• Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло, унвонҷӯӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав

Ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва хориҷиро пеш мебарад, ки онҳо қисми таркибии равандҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Сиёсати хориҷӣ сиёсати дохилиро идома медиҳад ва интиқоли он ба муносибатҳои дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ба монанди сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷӣ бо шакли иқтисодии ҳукмрон, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ алоқаманд буда, онҳоро дар арсаи байналхалқӣ таҷассум менамояд. Мақсади асосии сиёсати хориҷӣ дар чунин ҳолат аз таъмини шароити муфиди байналхалқӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии давлат иборат аст.

Дар амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ давлатҳои муосир механизм ва василаҳои мухталифро истифода менамоянд. Самаранокии сиёсати хориҷӣ аз истифодаи чунин механизму василаҳо, инчунин аз захираҳои мухталифи мавҷуда вобаста аст. Бо мафҳуми «захираҳои фаъолияти хориҷӣ» маҷмуи қудрати давлат ифода карда мешавад, ки имконияти амалӣ намудани қарорҳои фаъолияти хориҷиро дар самти бадастории манфиатҳои миллӣ таъмин менамояд.

Захираҳои фаъолияти хориҷӣ метавонанд моддӣ ва ғайримоддӣ бошанд. Ба захираҳои моддӣ нишондиҳандаҳои ҷуғрофӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ, демографӣ, табиӣ ва ҳарбӣ дохил мешаванд. Захираҳои ғайримоддӣ бошанд, захираҳои сиёсӣ, институтсионалӣ, иҷтимоиву психологӣ, идеологӣ, илмиву иттилоотӣ ва ташвиқотӣ ба ҳисоб мераванд. Илова бар ин қайд намудан зарур аст, ки захираи ташкил намудан низ хеле муҳим аст, зеро маҳз он имконият медиҳад, ки манфиатҳои миллӣ дақиқ муайян карда шаванд ва захираҳои ҷойдошта барои амалӣ он сафарбар карда шаванд.

Ҳар як давлат ҳамчун системаи алоҳида барои таъмин намудани ягонагии худ ва дар муддати тулонӣ нигоҳ доштани ин ягонагӣ кӯшиш менамояд. Амалӣ намудани ин вазифаҳо бе ҳамкорӣ бо дигар иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқӣ, ки дар сиёсати хориҷӣ таҷассум меёбад, ғайриимкон аст.

Барои таъмин намудани самаранокии сиёсати хориҷӣ, давлат аз василаҳои мухталиф истифода менамояд, ки дар қатори онҳо «неруи сахт» ва «неруи нарм» мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Метавон қайд намуд, ки яке аз омилҳои муҳим дар ин самт маҳз қувва ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз нисбати таснифотикатегорияи «қувва» муҳаққиқон ба хулосаи ягона ва эътирофшуда наомадаанд.

Як қатор муҳаққиқон «қувва»-ро ҳамчун воситаи ба даст овардани манфиат дар оянда муайян намудаанд. «Қувва дар худ тамоми омилҳоеро, ки ҳокимияти инсонро аз болои инсон муқаррар намуда, нигоҳ медорад, фаро мегирад. Қувва аз зӯрии ҷисмонӣ то алоқаҳои нозуки психологиро фаро гирифта, дар идора гардидани як шуур аз тарафи шуури дигар ёрӣ мерасонад» [4, с. 15].

Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки аксарияти муаққиқон байни мафҳумҳои «қувва» ва «таъсиррасонӣ» фарқиятеро ҷудо накарда, онҳоро баробармаъно медонанд. Дар тамоми таснифоти мафҳуми «қувва» таъкид карда мешавад, ки он ба равандҳои фаъолияти хориҷии давлатҳои дигар таъсир мерасонад. Чунин таъсиррасонӣ метавонад, ки шаклҳои мухталифро касб намояд ва дар алоқамандӣ бо ин қувва ба ду навъ – қувваи сахт ва нарм ҷудо карда шавад. Зери мафҳуми «қувваи сахт» маҷбурнамоӣ, ки махсусан бо истифодаи воситаҳои ҳарбӣ алоқаманд аст, фаҳмида мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки қувваи ҳарбӣ дар ҳама давру замон воситаи асосии ба даст овардани манфиатҳои давлатӣ ҳисобида мешуд. Мавҷудияти воситаҳои зиёди ҳарбӣ дар кишвари алоҳида, нишондиҳандаи асосии таъмини амнияту бехатарии кишвар эътироф карда мешуд. Маҳз аз ҳамин сабаб, кишварҳои алоҳида барои пурқувват намудани неруи ҳарбии худ воситаҳои зиёди иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи қувва ҳамчун воситаи амалигардонии манфиатҳои миллӣ дар якчанд ҳолат эътироф карда шудааст:

“- дар ҳолате, ки дигар воситаҳо мавҷуд нестанд ё ин ки самараи хуб дода наметавонанд;

– дар ҳолате, ки дигар воситаҳо ҷой доранд, лекин нақш ва мавқеи қувваи ҳарбӣ мутлақ гардонида шуда, ҳамчун воситаи мукаммал ва сермаҳсул эътироф карда мешавад;

– дар ҳолате, ки давлат маҷбур аст ба таҳдиди ҳарбии кишвари дигар ҷавоб гӯяд;

– дар ҳолате, ки шароити пайдошуда давлатро ба истифодаи қувваи ҳарбӣ, бе таҳдиди зарбаи ҷавобӣ, маҷбур месозад” [5, с. 135].

Ба воситаҳои амалӣ гардонидани раванди фаъолияти хориҷӣ артиш, миқдори ҳайати он, вазъияти маънавии он, миқдор ва сифати яроқ ва базаҳои ҳарбӣ, мавҷудияти яроқи ядроӣ дохил мешаванд. Истифодаи воситаҳои ҳарбӣ метавонанд бевосита ва ё бавосита бошанд. Истифодаи бевоситаи воситаҳои ҳарбӣ дар ҳолати амалҳои ҳарбӣ, муҳосира ва мудохила мавриди истифода қарор дода мешавад. Воситаҳои бавосита дар ҷараёни машқҳои ҳарбӣ, озмоиши яроқ ва инчунин таҳдиди истифодаи қувваи ҳарбӣ зоҳир мешавад.

Аксари муҳаққиқон ба мақсаднокии истифодаи бевоситаи қувваи ҳарбӣ ҳамчун василаи самараноки сиёсати хориҷӣ шубҳа доранд. Онҳо чунин ақида пешниҳод менамоянд, ки истифодаи қувва бо мақсади тарсонидан, ки дар натиҷа тарафи мухолиф тобеъ мегардад, мувофиқи мақсад аст. Таҳдиди истифодаи қувваи ҳарбӣ амалест, ки барои тарсонидани кишвари дигар бо қудрати ҳарбии худ барои бартараф намудани моҷаро, нигоҳ доштани мухолиф аз амалҳои охирин равона карда шудааст.

Таҳдиди истифодаи қувваи ҳарбӣ ба сифати омили нигоҳ доштани қувваҳои душман аз амалҳои номатлуби ҳарбиву сиёсӣ хеле зиёд истифода карда шудааст. Дар шароити имрӯза, дар муносибати байни кишварҳо, таҳдиди истифодаи қувва ҳамчун омили самаранок намудани сиёсати хориҷии давлат аз тарафи аксарияти мактабҳои илмии муосир эътироф карда шудааст.

Шакли дигари амалӣ намудани қувваи ҳарбӣ намоиш додани ин қувва ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии чунин намоиш дар он зоҳир мешавад, ки мухолифи эҳтимолӣ нерӯ ва қобилияти давлати мазкурро бинад ва мувофиқи он амалҳои худро нисбати ин давлат муайян намояд. Аз ин рӯ, ҳамасола кишварҳои алоҳида намоиши неруи ҳарбии худро ба роҳ монда, бо ин васила қудрати ҳарбии худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба дигар иштирокчиёни системаи муносибатҳои байналхалқӣ намоиш медиҳанд. Дар солҳои охир чунин намоишҳо хусусияти анъанавиро касб намуда, ҳатто намоишҳои муштараки кишварҳои иттифоқҷӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба тариқи хулоса метавон қайд намуд, ки қувваи ҳарбӣ дар шароити имрӯза дар арсаи байналхалқӣ нақш ва мақоми махсусро касб намуда, ҷойгиршавии қувваҳо дар системаи муносибатҳои байналхалқӣ маҳз аз онҳо вобаста аст. Таҳлили амалҳои кишварҳои алоҳида нишон медиҳад, ки маҳз қувваи ҳарбӣ барои таъмин намудани имкониятҳои амалӣ гардонидани мақсадҳои асосии сиёсати хориҷӣ ҳамчун омили муҳим ва асосӣ баромад менамояд. Аз ин рӯ, кишварҳои алоҳида кӯшиш менамоянд, ки барои пурқувват намудани соҳаи ҳарбии худ, ҳамчун омили муҳимми таъмини амният ва самаранок гардонидани сиёсати хориҷӣ воситаҳои зиёди молиявиро хароҷот намоянд.

Мафҳуми «қувваи нарм» бошад ҳамчун категорияи илмҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷониби олими америкоӣ Ҷ. Най мавриди истифода қарор дода шудааст. «Қувваи нарм» ин қобилияти ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ на тариқи истифодаи маҷбурнамоӣ, балки дар асоси боваркунонӣ ва интихоби рафтори ихтиёрӣ аст. Хусусияти асосии «қувваи нарм» дар мухторияти он аз давлат ва ҳукумати мамлакат, ки дорои чунин нерӯ аст, зоҳир мегардад. Лекин «қувваи сахт» ба сиёсати давлатӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Маҳз аз ҳамин хотир истифодаи навъи якуми қувва нисбат ба навъи дуюми он нисбатан мураккаб ва душвортар аст. Дар натиҷа, самара аз амали «қувваи нарм» дар муқоиса аз муҷозоти иқтисодӣ ё амали ҳарбӣ нисбатан намуайян буда, дақиқ ва саҳеҳ ба нақша гирифтани он мушкил ва мураккаб аст. Маҳз аз ҳамин хотир, сиёсати хориҷии давлат метавонад, ки танҳо амали «қувваи нарм»-ро пурқувват ё баръакс, суст ва заиф гардонад.

Дар омӯзиши механизмҳои асосии амалӣ гардонидани сиёсати хориҷӣ саҳми сиёсатшиноси америкоӣ Ҷ. Най бузург аст. Ӯ консепсияи «қувваи нарм»-ро пешниҳод намуда, таъкид кардааст, ки ҳар як нафар аз неруи ҳокимият огоҳ аст” [7, с. 27]. Ба ҳама маълум аст, ки қувваи ҳарбӣ ё иқтисодӣ метавонад дигаронро маҷбур созад, ки мавқеи худро тағйир диҳанд. Қувваи сахт дар водор намудан ва таҳдид кардан асос меёбад. Лекин, дар баъзе ҳолатҳо мо метавонем, ки натиҷаҳои дилхоҳро бе истифодаи таҳдид ба даст орем.

Яқ қатор муҳаққиқон ин нуқтаи назари Ҷ. Найро дастгирӣ намудаанд, зеро дар он имконияти наҷотёбиро аз таъсири маҷбурнамоӣ пайдо мекунанд. Дигарон бошанд, баръакс, ӯро дар маҷбуран пешниҳод намудани хоҳиши худ нисбати методҳои мукаммалгардида гунаҳкор намудаанд.

Чунин мешуморем, ки истифодаи қувва дар арсаи байналхалқӣ дар ҳама давру замон мавқеи махсусро соҳиб буд. Лекин дар шароити имрӯза, ба гумон аст, ки истифодаи қувваи ҳарбӣ дар арсаи байналхалқӣ хуб қабул карда мешавад. Мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ чунин мешуморанд, ки дар шароити глобализатсия аҳамият ва мавқеи «қувваи нарм» боло меравад. Зеро тамоми кишварҳо, пеш аз ҳама, кишварҳои рушдкарда, наметавонанд, ки проблемаҳои дохилӣ ва ҷаҳониро танҳо бо роҳи ҳарбӣ ҳал намоянд. Аз ин хотир, мувофиқи ақидаи Ҷ. Най омили ҷолибияти кишвар, нисбат ба қувваи ҳарбӣ аҳамияти бузургро доро мебошад” [7, с. 28].

Дар асоси мавқеи Ҷ. Най чунин унсурҳои «қувваи нарм», ба монанди, дипломатия, фарҳанг ва идеологияи сиёсӣ пешниҳод карда мешавад” [4, с. 16]. Сиёсатшиноси америкоӣ дар баробари “омилҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ, омили фарҳангиро дар як қатор гузоштааст, ки ба андешаи ӯ, ҳамчун унсури асосӣ ва муҳими ҳукмронии Амрико дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад” [2, с. 111].

Дар шароити имрӯза омили фарҳангӣ, ҳамчун қисми таркибии «қувваи нарм» дар сиёсати ҷаҳонӣ аҳамияти навро касб намуда, ба равандҳои умумиҷаҳонии иҷтимоиву иқтисодӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсири назаррас мерасонад. Аз ин хотир, давлатҳои алоҳида барои таъмин намудани самаранокии сиёсати хориҷии худ, дар бисёр мавридҳо аз сиёсати берунаи фарҳангӣ васеъ истифода менамоянд. Сиёсати хориҷии фарҳангӣ метавонад воситаи пешбурди стратегияи умумии фаъолияти беруна гардида, заминаи устуворро бунёд намояд, ки барои амалӣ ва нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналхалхалқӣ мусоидат менамояд.

Таҳлили фаъоляти кишварҳои алоҳида дар самти сиёсати хориҷии фарҳангӣ нишон медиҳад, ки он аз тарафи институтҳои илмӣ ва таҳқиқотии давлат, инчунин тариқи воситаҳои ахбори умум танзим карда мешавад. Барои таъмини самаранокии сиёсати хориҷии фарҳангӣ давлатҳои алоҳида барномаҳои мухталифи мубодилавии соҳаи маориф ва фарҳанг, намоишгоҳҳо, форумҳо ва конференсияҳои гуногунро амалӣ менамоянд.

Дар доираи фаъолияти воситаҳои ахбори умум кӯшиш карда мешавад, ки обрӯ ва нуфузи давлат дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошта шуда, боварии иттифоқчиён ва шарикони эҳтимолӣ ташаккул ёбад. Воситаҳои ахбори умум дар бисёр ҳолатҳо барои пинҳон доштани манфиат ва мақсадҳои воқеӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар ин радиф шабакаҳои иҷтимоӣ низ мавқеи махсусро касб намудаанд ва онҳо айни замон ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии сиёсати хориҷӣ ҳисобида мешаванд. Аммо аз тарафи дигар таҳдиди ҷиддиро низ доранд, зеро тариқи онҳо идора намудани афкори умум осон ва имконпазир мегардад. Ҳамин тариқ, бо гузаронидани чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, паҳн намудани иттилооти зарурӣ ба манфиати давлат ва ҳокимияти давлатӣ, самаранокии сиёсати хориҷии давлат таъмин карда мешавад.

Дар системаи муносибатҳои байналхалқӣ воситаи ҳалкунандаи ба даст овардани мақсадҳо дар муддати тулонӣ қувваи ҳарбӣ шуморида мешуд. Бо гузашти замон, бо пайдо гардидани хусусиятҳои нав дар муносибати байни кишварҳо, дар баробари истифодаи қувва, воситаи дигари амалӣ намудани мақсадҳои фаъолияти хориҷӣ «дипломатия» пайдо шуд.

Дар доираи дипломатия кӯшиш карда мешуд, ки бо роҳу усулҳои дипломатӣ давлатҳои алоҳида бо иштирокчиёни бартаридошта мухолифат нишон дода, бо ин васила фазои геополитикии худро пурра намоянд. Ба ақидаи мо, дар шароити имрӯза, давлатҳо якуякбора бо истифодаи дипломатия дӯст ва шарик нагардидаанд, аз ин рӯ, истифодаи қувваи ҳарбӣ дар ягон ҳолат истисно карда намешавад.

Муносибати байни кишварҳо муддати тулонӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад – аз ҳолати зиддияту мухолифат ба муносибатҳои дӯстона ва баръакс. Дар амалияи сиёсӣ ҷудо намудани ин ду ҳолат ба тариқи дақиқ ва саҳеҳ ғайриимкон аст. Ҳатто дар муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо эҳтимолияти мавҷудияти моҷарои пӯшида ҷой дорад, ки дар ҳар ҳолат метавонад, ки авҷ гирад. Таҳлили сарчашмаҳои мухталифи илмӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар ҳамин ҳолат нақш ва мавқеи дипломатия пайдо мешавад.

Дар истифода гардидани дипломатия санҷиши самаранокӣ ва мақсаднокии он ҳамчун методи кафолатноки муносибати дӯстона дар сиёсати хориҷии давлат амалӣ карда мешавад. Чун анъана, аҳамият ва муҳимияти худро дипломатияи ҳифзкунанда аз даст надодааст, ки вазифаи асосии он ин қобилияти пешакӣ фаҳмидани натиҷаи имконпазири ҳодисаҳо дар муносибати тарафайни байни кишварҳо мебошад. Маҳз дар асоси иҷро гардидани ин вазифа, имконият пайдо мешавад, ки нисбати оғози вазъияти моҷарогӣ пешакӣ хабар дода шавад. Чи тавре, ки аксарияти муҳаққиқон қайд менамоянд, ин соҳаи дипломатия на он қадар инкишоф ёфтааст.

Сабаби асосии боло рафтани аҳамият ва мавқеи дипломатия ва гуфтушунидҳо аз инкишофи вобастагии равандҳои ҷаҳонӣ ва пайдо гардидани проблемаҳои глобалӣ иборат аст. Ҳамин тариқ, чунин ҳолат ба ташаккули ҳамкориҳои функсионалӣ ва институтсионалии байналхалқӣ мусоидат менамояд, ки қисми таркибии он дипломатия ба ҳисоб меравад. Ин ғояҳо дар консепсияҳои структуралистӣ, ки табиати мухталифи истифодаи қувваро шарҳу эзоҳ додаанд, таҷассум ёфтанд, ки ҳанӯз аз тарафи назарияпардозон Р. Кохэн ва Ҷ. Най пешниҳод гардидаанд.

Ба ақидаи мо, дипломатия дар шароити имрӯза ин на танҳо амалӣ намудани сиёсати хориҷии давлат ё фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, балки стратегияи моҳирона банақшагирифта аст, ки аз муваффақияти он симои сиёсати хориҷии давлат дар арсаи байналхалқӣ вобаста мебошад. Кишварҳои рушдкарда дар самти бунёди дипломатияи стратегӣ фаъолият доранд, ки таҷассуми доктринаҳои стратегии давлат ба ҳисоб мераванд ва ба манфиатҳои милливу давлатӣ мувофиқанд.

Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза аксарияти кишварҳо фаъолияти дипломатии худро мувофиқи вазифаҳои стратегӣ ба роҳ мемонанд. Лекин, ба ин нигоҳ накарда, стратегияҳои дипломатии ин кишварҳо на ҳама вақт натиҷаҳои бомуваффақ доранд.

Дар сарчашмаҳои илмӣ нисбати дипломатия ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Г. Моргентау қайд менамояд, ки “дипломатия ин унсури асосии қувваи давлат аст” [6, с. 41]. Фаъолияти дипломатие, ки ба моҷаро оварда мерасонад, номуваффақ ҳисобида мешавад, зеро он мақсади асосии худ, яъне, қонеъ намудани манфиатҳои миллиро тариқи воситаҳои ғайриҳарбӣ ба даст оварда натавонистааст.

Аз ин рӯ, дипломатия яке аз унсурҳои асосии истифодаи «қувваи нарм» дониста шуда, роҳҳо ва воситаҳои ғайриҳарбии ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро пешниҳод менамояд. Дар шароити имрӯзаи инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ аксари муҳаққиқон маҳз ин воситаро омили муҳими самаранокии сиёсати хориҷии давлатҳои алоҳида баррасӣ менамоянд. Истифода гардидани дипломатияи стратегӣ имконият медиҳад, ки давлати алоҳида мувофиқи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ самти сиёсати хориҷии худро ба роҳ монад.

Идеологияи сиёсӣ унсури дигари «қувваи нарм» дониста мешавад, ки ҳамчун маҷмуи идеяҳо, системи арзишҳо ва принсипҳои субъектҳои сиёсат ба ҳокимият ва сохтори давлатӣ баррасӣ карда мешавад” [1, с. 98]. Ҳар як давлат сиёсати хориҷии худро амалӣ намуда, идеологияи сиёсии худро пешбарӣ менамояд, ки дар натиҷа дар ҷомеа тасаввурот ва идеяҳои муайянро ташаккул медиҳад.

Дар назарияҳои мавҷудаи сиёсӣ асосан се сатҳи амалӣ намудани идеологияи сиёсӣ ҷудо карда мешавад. Сатҳи якум – сатҳи назариявӣ-консептуалӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он муқаррароти асосӣ, ки манфиатҳои миллат, синфҳо ва табақаи давлатҳоро ифода менамояд, муайян карда мешавад. Мубаддалгардии идеяҳо ва принсипҳо ба барномаҳои муайян дар сатҳи дуюм амалӣ мегардад, ки сатҳи барномавӣ-сиёсӣ номида мешавад. Сатҳи сеюм, асосан хусусияти амалӣ дорад, ки дар он сатҳи ба даст овардани мақсадҳо, принсипҳо ва умуман идеологияи мазкур муайян карда мешавад. Дар шароити имрӯза, кишварҳои рушдкарда кӯшиш менамоянд, ки идеологияи худро дар ҷаҳон паҳн намоянд.

Ҳамин тариқ, дар таъмини самаранокии сиёсати хориҷии давлати алоҳида, дипломатия, фарҳанг ва идеологияи сиёсӣ ҳамчун омил ва унсурҳои муҳим баромад менамоянд. Аз ин рӯ, кишварҳои алоҳида барои дар сатҳи баланд ба даст овардани мақсадҳои фаъолияти хориҷии худ кӯшиш мекунанд, то ки аз ин омилҳо васеъ истифода намуда, дар алоҳидагӣ барои рушди ин омилҳо барномаҳои махсусро ба роҳ монанд.

Метавон воситаҳои иқтисодиро омили дигари самаранок гардидани сиёсати хориҷӣ шуморид. Воситаҳои иқтисодӣ ин имконияти истифода намудани қобилияти иқтисодии давлат барои амалӣ сохтани мақсадҳои фаъолияти хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоди пурқувват, ки дар истифодаи технологияҳои пешрафта ва қобилияти амалӣ намудани дастовардҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он асос ёфтааст, имконият медиҳад, ки ҳатто кишвари на он қадар калон дар саҳнаи байналхалқӣ мавқеи махсусро касб намояд.

Тариқи унсурҳои асосии иқтисодӣ, ба монанди сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, ҳузури иқтисодӣ дар дигар кишварҳо, давлат ба манфиатҳои худ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо таъсир мерасонад. Давлатҳои шарикии иқтисодидошта дар ҳузури иқтисодии тарафайн манфиатдоранд, зеро дар ҳудуди кишвар ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли хориҷии маҳсулот ва хизматрасониҳо, инкишофи технологияи нав пайдо мешаванд. Муносибатҳои иқтисодӣ, албатта, дар рушди самараноки иқтисодиёти давлати мазкур мусоидат менамояд.

Лекин, имконияти таъсир расонидан ба ин кишвар низ пайдо мешавад. Давлати ҳамшарики иқтисодӣ, метавонад як қатор шартҳоро пеш гузорад, ки бо ёрии онҳо ба давлати мазкур таъсир расонад. Дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии амалӣ намудани сиёсати хориҷии давлат таъсиррасонӣ ва идора кардани ҷараёнҳои молиявӣ ва савдоӣ ба ҳисоб меравад. Аксарияти муҳаққиқон қайд менамоянд, ки омили муҳим на танҳо андозаи муносибатҳои савдоӣ, балки сохтори он низ ба ҳисоб меравад.

Кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои табиӣ сарватманд ба бозори ҷаҳонӣ ашёи хом бароварда, талаботи ҷории худро қонеъ менамоянд, зеро он даромади зиёд меорад, ки чунин ҳолат албатта ҳамчун сарчашмаи нерӯи давлат баромад менамояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои аз ҷиҳати захираҳои табиӣ сарватманд, бозингарони асосии системаи муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.

Унсури дигари омили иқтисодӣ пешниҳод намудани ёрӣ ба давлатҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ёрӣ расонидан дар шакли қарзҳо ва ё грантҳо пешниҳод карда мешаванд. Барномаҳои ҳукуматии ёрии иқтисодӣ ба амалӣ намудани вазифаҳои сиёсӣ, ба монанди мубориза бо коррупсия, терроризм, мукаммал намудани системаи идоракунӣ, паҳн намудани демократия ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда шудааст. Ҳамин тариқ, шаклҳои гуногуни амалӣ намудани омилҳои иқтисодии сиёсати хориҷӣ ва ба таври доимӣ истифода намудани онҳо нишон медиҳад, ки дар марҳилаи кунунӣ дар системаи муносибатҳои байналхалқӣ «қувваи иқтисодӣ» муҳимияти худро аз даст надодааст.

Дар шароити имрӯза, аксарияти кишварҳои пешбар наметавонанд, ки проблемаҳои пайдошударо танҳо бо роҳи ҳарбӣ ҳал намоянд, аз ин хотир онҳо бештар ба пурқувват намудани нерӯи иқтисодӣ диққат медиҳанд, зеро он яке аз омилҳои асосии амалӣ намудани вазифаҳои фаъолияти хориҷӣ шуморида мешавад.

Дар баробари ин, истифодаи «қувваи нарм» ба муддати тулонӣ пешбинӣ шуда, тариқи боваркунонӣ, на тариқи маҷбурнамоӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, дар шароити муосир аҳамияти консепсияи «қувваи ҳушманд» боло рафтааст, ки дар қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва якҷоя намудани се навъи қувва: қувваи сахт, нарм ва иқтисодӣ зоҳир мегардад. Маҳз бо чунин роҳ метавон самаранокии сиёсати хориҷии давлатро таъмин намуд.

Дар арсаи байналхалқӣ давлатҳоро аз рӯйи иқтидори ҳарбӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ ба якчанд категория ҷудо менамоянд. “Кишварҳое, ки дорои чунин нерӯянд, асосан дар амалӣ намудани сиёсати хориҷии худ аз воситаҳои геостратегӣ васеъ истифода менамоянд. Кишварҳои категорияи дуюм бошанд, дорои нерӯи категорияи якум нестанд, лекин кӯшиш менамоянд, ки аз методҳои геостратегӣ истифода баранд. Давлатҳои категорияи сеюм методҳои геостратегиро истифода намекунанд, ба тариқи расмӣ соҳибистиқлоланд, лекин дар самти иштирокчиёни пурқуввати муносибатҳои байналхалқӣ фаъолият менамоянд” [3, с. 101]. Ҳамин тариқ, тамоми кишварҳое, ки сиёсати хориҷии мустақил доранд, аз василаҳои геостратегии пешбурди сиёсати хориҷӣ истифода менамоянд. Омилҳои номбаркардашуда дар равандҳои фаъолияти хориҷии кишварҳо аҳамияти хоссаеро касб намудаанд. Ин кишварҳо аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, кӯшиш менамоянд, ки дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ, баробарӣ ва боварӣ, муносибатҳои тарафайни байнидавлатиро ба роҳ монанд, то ки дар асоси он амнияти кафолатноки иштирокчиёни чунин муносибатҳо ҷой дошта бошад.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Барышников, Д.Н. Идеология в мировой политике [Текст] / Д.Н. Барышников // Политэкс. – 2006. – №4. – С.98.

2. Бжезинский, З. Великая шахматная доска [Текст] / Пер. с англ. – М.: Международные отношения, 2009. – С.111.

3. Геополитики и геостратегия. Хрестоматия [Текст] // Современные российские геополитики / под. ред. Б.А. Исаева. – СПб.: Изд-во БГТУ, 2004. – С. 101.

4. Гукасов, А.В. «Жесткая» и «мягкая» сила как инструменты внешней политики США [Текст] / А.В. Гукасов // Вестник Института стратегических исследований ПГЛУ. – Ставрополь: Ставролит, 2011. – С.15.

5. Мухаметов, Р.С. Инструменты внешней политики России: сущность и форма реализации [Текст] / Р.С. Мухаметов // Искусство управлении. – 2010. –№ 2. – С.135.

6. Morgenthau, H. Politics Among Nations: The Struggle for Power and Peace / H.Morgenthau. –N.Y.: McGraw-Hill, 1993. – P.41.

7. Nye, J. Soft Power: The Means to Success in World Politics / J.Nye. – N.Y.: Public Affairs, 2004. –P.28.

Бознашр аз маводи конференсия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон