• Казаков Рустам Сафарович, номзади илмҳои таърих,дотсент, Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло, унвонҷӯйи ДДБ ба номи Номи Хусрав

Ташаккули ва инкишофи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо, низоми афзалиятҳо, роҳҳо ва воситаҳои амалинамоии он бо бадастории истиқлолияти давлатӣ оғоз мегардад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои назаррас дар ҷаҳон, ки бо болоравии ноустувории муносибатҳои байналхалқӣ, қувват гирифтани мухолифати аъзоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдиду хатарҳои фаромилии амният алоқаманд мебошанд, ташаккул ёфтааст. Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нав дар таърихи худ ворид шуд ва барои рушду таҳкими истиқлолияти давлатӣ имкони воқеӣ ба миён омад.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр, стратегияи сиёсати байналмилалии он дар як марҳалаи ниҳоят вазнин дар таърихи кишвар, минтақа ва ҷаҳон ташаккул ёфт. Ин замоне буд, ки зарурати дарки амиқ ва дурусти мушкилоти дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, биниши васеъи стратегӣ лозим буд, вақте зарурати дақиқ ва пайгирона нишон додани матиният, истодагарӣ, дурандешӣ ва умуман ба сиёсати ҳамаҷонибаи бомасъулият ва созанда расидан лозим буд.

Заминаҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Эъломия “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда шудааст [5, с. 175], ки марҳалаи нав дар таърихи фаъолияти байналмилалии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ба монанди дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, Тоҷикистон низ иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид гардид [8, с. 8]. Илова бар ин дар ин давра Тоҷикистон узви Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва ғайраҳо гардид [4, с. 9].

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра муносибатҳои хориҷии худро дар асоси принсипҳои умумии ҳуқуқи байналхалқӣ ба роҳ монда, кӯшиш менамуд манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ҳимоя намояд. Тоҷикистон дар ин давра дар зери таъсири равандҳои гуногуни умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дошт. Барои Тоҷикистон хусусияти мавҷудаи минтақавӣ, хатар ва таҳдидҳо ва инчунин имкониятҳои минтақавии ҳамкорӣ дар самти амнияти миллӣ аҳамияти бузургро касб намуда буд [1, с. 23].

Ҳамкории Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои хоҷагидориву иқтисодӣ, ҳатару таҳдидҳои амниятӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм, имкониятҳои сиёсати хориҷиро дар самти ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар васеъ мегардонид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо чунин созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои Исломӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, онҳоро дар арзёбӣ намудани масъалаҳои мухталифи байналхалқиву минтақваӣ истифода менамояд. Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф бо кишварҳои алоҳида, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ тавонистааст, ки шароити муфиди байналхалқиро дар рушд ва инкишофи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи тоҷикистонӣ мавриди истифода қарор диҳад.

Дар инкишофи сиёсати хориҷӣ барои Тоҷикистон ҳамчун як давлати хурд асосан ду проблема ҷой дошт. Якум, ин мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсӣ аст, аз ин хотир, Тоҷикистон ба ташаккул ва инкишофи сиёсати хориҷии мустақил диққати махсус равона намуд. Дуюм, нигоҳ доштани устуворӣ ва амнияти минтақавӣ ҳамчун шарти асосии инкишофи минбаъдаи давлат ба ҳисоб меравад. Фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳз бо дарназардошти ин ду масъала ба роҳ монда шудааст.

Таҳлили фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум нишон медиҳад, ки самти пешгирифтаи кишвар дар сиёсати хориҷӣ дуруст буда, ба манфиатҳои давлатӣ мувофиқ мебошад. Ин маваффақият бешубҳа, аз бисёр ҷанба аз раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ ва мавқеи Ҳукумати кишвар нисбати пешбурди раванди гуфтушунид бо оппозитсия муттаҳид бармеомад.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон бо кишварҳои Ғарб муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро ба роҳ монд. ШМА ва дигар кишварҳои Ғарб нисбат ба муносибатҳои дуҷониба, дар доираи СММ, САҲА, ХБА, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар созмону ташкилотҳои молиявӣ ва бонкӣ дар муносибат бо Тоҷикистон фаъолтар буданд.

Ҷаҳиши воқеии муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳони изҳороти Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сиёсати «дарҳои кушода» буд. Формати эълоншудаи курси сиёсати хориҷӣ маънои онро дорад, ки ҷумҳурӣ барои ҳама кишварҳое, ки мехоҳанд муносибатҳои мутақобилан судманд ва дӯстона дар асоси баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ва эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ доранд, тайёр аст, ки ҳамкорӣ намояд. Дар баробари роҳандозии муносибатҳои стратегӣ бо Федератсияи Россия, ба рушд ва тавсеаи робита бо дигар кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд [9, с. 25].

Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи «сиёсати дарҳои кушода» бо кишварҳои узви ИДМ, пеш аз ҳама, Федератсияи Россия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, мамлакатҳои исломӣ ва дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои мутоқобилаи судмандро бунёд намуда, дар асоси манфиатҳои миллӣ ин муносибатҳоро амалӣ намуда истодааст.

Истифода намудани имкониятҳои беруна барои рушди истеҳсоли қувваи барқ ва сузишворӣ, ки заминаи асосии рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, махсусан қайд намуд. Бо иштироки ширкатҳои гуногуни Россия ва дигар кишварҳо дар ин самт корҳои зиёди омӯзиши конҳои нафту газ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, оид ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯи инкишоф ва истифодаи захираҳо ҳамкориҳо бо 11 ширкати хориҷӣ ва ватанӣ дар 87 конҳои майдонҳои нафту газ ба роҳ монда шудааст, дар соҳаи истихроҷи пнгишт 12 корхона фаъолият доранд [8,66].

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Шарқӣ, ба монанди Япония, Ҷумҳурии Корея, Таиланд, Сингапур, Малайзия мавқеи муайянро касб намудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар оѓоз ҳамкориҳо бо ин кишварҳо хуб роҳандозӣ нагардида буд ва ҷавобгӯи имконият ва захираҳои мавҷуда набуд. Дар ин давра таъкид карда мешуд, ки ҷалби сармоя ва технологияи навини давлатҳои пешрафтаи ин кишварҳо ба инкишофи ҷабҳаҳои гуногуни кишвар мусоидат менамояд. Чунин таъкидҳо ва пешниҳодҳо буд, ки дар самти ҳамкориҳо бо ин кишварҳо қадами устувор гузошта шуд.

Аз рӯзи аввали барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Хитой ба масъалаҳои таъмини амият ва бехатарӣ, устувории минтақавӣ ва муборизаи якҷоя бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизми байналхалқӣ, фундаментализм ва сепаратизм, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил аҳамияти аввалиндараҷа дода мешуд.

Муносибатҳои байни Тоҷикистону Хитой дар сиёсати хориҷии кишвар яке аз мақомҳои марказиро ишѓол менамояд. Презинденти кишвар, Э. Раҳмон таъкид намудааст, ки «инкишофи муносибатҳои дӯстона, дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой самти бартаридошта ва муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад» [7, 45].

Самти калидии инкишофи базаи шарномавӣ-ҳуқуқӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ мукаммал намудани он ва мутобиқ гардонидани онҳо бо воқеъияти ҳаётии иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Яъне, шартнома на танҳо бояд таҷрибаи ба даст овардашударо ҷамъоварӣ намуда, бо як сохтори муайян дарорад, балки самти инкишофи ояндаи муносибатҳоро дар доираи тарҳи мазкур муайян менамояд.

Як қатор ҳуҷҷатҳо ва шартномаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ ба талаботи таѓйиротҳо ҷавобгӯ набуда, илова ва дигаргуниҳоро талаб менамоянд. Ин буд, ки соли 2007 байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷати базавӣ ҳамкориҳои ду давлати ҳамсояро ҷамъбаст намуда, натиҷаи воқеии сиёсии базаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ гардид [2,27].

Ин шартнома соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дутарафаро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, савдо, фарҳанг ва маорифро фаро мегирифт. Дар фарқият аз ҳуҷҷатҳои сиёсии байни Тоҷикистон ва Хитой ба имзо расида, Шартномаи мазкур ҳамчун заминаи муносибатҳои тарафайни Тоҷикистон ва Хитой баромад намуда, хусусияти дарозмуддат дорад ва дар давоми 25 сол бо имконияти дароз намудани он ба муҳлати панҷ сол амал менамояд.

Дар оѓози солҳои 90-ум барои Тоҷикистон масъалаҳои амният ва бехатарӣ калидӣ ҳисобида мешуданд, дар шароити имрӯза бошад, ҳам Тоҷикистон ва Хитой ба ташаккули масъалагузории муносибатҳои тавозунноки байни амният ва иқтисодиёт муносибати ягона доранд. Дар сатҳи ягона тактикаи дурнамои масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории иқтисодиро дастгирӣ менамоянд.

Ҳамин тариқ, вазифаи легитисатсияи мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон ва соҳибистиқлол бомувоффақият иҷро гардид ва таҳдидҳои асосии дохилии солҳои 90-ум пурра бартарф карда шуданд. Чунин ҳолат ба тариқи мусбӣ ба тарҳи муносибатҳои Тоҷикистону Хитой таъсир расонида, сифат базаи байналхалқиву ҳуқуқиро баланд намуд.

Арзишҳо ва бартариҳои дипломатияи тоҷик, ки хатарҳои солҳои 90-умро бартараф намудааст, пурра нигоҳ дошта шудааст. Ба чунин арзишҳо ва бартариҳо метавон қобилият ба компромиссҳо ва қобилияти қабул намудани шарикро метавон дохил намуд, ки дар заминат онҳо сиёсати хориҷии тавозуннок пеш бурда мешавад.

Омили таъсири Федератсияи Россия ба тарҳи муносибати Тоҷикистону Хитой то ба имрӯз боқӣ мондааст. Дар қисматҳои алоҳида, ба монанди амнияти минтақавӣ, ки бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ алоқаманд аст, инчунин инкишофи алоқаҳои ҳарбиву техникӣ байни Тоҷикистону Россия, чунин таъсиррасонӣ зиёд гардид.

Дар тарҳи муносибати Тоҷикистону Хитой низ унсури ҳарбиву техники ҳамкорӣ ташаккул ёфт. Аз нӯқтаи назари сиёсӣ муносибати байни Тоҷикистону Хитой ва Тоҷикистону Россия дар соҳаи амният ва бехатарӣ дар принсипи мухолиф накардан ба шарики сеюм асос ёфта, якдигарро пурра менамоянд ва дар устувор намудани амнияти минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамоянд.

Дар солҳои охир фарқияти мутобиқати байни унсурҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикисион ва Хитой зиёд гардид. Rайд намудан зарур аст, ки барои Тоҷикистон унсури минтақавӣ омили базавӣ ва калидии амалӣ намудани стратегияи амният ва инкишофи миллӣ боқӣ мемонад. Аз ин хотир сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, махсусан бо Хитой мавқеи махсусро ишѓол менамояд.

Ташаккул ва инкишофи заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар муносибати байни кишварҳо яке аз падидаҳои мураккаб ва бисёрсатҳа дониста мешавад. Онҳо дар асоси заминаҳои таърихӣ, ҷойгиршавии географӣ, мавқеи сиёсиву иқтисодии ҳар як давлат, ки дар муносибатҳои расмии дипломатӣ иштирок менамоянд, ташаккул меёбанд.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамаи давлатҳо, новобаста аз миқдори аҳолӣ, сатҳи инкишофи иқтисодиёт, сатҳи ҷалб гардидан ба сохторҳои мухталифи байналхалқӣ, баробаранд. Лекин, ташхиси воқеъият нишон медиҳад, ки дар шароити муосир заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии муносибати байни кишварҳо на ҳама вақт риоя карда мешавад. Аз тарафи Амрико ва иттифоқчиёни он, дар аксарияти ҳолатҳо меъёрҳои мавҷуда риоя карда намешаванд.

Дар асоси ҳамкорҳои судманд бо кишварҳои гуногун ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мавқеи муайянро ба даст овардааст. Бргузории ҳамоишҳои сарони давлатҳои се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (5-6 октябри соли 2007), ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афѓонистон, Эрон (28 августи 2008), мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афѓонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афѓонистон, Покистон ва Федератсияи Россия (30 июли 2009), Конфронси илмии байналмиллалӣ бахшида ба 800 солагии Ҷалолиддини Румӣ (6-8 сентябри 2007), иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (май 2010) ва дигар вохурӣ ва чорабиниҳои муҳими сатҳи олӣ дар Душанбе шаҳодати мавқеи муайя доштани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони аст [3, с. 23]. Баргузории чунин чорабиниҳо дар Душанбе ин дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарѓиб ва ташвиқи ѓояҳо ва арзишҳои инсонпарваронаи дини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. «Бо воситаи тарѓиби арзишҳои воло, асолат ва маърифати исломӣ, доир намудани ҳамошҳои илмиву фарҳангӣ доир ба мероси мутафаккирони Аҷам, аз қабили Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам Тоҷикистон тавонист асолати аслии исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони ислом ба мавқеи сазовор ва арзишманд даст биёбад» [6, с. 359].

Ба тариқи умумӣ, метавон дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро чунин тарҳрезӣ намуд:

– Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаҳои гуногун миқдори зиёди ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расонидааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, ҳарбиву техникӣ, тиҷроатӣ, амнияту бехатарӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ, маориф танзим менамоянд;

– Тоҷикистон ташаббускори бунёд гардидани шакли нави муносибатҳо дар доираи кишварҳои форсизабон гардид. Дар ин самт ҳамкорҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Афѓонистон ва Эрон, кишварҳои «Чаҳоргонаи Душанбе» – Тоҷикистон Федератсияи Россия, Афѓонистон ва Покистон ба роҳ монда шудаанд;

– Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвар табодули мол дорад, воридот ва содироти солу маҳсулот ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири назаррас мерасонанд. Rайд намудан зарур аст, ки Тоҷикистон соли 2013 аъзои комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфӯз – Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Дар асоси ҳамкориҳо ва муколамаҳо Тоҷикистон тавонист, ки шароити дохилии кишварро ба талаботиин созмони бонуфӯз мувофиқ намояд;

– як қатор ташаббусҳои сиёсии Тоҷикистон, аз он ҷумла мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсиву иқтисодии Афѓонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳал намудани мухолифат ва зиддиятҳо бо роҳи гуфтушунид, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкориҳои судманд дар соҳаи энергетика, мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд;

– ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид дастгирӣ ёфтааст. Дар ин самт, бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмиллалии оби тоза (2013), Даҳсолаи амалиёти байналмиллалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» (2015) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст;

– дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ҷолиби диққат аст. Дар ин самт метавон ворид шудани шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳрасти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ворид гардидани «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ѓайримоддии башарият ба феҳрасти ЮНЕСКО –ро қайд намуд.

Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати гуногунсамта ба ҳисоб рафта, ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст. Албатта саҳми ин дастовардҳо дар мавқеъгирии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бузург аст.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Алимов Р.К. Таджикистан – Китай: на пути друг к другу. Возможен ли равноправный и взаимовыгодный диалог? / Р.К. Алимов. – М.: ИДВ РАН, 2012. – 384 с.

2. Алимов Р., Халифаев М., У Сицзюй, Я.Шаочунь. Таджикистан-Китай. Сборник основных документов(1992-2007 гг.). / Р. Алимов., М.Халифаев., У. Сицзюй., Я. Шаочунь. – Пекин: Международная жизнь, 2008. – 188 с.

3. Аслов С. Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ / С. Аслов / Эмомали Раҳмон – Пешвои миллат. –Душанбе: Маориф, 2016. – 414 с.

4. Зарифи X. 20 лет независимости и внешняя политика Республики Таджикистан / Х. Зарифи // Внешняя политика. – Душанбе: МИД, 2011. – №1. – С.9-15.

5. Заявление о государственной независимости Республики Таджикистан // Дипломатия Таджикистана. Информационный бюллетень, 2002. – №2.

6. Мирзоев Н. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори дипломатияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол / Эмомали Раҳмон – Пешвои миллат. –Душанбе: Маориф, 2016. – 414 с.

7. Раҳмонов Э. Независимость Таджикистана и возрождение нации: В 8 т. Э Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2006-2010. – Т. 6. – 568 с.

8. Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон / Зери таҳрири Ҳ.Зарифӣ. –Душанбе, 2012. -273 с.

9. Юлдашев К. Эмомали Рахмонов-основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана. – Душанбе, 2001. – 30 с.