Маҳмадалиева Муҳаббат Раҳмоновна, номзади илмҳои филология, саромӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти гуногунҷабҳаи занон, тарбияи духтарон ва таҳкиму баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, бахусус дар самти илму маориф, яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки аз хираду дониши сиёсии Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Мавриди ёдоварист, ки сарвари муаззами кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки дар солҳои аввали барқарорсозӣ ва таҳкими оромиву фазои сиёсии кишвар мо дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, бахусус минтақаҳои кӯҳистонии он, аз ҳисоби дарёфти бонувони ихтисосманд, яъне занони соҳиби маълумоти олӣ, ки барои корҳои давлатӣ ҷалб намоем, хеле танқисӣ кашидем.Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ба масъалаи маърифатнокии занону духтарон ва тадриҷан мавқеи устувор пайдо кардани онҳо дар соҳаи илму маориф низ диққати махсус дода, новобаста ба вазъи сиёсии кишвар талош намуданд, ки баҳри ҷалби духтарон – модарони оянда ба илмомӯзӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Яке аз тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таъсиси квотаи Президентӣ ва ба ин васила ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, бахусус духтарони манотиқи дурдасту кӯҳистони кишвар ва тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки ин ташаббуси сарвари давлат дар татбиқи сиёсати гендерӣ, таъмин намудани таҳсили ҷавондухтарони тоҷик, таҳким бахшидани фаъолияти онҳо дар соҳаи илм ва дигар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар кулли кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи нодир мебошад.

Қабули қарору лоиҳаҳои гуногун дар самти фаъолсозии мавқеи иҷтимоии занон, бо идрору грантҳо сарфароз гардонидани занону духтарони фаъолу ҳунарманд, тарбия ва ҷалби беш аз пеши онҳо ба соҳаи варзиш, ҳифзи ҳуқуқу амният, маориф ва тандурустӣ, таҳким ва мавқеъ пайдо намудани занон дар арсаи сиёсат, аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари Пешвои муаззами миллати мо мебошад, ки пайваста ҷавондухтарони моро барои таҳсили хубу аъло, ҳифзи саломатӣ, ҳунаромӯзӣ ва бунёди зиндагии шоиста раҳнамун месозад.

Дар иртибот ба масъалаи мавриди назар Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таъкид менамояд: «Таҳсилоти мард таҳсилоти фардӣ аст, вале таҳсил ва саводи зан ба ин маъно мебошад, ки як хонаводаро таълим дода бошем», яқинан, соҳибмаърифатии ҳар хонавода боиси рушди илм ва маърифатнокии ҷомеа мегардад. Беҳуда нест, ки бузурге мефармояд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Воқеан, соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидани занону духтарон на танҳо боиси боло рафтани маданияту маърифати онҳо ва рушди илми муосир, балки пеш аз ҳама баҳри беҳбудии вазъи иқтисодии оила, таъмини фазои мусоиди хонаводагӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз мусоидат менамояд. Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд». Мусаллам аст, ки ҳамон заноне дар ҷомеа фаъолу пешоҳанг буда метавонанд, ки соҳиби илму маърифат ва касбу ихтисос мегарданд. Воқеан, илму хиради зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад ва агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд. Хотиррасон, кардан зарур аст, ки бо таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ шуруъ аз соли 2012 инҷониб 11 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон гардида, дар тамоми олам таҷлил карда мешавад. Тавре мушоҳида менамоем, дар ин самт низ Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешӣ зоҳир намуда, ҳанӯз даҳсолаҳо пештар ба ин масъала диққати хосса равона карда буданд.

Хурсандиовар аст, ки дар зарфи 32-соли Истиқлолияти давлатӣ сиёсати дурандешонаи сарвари маҳбубамон доир ба таҳким бахшидани фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар самти илм низ устувор гардида, ҷойгоҳ ва нақши онҳо дар пешбурди сиёсати давлат ва монанди инҳо ҳаматарафа татбиқи худро ёфта истодаанд. Имрӯз аксар занону бонувони болаёқати тоҷик, олимаҳое чун Махфират Хидирзода, бо кору пайкори худ ба боварии сарвари давлат арзанда будани худро собит намуда, дар арсаи сиёсат, соҳаҳои гуногуни илм, маорифу тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра мақом ва ҷойгоҳи устувори худро пайдо кардаанд. Шоистаи сарфарозист, ки тибқи омори расмӣ айни замон 73 фисади кормандони соҳаи маорифро, ки бевосита ба рушди илм ва тақвияти неруи зеҳнии кишвар иртиботи қавӣ дорад, занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамасола сафи олимаҳои тоҷик ҳам дар самти илмҳои дақиқ ва ҳам гуманитарӣ рӯ ба афзоиш дорад. Занони тоҷик дорои дараҷаҳои илмӣ (номзаду доктор), унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор, ходимони калону пешбар), арбобони шоистаи илму маориф, аъзои вобаста ва академикҳои Академияи илмҳои ҶТ, роҳбарони муассисаҳои илмиву таълимӣ (ректор, проректор, директору декан, мудирони озмоишгоҳҳову кафедраҳо) мебошанд.

Чунончи, имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ 219 нафар занону духтарон машғули таълиму тадрис буда, аз ин теъдод 2 нафар доктори илм, профессор ва 33 нафар номзадони илм, дотсентон мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳ теъдоди муҳасилин аз ҳисоби донишҷӯдухтарон торафт афзоиш ёфта истодааст, ки ин тамоюли зиёд пайдо кардани онҳоро ба самти илму таълим ифода менамояд.

Равшанфикре бамаврид гуфтааст: «Дар ҷомеае, ки модарони донишмандаш зиёданд, он ҷомеа худ аз худ рушд мекунад».

Воқеан, мо дар ҷомеа ҳар кӣ набошем, дастпарвардаи модаре ҳастем. Андешаи он, ки «Нахустин устоди худшиносии инсон модар аст ва агар зан намебуд нобиғаҳои ҷаҳонро кӣ мепарварид?» мо занону духтаронро водор месозад, ки нақши муассири худро дар пешбурди илми муосир фаромӯш насозем ва аз дастгириву ғамхориҳои падаронаи сарвари давлатамон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба сарвари давлату ҳукумати кишвар тавассути хидмати софдилонаю арзандаи хеш ба халқу миллатамон ифода намоем.

Ҳар гоҳе, ки пешрафту дастовардҳои занону бонувонро дар ҷодаи илму ҳунар мебинем, бояд сидқан дарк намоем, ки дар пасманзари ин муваффақиятҳо пеш аз ҳама симои сарвари оқилу ғамхор, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, дасти мадади Пешвои муаззами кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки бо заҳмати бедареғ ва неруи хастагинопазир баҳри худшиносии мо-занону духтарон ва таҳкими амнияти давлату миллат пайваста саъю талош меварзад. Бо дарки ин нукта, ифтихор менамоем, ки сарвари давлати мо чунин шахси худогоҳ, ватанпараст, башардӯсту худодод мебошад.

Дар интиҳо, бо боварии том метавонам бигӯям, ки дар ҷомеаи тоҷик дар ҳеҷ асру замоне монанди асри ҳозир масъалаи зан-модар, таҳкими ҷойгоҳ ва арҷгузорӣ ба мақоми ӯ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, мо-занон, махсусан духтароне, ки тибқи квота таҳсил намудаему менамоем ва аз ғамхориҳои Президенти маҳбубамон ва ҳукумати кишвар пайваста бархӯрдорем, ба воқеаву рӯйдодҳои сиёсии ҳамсоякишварҳои худ бо дидаи ибратбин назар дӯхта, бо азми комил гуфта метавонем, ки зери Парчами Ватани азизамон муттаҳид гардида, бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами худ ва ақлу заковати азалии мардуми тоҷик Ватани худро аз ин ҳам бештар ҳифзу обод менамоем.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Абдуллоҳ Суҳравардӣ Наҳҷ-ул-ҳидоя (суханони роҳнамо) Суҳравардӣ Абдуллоҳ. – Душанбе, 1991. – 60 с.

2. Қуръони Карим (бо тарҷума ва эзоҳот ба забони тоҷикӣ). Мутарҷим Алҳоҷ Амин Аббос Бобоназарзода. Академияи давлатии Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод. – Покистон, 2006. – 1480 с.

3. Мирзозода Ғ. Зулм аз дидгоҳи ҳуқуқ / Ғ. Мирзозода. – Душанбе, 2013. – 168 с.

4. Маҳмудов М. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамсарон дар оила / М. Маҳмудов. – Душанбе: ЭР-граф, 2003. – 164 с.

5. Давлатов М. Оила ва рушди шахсияти фарзандон / М. Давлатов. – Душанбе, 2014. – 109 с.