия 16» ҳолати ба амаломадаи даврро дар иҷлосия тасвир карда чунин изҳор медорад:

Нигаҳҳо дар камони дидаҳо чун тирҳо хуфта,

Ҳама дар лавҳи маҷлисгоҳ чун тасвирҳо хуфта.

Намеҷунбад касе аз ҷой ҳайкалгаштаро монад,

Зи хоби ин ҳама тақдирҳо тадбирҳо хуфта.

Нафасҳо дар гулӯҳо баставу овозҳо бандӣ,

Ѓам озод асту мемонад ба зиндони фараҳмандӣ…[5, с. 23].

Ҳолати баргузории Иҷлосияии ХХI-уми Шурои Олиро Наргиси Муродалӣ дар шеъри сипосномааш чунин иброз намудааст:

Дар Хуҷанд ҷамъ омада чанд бошуур,

То шавад бар тории кишвар чу нур.

Баҳри пешгирии ҷангу хашму кин,

Бинмуданд татбиқ ин амри зарур[7].

Шоир Ато Мирхоҷа дар манзумаи худ Субҳи беғуруб” оид ба баргузории Иҷлосия чунин овардааст:

Иҷлосияи шонздаҳум – муҷиби ҳастӣ,

Иҷлоси харидории ҷони ҳама миллат,

Иҷлосияи радди балои сари тоҷик,

Иҷлоси нигаҳдории давлат зи ҳалокат.

Бигзашт басе сол аз он маҷлису то ҳол,

Он субҳи дамида, чи хушо, шом надорад.

То душмани тоҷик зи раъяш нагузаштаст,

Иҷлосияи шонздаҳ анҷом надорад [2, с. 37].

Шоир Амиршоҳи Хатлонӣ дар достони “Ҷаласаи қисмат” аз он шукргузорӣ менамояд, ки ниҳоят ақли солим ғолиб омад. Тақдири халқу миллат вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарҷамъу бо ҳам намуд ва онҳо зимоми давлати рӯ ба завол ниҳодаи тоҷиконро ба дасти фарзанди фарҳехтаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурданд. Хулосаи шоир низ аз он иборат аст, ки ба маснади раҳбарӣ нишондани Эмомалӣ Раҳмон ин ба рӯйи Ватани дар ҳалқаи оташу дуд сӯхтаистода, модари ҷигарреши тоҷик хандидани бахтро дошт, эҳсону мукофоти Худовандиро ифода менамуд:

Вакилон даъваташ бар тахт карданд,

Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд.

Барои халқу меҳан раҳнамо шуд,

Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд [1, с. 12].

Ин лаҳзаҳоро шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ки шоҳиди бевоситаи Иҷлосия мебошад чунин тасвир намудааст:

Чу Арбобат шукӯҳи анҷуман шуд,

Зи буди кишвар оғози сухан шуд.

Сароғози ҳама кор интихоб аст,

Ки он бар сад саволи мо ҷавоб аст.

Зи халқам нури Раҳмон сарварӣ ёфт,

Ба халқам нури Раҳмон аз фалак тофт…[4, с. 21].

Дар ин Иҷлосия намояндагони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни ҳукумати Тоҷикистон интихоб карда, барои пешгирӣ аз парешониву ҷудоиандозӣ ва беҳокимиятӣ қадамҳои нахустин гузоштанд. “Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони мушкилтарин сарварии кишварро ба ӯҳда гирифта, муҳимтарин раванди сулҳу таърихи муосири Тоҷикистон, раванди сулҳу оштии миллиро сарварӣ намуданд ва онро ба фарҷоми беназир расониданд. Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ кишвару миллати моро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, умуман шууру ҷаҳонбинии моро дигар намуд. Дар канори арзишҳои баланди сулҳу ваҳдат ва ватандориву миллатдӯстӣ ному корномаи Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон низ барои ҷомеаи Тоҷикистон маънои рамзӣ гирифт. Ҳамин тавр ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун Президенти кишвар, балки ҳамчун кафили ваҳдату суботи ҷомеа, ҳалқаи пайвандёбандаи гурӯҳҳову қувваҳо ва тамоюлҳои шахсиву иҷтимоии имрӯзи кишвар менигаранд”, – иброз дошта буд Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, – собиқ узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [10, с. 6].

Сайдаҳмадзода Аминҷони Шариф дар саҳифаи сомонаи иҷтимоӣ шеъри хешро бо номи “Савганд” (Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) интишор намуда, дар он бо самимияту ихлос дар бораи савганди Пешвои миллат дар назди халқу ватан чунин менависад:

То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам,

То насозам пок агар ман ашкҳои модарам.

То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам,

То нагирам ман ба оғӯш акаҳову додарам.

Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,

Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.

То насозам ҷамъ агар қавми парешонгаштаро,

То насозам баста бо ҳам ҳарду нӯги риштаро.

То нагардам ман асо ҳар қомати хамгаштаро,

То насозам борвар ман донаҳои киштаро.

Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,

Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам [4, с. 73].

Шоир ҷои дигар ба хотири сарҷамъиву иттиҳод ва ваҳдати миллӣ аз забони Пешво чунин менигорад:

То насозам ҳамқадам ман Рашту Хатлони туро,

То набардорам баландтар ман Бадахшони туро.

То насозам зарфишон Вахшу Зарафшони туро,

То набахшам ман даво ҳар дард дармони туро.

Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,

Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам [4, с. 76].

Шоир Мирзо Файзалӣ ба сарварӣ таъин гардидани Эмомалӣ Раҳмон ва мушкилкушои миллат гардидани ӯро дар шеъри “Ба Пешвои миллат” чунин тасвир мекунад:

Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд.

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд.

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гашти ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат!

Эй қаҳрамони миллат, зӯру тавони миллат!

Гардида решапайванд, ҷонат ба ҷони миллат![4, с. 51].

Хушбахтона, Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намуд. Баргузории Иҷлосияи мазкур оғози давраи наве дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳалаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, Иҷлосияи ХХI-уми амаликунандаи орзуҳои мардуми тоҷик барои сулҳу салоҳ, Иҷлосияи озодӣ овардан ба ҳар хонадони тоҷику Тоҷикистонӣ гардид. Барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон аксарияти вакилон кушиш менамуд, ки дӯстиву бародари мустаҳкам гардад. Шоир Саидҷафар Байёзӣ меҳрномаи хешро бо унвони «Сӣ сол дар сӣ рубоӣ» ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуда, дар бораи заҳматҳои Пешво чунин менависад:

Эй Сарвари мо, ба мо Нишон овардӣ,

Ҳам Парчаму, рамзи Ковиён овардӣ.

Ҳарҷо шунавам Суруди миллӣ, гӯям,

Онро ту ба қиммати гарон овардӣ.

Эй Сарвари мо, зинда бузургон кардӣ,

Олам ҳама ҷо ту Рӯдакихон кардӣ.

Ҳайкал ту ба Носиру ба Мавло мондӣ,

Тоҷики маро шуҳраи даврон кардӣ [4, с .83].

Дар шеъри шоир Чӯпон Бадали Ванҷӣ дар бораи суханҳои аввалини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сулҳ овардан ва вафо кардан ба аҳду паймони бастаи Сарвари далат сухан меравад. Чунончи шоир мегӯяд:

Шиносондӣ ту халқи хешро бо асли худ, аҳсант!

Сазоворӣ ба номи қаҳрамони насли худ, аҳсант!

Ҳамон рӯзе ки гуфтӣ: “Бар Шумо ман сулҳ меорам”,

Қасам бар ҷисму ҷонам, ки ватанро дӯст медорам,

Қасам хурдӣ ба шири модару бар ҷону нони халқ,

Ки ман ҳаммилатони хештанро бар Ватан орам,

Вафо кардӣ, ба подории ин миллат, ҳалолат бод!

Вафо кардӣ, вафодории ин миллат, ҳалолат бод! [9,с. 11].

Замона бо гузашти вақт, бо талошу муборизаҳои бешумор, бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоби Сарвари давлатамон дар ин Иҷлосия саривақтӣ ва таърихан дуруст мебошад. Иҷлосия дар саҳфаи таърихи навини тоҷик ва тоҷикистониён ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахш ва тақдирсози миллат ба ҳукми қонун даромад

Мардуми Тоҷикистон фарзанди баруманди миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман 9– уми декабри соли 2015 ба мақоми Пешвои миллат интихоб намуданд.

Воқеан, ашхосе, ки барои Ватан, пешравии кишвар, некуаҳволии мардум, эҳёи тамаддуну фарҳанг талош меварзанд, ба чунин мақоми баланд сазовор мегарданд. Пешвои миллат баландтарин мақомест, ки миллат ба фарзанди далеру ҷасур ва хирадмандаш лоиқ мебинад.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналхалқӣ низ борҳо қадршиносӣ ёфтаанд. Сазовори санад ва унвони пурифтихори Пешвои асри ХХI,ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудаӣ Ҷаноби Олӣ, саҳми бузург дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Шоир Муҳтарам Ҳотам дар шеъри “Абармарди даврон” дар ин бора чунин менигорад:

Пешвои асри бистуяк. Абармарди замон

Дар сиёсат, сулҳу ваҳдат шуҳра гашта дар ҷаҳон,

Кори ту, пайкори ту, эй қаҳрамони тоҷикон,

Дар китоби миллати мо сабт гашта ҷовидон [6, с. 13].

Шоири ҷӯяндаву рангинхаёл, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Давлат Сафар аз талошу заҳматҳои Сарвари давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ба муносибати бо унвони олии «Пешвои асри ХХI» мушарраф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, чунин баён медорад:

Пешвои аср гаштан – ин имомат будааст,

Ин имомат фарзи меҳроби сиёсат будааст.

Тоҷдориҳои мо бар сар ҷилои нав гирифт,

Ин имомӣ устувориҳои қомат будааст.

Пешвои асри нав будан шукӯҳи миллат аст,

Пешво дар киштии умед Нӯҳи миллат аст[3, с. 34].

Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намудааст. Метавон бо ифтихор аз забони шоир Рустами Хомарахш дар васфи Пешвои миллат чунин гуфт:

Гул дар қадамат нисор кардан шараф аст.

Аз сиратат ифтихор кардан шараф аст,

Ҳарфат, ки ба мисли офтоб аст мунир,

Ҳарҷо суханат шиор кардан шараф аст [8].

Заҳматҳои фидокорона, амалҳои хирадмандонаю ваҳдатофарии Пешвои миллат дар назми тоҷик таҷассум ёфтааст, ки намунаи овардаи мо ба мисли қатрае аз баҳр аст.

Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихиест, ки мардум ба роҳбари худ бовар ва эътимод кардааст. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ дар назди мардум сарбаландона вафо кард. Дар ҳақиқат, миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзонафарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштаанд. Аммо садсолаҳо надоштани давлати миллӣ имкон намедод, ки мо дорои сарвари сиёсӣ бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Ва ҳамин рисолати муҳимми давлатдориро Сарвари муаззами мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънии том ба иҷро расонид. Аз ин рӯ, Муҳаммад Ғоиб бамаврид оид ба ин рисолати Пешвои миллат чунин фармудаанд:

Дар байни ҳазору як ватандори бузург,

Пеш аз ҳамаӣ, ту Пешвои ҳамаӣ [5, с. 16].

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Амиршоҳи Хатлонӣ Маҷмуаи шеърҳо Хатлонӣ Амиршоҳ. – Душанбе: Ирфон, 2018. – 116 саҳ.

2. Ато Амирхоҷа Субҳи боғуруб / Мирхоҷа Ато. – Душанбе, 2014. – 74 саҳ.

3. Давлат Сафар Субҳи садоқат / Сафар Давлат. – Душанбе, 2016.

4. Коллектив. Пешво (Маҷмӯаи шеърҳо, ки ба ифтихори Пешвои миллат унвони гирифтан ба нашр расидааст.). – Душанбе, 2015.

5. Муҳаммад Ғоиб Маҷмуаи шеърҳо / Ғоиб Муҳаммад.

Душанбе, 2018.

6. Муҳтарам Ҳотам Сухандору / Ҳотам Муҳтарам. –

Душанбе, Адиб, 2018.

7. Наргиси Муродалӣ Захираи электронӣ. Таърихи

бардошт // 18.05.2019.

8. Рӯзномаи “Фурӯғ” №24 аз 3.11.2021.

9. Чӯпон Бадали Ванҷӣ Гулбонги вожаҳо / Бадали Ванҷӣ Чӯпон. – Душанбе: Адиб, 2023. – 143 саҳ.

10. Ҳоҷӣ Нусратуллои Абдуллозода Тоҷдори сари тоҷик / Нусратуллои Абдуллозода Ҳоҷӣ. – Душанбе, 2001. – 40 саҳ.