• Баротов Маҳмадшариф, Садриддин Айниддин, нозадҳои илмҳои таърихи ДДБ ба номи Носири Хусрав

Ваҳдат монанди ниҳоли ҳамешасабзест, ки бо умеду орзӯҳои нек, ба хотири ояндаи дурахшони Ватан сарсабз гардида, дар дили мардуми Тоҷикистон шӯълаи меҳру муҳаббат, вафодориву бародариро боз ҳам фузунтар гардонид.

Барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки бо таъбири Эмомалӣ Раҳмон «Хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад».

Дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ҳар рӯз дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, нақши шахсият дар давлатсозӣ боз ҳам барҷастатар зуҳур мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба хизматҳои фарзандони баруманди хеш бо нигоҳи амиқ ва умед менигарад. Барои мардуми тоҷик чунин шахсият дар замони муосир Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо меҳнати худ, бо корнамоиҳои беназираш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Конамоиҳои ин шахсияти барҷаста зиёданд. Яке аз хизматҳои таърихии ин сиёсатмадори бузург гирифтани пеши роҳи парокандагиҳо, хунрезиҳо дар кишвар ва ноил шудан ба сулҳу салоҳ мебошад. Ин корнамоӣ тар таърихи кишвар камназир аст. Чуноне, ки профессор Иброҳим Усмонов ҳамчун иштирокчии раванди музокироти сулҳ навиштааст, «… дар таърихи миллати тоҷик пас аз садсолаҳо низ ба меҳнати вай дар роҳи истеҳкоми сулҳи миллӣ баҳои сазовор хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон чунон кор кард, ки миллати тоҷик аз дарёи хуни худ берун кашида шуд» [1, с. 6-7].

Бояд таъкид кард, вақте ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ гардида, иқтисоди кишвар комилан ба боди фано рафта, ноумедӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта буд. Ин зуҳуротро Сарвари давлат хуб омӯхта, дар ҳар суханронию маърӯзаи худ роҳҳои баромадан аз инҳисори иқтисодӣ, раванди ба даст овардани сулҳ ва буҳрони сиёсию маънавиро баррасиву таҳлил намуда, роҳҳои раҳоӣ аз ҷанги таҳмилиро пешниҳод мекард. Фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ боиси сар задании муқобилияти ошкоро бар зидди ҳокимияти сиёсӣ гардид. Аз ин фазои холии идеалогӣ гурӯҳҳои иртиҷоӣ истифода намуда, барои ғасби ҳокимият шурӯъ карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дар мақолаи хеш «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ (19.03.1993) «таҳлил намуда, аз ҷумла, таъкид намуд: «Тамоми ҳокимият амалан дар дасти исломгароён гузашт” [2, с. 9].

Дар ҷомеаи мо, махсусан дар пойтахтамон як фазои печида ва ҳолати мавҳум ба амал омада, боиси нигаронии одамон гардид… Шӯриши умумихалқие, ки дар собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа сар зад, як муддати кӯтоҳ бисёр ноҳияҳои дигари ҷумҳуриро фаро гирифт. Ҳамаи кӯшиҳои исломгароён, ки мехостанд бо роҳи қатлу куштор муқобилияти халқро дарҳам шикананд, оқибат надошт ва дар ниҳояти кор роҳбарияти исломигаро аз байн рафта, Раёсати қонунӣ интихоб шудаи Шӯрои Олӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳокимиятро ба даст гирифтанд».

Ин раванд ба пешравии кишвар бе таъсир намонд. Ҷанги шаҳрвандие, ки соли 1992 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, яке аз воқеаҳои калон ва хуношуб дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Ин воқеа ба оқибатҳои сангини иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ оварда расонид. Ба ғайр аз он, ин ҷанги бемаънӣ сабабҳои ҳалокати ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон шуда буд ва ба амалӣ кардани сиёсати дохилӣ хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон монеаи ҷиддӣ шуд.

Тибқи баъзе маълумот бар асари сар задани ҷанги бемаънӣ ва бародаркӯш, аз тарсу ваҳми зиёд ва ҳарчи тезтар аз ин гирудорҳои нобаҳангом халос кардани ҷони хеш, зиёда аз якуни миллион одамон бо аҳли оила, қабл аз ҳама аз ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон, ба гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ табдил ёфтанд. Ба ғайр аз ин, зарари умумие, ки бар асари ин ҷанг ба вуҷуд омад, ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар буд ва ба болои он зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисми асосиашонро ҷавонон ташкил медоданд, қурбони гирудориҳои бемаънӣ ва талошҳои мансабталошиву ҳокимиятталабӣ гардиданд. Дар натиҷа, қариб 60 ҳазор кӯдакон бепарастор мондан, 25 ҳазор занони ҷавон бе шавҳар шуданд. [3, 4, с. 31-32, 69].

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ашхоси ба майдони сиёсӣ ворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимият бо мадади «душманони дохилӣ ва берунӣ», дар кишвари мо сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардид. Президенти ҷумҳурӣ, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2007 ба ифтихори 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин ибрози ақида намуд: «Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги дохилии мо мансабталошӣ буд ва аз ҷониби дигар мубориза барои дигаргун сохтани низоми давлатии дунявӣ ба сохти давлатдории диннӣ ҳарчи ошкортар мегашт».

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон бо таври ҳамешагӣ нопадид гардид. Дар ҳамин вазъи ҳасосу носолимии сиёсӣ, ки ҳеҷ кас зимоми давлатро ба уҳда гирифтан намехост, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Оллии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз 197 депутат, ки дар иҷлосия иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 12 декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олӣ ба халқи тоҷик ваъда дод: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам» [5, с.110].

Раванди сулҳи тоҷикон собит намуд, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қасами худ содиқ монд ва мардонавор ваъдаи додаи худро иҷри намуд. Ин раванд бо номи сулҳофарӣ машҳур гардид, диққати оламиёнро ба худ ҷалб намуд ва ҳамчун мактаби бузург шинохта шуд.Ин мактаби бузург, ки дар саргаҳи он Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз сабақҳои ибратомӯзи таърихӣ бархурдор буда, сазовори омӯзишу таҳқиқ ва баҳрабардорӣ аст. Имрӯз моро зарур аст, ки нақши Пешвои миллатро бо сулҳи тоҷикон ҳаммаъност, бо аркому далелҳои муътамаду раднопазир мавриди омӯзиш қарор диҳем, аҳамияти онро нишон диҳем [6, с. 130-131].

Корнамоиҳои беназири Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми адибону муаррихон қарор гирифта, доир ба хидматҳои беназир ва сафару мулоқотҳои ӯ асарҳои зиёде эҷод намуданд. Дар инҷо метавон асарҳои И. Усмонов «Асноди сулҳ» (1996), «Роҳи сулҳ» (1997), «Лаҳзаҳои сулҳи ботадбир» (1999), «Пайки оштӣ» (1999, бо ҳаммуалифӣ), «Сулҳнома» (2001), «Миростроительство в Таджикистане» (2006), «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» (2003), «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон», «Савганди сулҳофаринӣ», (2017) А. Достиев «Ситораи ғолиб», В. Ғаффорӣ, З. Сайидзода «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» (2012) ва даҳҳо дигар асарҳоро ёдовар шуд, ки дар онҳо бевосита фаъолияти Президенти кишварро зина ба зина чун воқеияти бебаҳс нишон додаанд [6, с. 132-133].

Умуман, фаъолияту корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби сулҳофарии ӯ барои насли наврасу ҷавони кишвар ва сокинон боиси омӯзишу пайравӣ мебошад.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Усмонов И. Лаҳзаҳои сулҳи ботадбир / И. Усмонов. – Душанбе: Ирфон, 1999. – С. 6-7.

2. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин / Э. Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон,1996. – С.29.

3. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин / Э. Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон,1996. – С.31-32.

4. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин / Э. Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон,1996. – С.69.

5. Сухомлинов В., Шалаева Г. Роҳ ба сӯи созиш / В. Сухомлинов В., Г. Шалаева. – Душанбе: Ирфон,1996. – С.110.

6. Муродов М. Чеҳранигорӣ ва масъалагузорӣ дар публисистикаи муосир / Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ / Муродов М. – Душанбе: Аржанг, 2017. – С.130-131.

7. Муродов М. Чеҳранигорӣ ва масъалагузорӣ дар публисистикаи муосир/ Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ / Муродов М. – Душанбе: Аржанг, 2017. – С.132-133.