• Баҳодуров Беҳруз Файзулоевич, номзади илмҳои таърих, дотсент, Алимов Давлаталӣ Халилович, доктори илмҳои таърих, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дидори тобони ваҳдати тоҷикона рӯз ба рӯз нуронитар, пурнеъматтар, сиҳатмандтар ва ҷаҳонитаррастану оростан дорад. Дар рагу шараёни хуни танимо, дар суфраи ҳар хонадон, дар хирмани ҳар деҳкада,дар хиёбони ҳар шаҳр, дар тамоми соҳати кишваринавистиқлоламон то мағзи кӯҳҳояш, то қаъри баҳрҳояш, то нафаси баргу гулу меваи чаманзору боғоташмерӯяду мепазаду месозад. «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, – изҳор намуда буданд Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат.Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» [5].

Офарин бар табъу тадоруки неруманду баҳрагиру ватансози Пешвои хирадсолори миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки ин наҷибаи ҳазорсолаҳо дар пушти ҳеҷистон нобуд, вале зод бар зод дар андешаву ормону ҳавас сӯзандаро чун моҳии тилло аз умқи дарёи пурталотуме ба даст овард. Аз иқлими тирагиву хунсардиву хатароти маргу нестӣ онро ҳаст кард, чун гул аз оташ, гавҳар аз қаъри баҳр, лаъл аз дили кӯҳ.

Ва ҷавонмардона тақдим кард ба насли давру бараш ва зинда гардонд идроки караму хубиву хушиву ҳамоғӯшии фитрии тоҷикиро. Таърихи навин сохт. Имрӯз дар намоишгоҳи Ваҳдати музаффар Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон родмардони ягонагисоз, пайвандгарони дилҳо, ҷонфидоёни эҳёи Ватани воҳид Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемурро дар сарири шарафу қаҳрамонӣ нишонд [3, с. 110].

Ҳамакнун рӯзномаи муваффақи «Ҷумҳурият», эъҷози аҳли қалами кишварро ба озмуни намойидани мақому бузургдошти забони тоҷикӣ ва устоди азимушшаън Садриддин Айнӣ раҳкор сохт ва инчунин ба пешвози Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ёдовари нодираи гиромигуҳари даврон Бобоҷон Ғафуров камари ҳиммат баста буд.

Бобоҷон Ғафуров дар замоне чеҳраи мондагори тоҷикро кушода кард, ки тӯдае туркгароён ҳастии қавми ориёнажоди тоҷикро инкор мекарданд. Ба чашми таърихбин хок мезаданд, ки тоҷикон ҳамон турконе ҳастанд ба таъсири забону фарҳанги эронӣ забони асли хешро гум кардаву форсигӯ шуда. Ин даъво ба талошҳои импературию давлатгирии Шӯравӣ мувофиқ меафтод.

Чун доноёнаш таъриху фарҳанги кӯҳанбунёди истиқлолталабу сифоти гавҳари нофармонбари ин қавмро дар муносибати ҳақношиносиву ҳаднописандӣ хуб дарак доштанд, хокдонашро пора-пора карданд, бар асари тарсе, ки мабодо рӯзе ин мардум якдасту тавонову муташаккил бархезанд. Бобоҷон Ғафуров аз дарду доғу ҳавасу муроди миллати худ дар гузаштаи ҳаяҷонангез ва даврони навини пур аз хашму хурӯшу зӯргӯиву ситез дили пур дошт ва аз он канданӣ наметавонист.

Ҳатто, замоне ки дар садри роҳбарии мақоми аввали ҷумҳурӣ (солҳои 1947-1956) котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон муваззаф буд, доиман курсии мансаби олиро дар суфасангону бошишгоҳҳову ҳуҷраву меҳмонхонаҳои мардуми наҷиби тамоми шаҳрҳову деҳкадаҳои шиноси ватанаш, ки ба иқтизои ихтисоси рӯзноманигориаш (ӯ соли 1931 факултаи рӯзноманигории донишгоҳи Маскавро хатм намудааст) дидаву бӯйида буд, зуд-зуд ҷойгир мекард [3, с. 110].

Раиси собиқ колхози «1-уми май»-и ноҳияи Панҷ Б. Нидоев бо эҳтиром ёд мекунад, ки бо Бобоҷон Ғафуров 2 бор вохӯрдааст.

Вай сурату сирати меҳрубонсарварро бад-ин гуна менамоёнад: «Ҷамъе аз деҳқонони пешқадам сар карда, то роҳбарони хоҷагиву ноҳиявӣ пешвозаш баромадем, ки дар тасаввур сураташ ин буд: як офариниши сиёсии коммунисти бодабдаба. Аммо, салом дод даст пеши бар, шахсе меҳрубонсимо, бо ҳама канор ба канор, раҳмпеша, хоксор. Хоҳиш кард: «Маро аввал ба хонаи муҳоҷирон баред». То косаву қошуқу суфраву танӯру кӯрпаву болишту оби дари хонаи мардуми муҳоҷирро дидан кард. Дар чашмонаш ашк мавҷ мезад, дар рӯи суфаҳои гилин менишаст, пирону тифлони дар хонаҳои ноободу гармизадаро ба оғӯш мекашид. «Рӯзгори нек дар пеш аст, якдилу дастгири ҳамдигар бошед», – мегуфт. Мо, муҳоҷирони навомада аз водии кӯҳистони Вахё, ки дарҳои кошонаи бобоиро бо чашмони пуроб ва оҳу ҳасрати зиёд баста будем, ба ин меҳрубонёр сахт дилбанд шудем. Ӯ рафту чӯбу тахтаву масолеҳи хонасозӣ рехт. Дар зистангоҳи нав бо мардуми ӯзбекзабон, муҳоҷирони қаблан аз водии Фарғонаву Хуҷанду Зарафшон омада, суфраи пур аз муҳаббату дилнавозии ҳамсоягиву қишлоқдорӣ густурда шуд» [3, с. 110].

Бобоҷон Ғафуров баъдан дар мақоми роҳбарии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шуравӣ (1956-1977) бо ҷилои расотару гиротар тоҷу сарири миллати гиромигуҳарашро тобандагӣ бахшид. Китоби бузургу гаронбаҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бе муҳобо дар як раф бо «Шоҳнома»-и ҷовидонёди Фирдавсӣ барои таъмини хайру хуши мардуми соҳибваҳдати мо шафоат кардан дорад.

Хидмати ба ҷо овардаи аллома Бобоҷон Ғафуров воситаи ин ёдгории илмии ҷондор ба нафъи мардуми тоҷик ва мардумони дигар, ба нафъи фарҳангу амну осоишу якдилии бардавоми башарӣ лоиқтарин тақдими қаҳрамононаест дар бӯронитарин соҳати таърихи ҳаяҷонангези Шӯравӣ. Дар миёни даҳҳо миллату халқиятҳои ҷамоҳири Шӯравӣ чун шаҳодатномааш ифтихору бузургиву барқу ҷалоли нажоди парвардаи хиради раҳнаморо «Тоҷикон» рӯнамо сохт ба ҳадди аълои ҷасорат.

Бобоҷон Ғафуров самбули (символи) ватандӯстдорӣ, озодӣ, якҷоиву якҷонӣ буд. Дар пайи тадқиқи ваҳдати мо басо сиёсатгироён, ҳукмронон, сулҳҷӯён, озодиталабони ҷаҳони айнӣ гулчанбарҳо ороставу ситораҳо часпонда, лоиқи пазиришу омӯзиш донистаанд. Хондам, ки ба гоҳи гиромидошти ҷашни Наврӯзи ҷаҳонишудаи мо, ки талъати ҳамин ваҳдат асту талошу ташаббусҳои Сарвари муаззами давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собиқ Президенти Амрико Барак Обама дар Қасри Сафед дастархони «ҳафтсин» густурда кард [3, с. 112].

Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров барои таълифи китоби «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар солҳои таҳқиқу таълифи ин шоҳасари безавол нафарони бадхоҳи миллат буданд ва дар фаъолияти муаррихиву таҳқиқии алома Бобоҷон Ғафуров монеаҳо эҷод менамуданд.

Ин гурӯҳи афроди тангназар намехостанд, ки арзишҳои бунёдӣ ва идомаи ташаккулёбиву созандагии халқи тоҷик чун китобе таълифу чун махзане барои наслҳои оянда гузошта шавад, аммо фарзанди фарзонаи миллат академик Бобоҷон Ғафуров ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, шоҳасари гаронмояи халқи тоҷик – «Тоҷикон»-ро таълиф намуд. Дар ин шоҳасар аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии Осиёи марказӣ маълумоти дақиқ ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ҷой дода шудаанд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд [2].

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро баъди чандин соли дар орзуи тавфиқи ҳамсоягиву ҷӯромадӣ, дӯстдориву дастиҳамгирии ду халқи аз қадим бо ҳам ёру ёвар-тоҷикону ӯзбекон ҷозибаи Сулҳу Ваҳдати мо, ки Асосгузору меъмори мулоҳизакораш Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, қобили сурат гардонд.

Таърихи нави созиши дӯстиву рафоқату дилпайвандӣ дар минтақа сар омад. Кунун аз «боғи ошноӣ» меваи «шохи вафо» (афрӯзаҳои Ҷомӣ) ду халқи куҳанпайванд ком ширин медорад. Дар ин замон кадом ифтихоре метавон ёфт, ки дар қиёс бо ифтихороти баровардаи ваҳдати мо қобили баробар бошад? Бо ҳамин ҳаҷми барозои нозишу сарбаландӣ дар остонаи Иди Ваҳдат раво донам чанд ҳарф гирди номи тӯдае ифротиву ба зоҳир «мулло»-ву наҳзатмаслакони исломисоз, ки туфайлихӯрону лаббайкгӯёни созмонҳои террористиву дунёсӯзиву ҷудоиафкананд.

Камина чун ҳазорон ватангумкардаҳо дар диёри мусофирату бечорагиву беқадрӣ (бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997, ки дастандаркоронаш сулҳталабону мазҳабфурӯшони ҲНИТ буданд) дарди низову беҳамиву ноошноиро дар чашму ҷону ҷигар гардондаам. Ёдам ҳаст, баъди сафари Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хосдеҳи Афғонистон (воқеан ин иқдом дар вазъияти онвақтаи таркишҳои бомбаву тӯппарронии маргрези бархӯрдҳои дохилии Афғонистон фаротар аз шуҷоату ғайратмандии қаҳрамонӣ буд) муллоҳову эшону мавлавиҳои сарвари раёсату кумитаву қуюдҳои созмондодаи худ дар ҳар манотиқ ҳиҷратзадагони пайи фиребидаи худро боз ҳам фатвои «ғамхорона» медоданд: «Саросема нашавед, аз мамлакати исломӣ пушт гардондан аз аҷри савоб бенасиб мондан аст».

Дар яке аз чунин ҷамъомад, ки гӯшу ҳушҳо безори амри маъруфи бехайру шафоати эшони қоиммақоме шуданд, Сахӣ ном марди бағайрат иҷозаи сухан пурсиду бебок афзуд: «Ҳазратҳо, набандед сари роҳмона, ин ҷо зеби шумо дорад. Кӯдакони ҳазорони мо-омиён бурдаи гӯштро дар идҳо аз хайру эҳсони омада мечашанд. Қисме аз Шумо пештозонамонро дидем: аз ҳаққи ятимон ҳам даҳан бамаза мекунанд. Моро дигар тоб надиҳед. Ҳатто афғонҳо муборакбод доранд, ки подшоҳтон ба суроғтон омада…» [3, с. 113].

Издиҳоми тайи чору ним соли чӯлгардиву дилкандагиву оҳмандии ноумедро ин ҷунбиш аз пойгоҳи сутуҳу аламзадагии ғурбат ба майдони настуҳуҳ – ватанёбӣ ҷӯшонд. Онон, ки то ин дам соҳибкиром дар раъси ин ҷамъомад сарварӣ доштанд, панҷа ба гиребони тавба часпонданд… Чӣ хубе! Мо дасти холиву дили пазмону доғи дидори Ватан ва саршор аз муҳаббату иштиёқу хайру салоҳ худро ба оғӯши кишвар ширеш бастем. Чӣ баде! Онон чанде бо ҳамёнҳои долларкӯб, мошину шикамҳои дунба ва ҳамон дилҳои сиёҳи ифротиву пешдаҳанӣ баргаштанд. Бадтар аз он имрӯз боз бо муридони навбаромад аз гиребони зархарид каллаи ғаразпеч кашида, қад рост карда, аз дохилу хориҷ пешонаи ваҳдату ҳувияту оромишу хезишҳои ватансози моро тирнишон доранд. Пайу овозашон аз дори дунё канда!

Арзандатарин, зебандатарин, дилхоҳтарин дастёбамон тақдими ту бод Ваҳдати мо-такягоҳу паноҳи Сулҳу Истиқлол, хирмани буду боди Самару Исмат.

Истиқлоли давлатӣ дар канори дигар тадбирҳои наҷибу муҳим марҳалаи тозаеро дар шинохтва тақдири хидматҳои бевоситаи олимону донишварон, соҳибназарону ҳунарварон оғоз бахшид. Натиҷаитаҳкими ҳамин рукни барҷастаи сиёсати давлатӣ азсӯйи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар амри тақдири бузургтаринчеҳраҳои адабиву илмӣ ва сиёсӣ – унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон таъсис шуда, дар қатори дигар абармардони миллат ба академик Бобоҷон Ғафуров низ ин мақоми баланд сазовор дониста шуд.

Дар баробари ин ки Пешвои миллат хидматҳои бузурги аллома Бобоҷон Ғафуровро дар арсаи сиёсат, илм, фарҳангу маориф тақдир намуда, унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистонро ба ин фарзанди фарзонаи миллат сазовор дониста, ҳамзамон дар кишвар як ноҳия, як донишгоҳ ва чандин муассисаҳои маърифатиро ба номи ӯ гузоштанд, худ дар сафи аввали муҳаққиқон ва мубаллиғони осори ин донишманди соҳибназар қарор гирифта, бо таълифи силсилаи мақолаҳои илмӣ ҷиҳати маърифати ҳар чи бештари мақоми маънавии алломаи бузург саҳмгузорӣ намуданд [6, с. 120].

Яке аз бузургтарин хидматҳои дар ин арса анҷомдодаи Пешвои миллат иқдом дар нашри китоби бузурги “Тоҷикон” мебошад, ки ҳам соли 1998 ва ҳам соли 2008 дар айёми таҷлили ҷашнҳои 90 ва 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Сарвари давлат ба ин асари ҷовидонаи Бобоҷон Ғафуров пешгуфторе таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” навишта, ба он баҳои сазовор доданд: “Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст.

Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқиммати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад. Баъдтар, дар мавриди шахсият, хидматҳои бузурги сиёсиву давлатӣ, фаъолияти илмӣ ва фазилатҳои барҷастаи Бобоҷон Ғафуров боз ду мақолаи Пешвои муаззами миллат таҳти унвонҳои “Фарзанди фарзонаи миллат”, “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ба қалам омаданд, ки ҳар ду мақола ба китоби “Чеҳраҳои мондагор” шомил гардидаанд.

Дар мақолаи “Фарзанди фарзонаи миллат” хидматҳои Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шарҳу тафсир шудаанд [1, с. 34]. Аз ҷумла, дар ин мақола қайд гардидааст, ки дар тамоми самту соҳаҳои фаъолият Бобоҷон Ғафуров ба арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузошт ва нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ақидаҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозӣ оштинопазир буд.

Дар канори тафсири корномаҳои сиёсиву хизматҳои ҷамъиятӣ Пешвои миллат дар ин мақола низ ба китоби “Тоҷикон” баҳои баланд дода, онро “қувваи заволнопазир дар болоравии худшиносию худогоҳии миллӣ” мешуморанд, ки маҳз ҳамин шоҳкории илмӣ мӯҷиби сазовор гардидани Бобоҷон Ғафуров ба унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Дар мақолаи дувуми худ таҳти унвони «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» Пешвои миллат ёдовар мешаванд, ки ин марди тавоно «бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд» [6, с. 121].

Нуктаи бисёр арзишманд ва аз назари илмӣ муҳкам дар ин мақола боз ин матлаб аст, ки Бобоҷон Ғафуров зимни тадқиқоташ мушаххас мегардонад, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ баробари паси сар намудани роҳи пуршебу фароз бар асоси «Ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқиммату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод карданд ва дар ҳар давру замон рисолати тамаддунофарӣ ва фарҳангсозиро иҷро карда, онро то имрӯз идома медиҳанд» [1, с. 36].

Маҷмӯан, аз таҳлилҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ба академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 400 рисолаву мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» ташаббуси наҷиби Бобоҷон Ғафуровро дар мавриди таълифи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» хеле бамаврид шарҳу тавзеҳ кардаанд: «Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани ин нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзуи тақдири миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллат равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносиву ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шаҳодат медод» [6, с. 122].

«Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони русӣ тарҷума ва дар муддати кӯтоҳ се маротиба дар Маскав нашр гардид. Ин асар аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон баҳои баланд гирифта, барои тадқиқоти минбаъда ва ба вуҷуд омадани таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик замина гузошт.

Воқеияти ин суханони бузурги Пешвои миллатро пеш аз ҳама корномаҳои ватандӯстонаи худи эшон собит месозанд. Зеро Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди бедордилу фидоии миллат дар идомаи ин ташаббусҳои ватандӯстона чаҳор ҷилд таърихномаи бузурги миллати тоҷикро таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба қалам дода, чандин асари бузург ва арзишманди таърихие, ки барои исботи ҳастии миллати тоҷик дар айёми навини ҷаҳонишавӣ ва марҳалаи дигари гуногунандешиҳо нақши бузург доранд, таълиф намуданд. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Мавлоно ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли онҳо аз ҷумлаи чунин таълифоти пурбаҳо маҳсуб мешаванд. Дар канори ин, тавассути раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», силсилаи мутуни адабиву таърихномаҳои куҳан «Тоҷнома», мероси адабии суханварони гузаштаи мо таҳти унвони «Ахтарони адаб» интишор ёфтанд, ки воқеан, идомаи корномаҳои ба таъбири худи Пешвои миллат «қаҳрамононаи Бобоҷон Ғафуров»-ро дар ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозтоб бахшидаанд.

Дар ҳаёти мадании ҳар халқу миллат шахсиятҳоеҳастанд, ки ба баракати донишу маърифат, мутолиаи густурда ва эҷоди шоҳкориҳои арзишманду нотакрор ба дараҷаҳои баланди тараққиёти тафаккуриинсонӣ расидаанд. Чунин шахсиятҳо танҳо фарзандихалқи ҷудогона маҳсуб намешаванд, балки кулли инсоният онҳоро фарзанди худ мехонанд, зеро ба гуфтаиВ. Белинский «табиати чунин ашхос ҳамаи он чиро, киинсоният бо он зиндагӣ мекунад, дар худ ҷой додааст.Аз ин рӯ, ҳар кас дар руҳи онҳо рӯҳи худ ва дар симоионҳо инсон – бародари худро дар олами одамият мебинад».Аллома Бобоҷон Ғафуров низ аз қабили ҳамин гуна инсонҳост, ки танҳо ба халқи тоҷик мансуб нест: зиндагии ӯ дар замони худ барои тамоми мардуми собиқ сермиллати шӯравӣ ва гузашта аз он барои аксари мардуми Шарқ мояи ифтихору ибрат буд. Мардуми Шарқ аз он ифтихор доштанд, ки чунин шахсияти донишманди тимсоли хирад ва илму маърифат маҳз аз Машриқзамин рӯида ва ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар миқёси байналмилалӣ мебошад [4, с. 124].

Воқеан ҳам, фаъолият намудан ба ҳайси директори Институти ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз пажӯҳишгоҳҳои илмии бузургтарини олам маҳсуб меёфт, кори осон набуд. То ба ин зинаи баланд расидан чи қадар заҳмату талош, омӯзиш, худфарсоию умркоҳӣ, мутолиаю муқоисаҳои илмӣ, шабзиндадорию бедорхобӣ, сӯхтану дуд накардан ва аз худ гузаштанҳо нуҳуфтааст. Маншаи ин камолоти маънавиро, пеш аз ҳама, аз зиндагии хонаводагии аллома Бобоҷон Ғафуров мебояд ҷуст. Зеро афроди ин хонадон аз чашмаи файёзи маърифат ва ҳақиқат сероб гардидаанд. Модари аллома Розия Озод низ аз аҳли қалам маҳсуб шуда, коми фарзанди хешро бо адабиёту маънавият бардошта буд [4, с. 123].

Паҳлуи дигари ҳаёту фаъолияти олим ба таҳқиқ ва муаррифии таърихи миллати тоҷик бахшида шуда, бо таълифи «Тоҷикон» сахт алоқаманд аст. Ба нашр расидани шоҳкори бузурги «Тоҷикон» ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт» [2].

Бешак, мутолиаи «Тоҷикон» ҳар хонандаро ба шинохти шахсиятҳои бузург раҳнамоӣ мекунад, дар вуҷуди ӯ эҳсоси бузурги худшиносӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани ин сарзаминро бедор менамояд. Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат бо дарназардошти арзиш ва аҳамияти ин асари аллома дар таъмини худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар арафаи 90-солагии муҳаққиқи бузург нашри такрории “Тоҷикон” ба роҳ монда шуд. Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ ба ифтихори ин сана ба кору пайкор, ҷонфидоӣ, ҷасорати олим ишора намуда, таъкид карда буданд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст» [1, с. 32].

Дар замони истиқлолият бо ибтикори Сарвари давлат интишор ва дастраси аҳли илму адаби тоҷик, инчунин, олимони кишварҳои гуногун қарор гирифтани «Тоҷикон» дар баробари вусъати равобити густурда бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир миллатро ҳамчун дорои пешинаи таърихии давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Зеро аллома бо навиштани ин асар ба чанд ҳадафи муҳим муваффақ гардид, ки дар сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти калидӣ, ҷойгоҳи хосса дорад, аз ҷумла, муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати кӯҳанбунёд, дорои тамаддун ва фарҳанги олӣ дар миқёси байналмилалӣ. Дар замири ҳамватанон бедор намудани эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз арзишҳои он. Таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва худшиносӣ. Дар ҳақиқат ҳам, ташаббуси Сарвари давлат дар заминаи нашри китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид [6, с. 126].

Маҳз бо дарназардошти арзишу аҳамияти ин асари оламшумул аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ин иқдоми наҷиб баёнгари он аст, ки Сарвари давлат ба аҳли илму маърифат ҳамчун чароғи раҳнамои ҷомеа ва неруи пешбаранда, таваҷҷуҳи беандоза дошта, инчунин, эҳтироми беҳтарин фарзандони хизматнишондодаи миллат, арҷ гузоштан ба заҳматҳои ононро самти меҳварии фаъолияти худ қарор додаанд. Аз тарафи дигар, сиёсаташон ба гиромидошти арзишҳое, ки воқеан метавонанд барои пойдорию субот, оромию осудагии кишвар ва муаррифии миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ мусоидат кунанд, нигаронда шудааст.

Мутолиаи “Тоҷикон” моро бо таърихи пурифтихори мубориза ва давлатдориҳои хонадонҳои тоҷикон, аз ҷумла хонадонҳои Сомониёну Саффориён, Тоҳириёну Ғуриён аз тадбири давлатдории гузаштагон, муборизаҳо ва пирӯзиҳои онҳо, падид овардани маданияти баланди шарҳсозию шаҳрдорӣ ва муборизаи қаҳрамононаашон ошно сохта, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагонро тақвият мебахшад. Зеро,
чунон ки Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, яке аз сарчашмаҳои аслии худшиносӣ ин ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор буда, дарку маърифат ва шинохти мероси таърихӣ барои шукуфоии фардои давлату миллат зарур мебошад.

Дар шароити ҷаҳони имрӯз, ки масъалаҳои амният, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо карда, хизматҳои мондагору таърихии аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошт ва маърифати мафҳумҳои Ватан, миллат, истиқлолият, сулҳу субот ва амният ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ арзиши бештаре касб намудааст.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – 254 с.

2. Маҳмадуллозода Н.Р. Китоби «Тоҷикон» воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст //https://mehnat.tj/tg/news/dt/.

3. Набот М. Салом,даркушои фатҳу фараҳ // Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – С.109-114.

4. Султонӣ Т. Пешвои миллатва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров // Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – С.123-126.

5. Туҳфаи Президент. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид //https://nazorat.tj.

6. Усмонов А. Пешвои миллатва шинохти Бобоҷон Ғафуров // Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – С.119-123.