• Ализода Нуралӣ Алӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дар интиҳои асри XX давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ гашта, асосҳои бунёдии ин кишвар коста гардиданд ва дар натиҷаи ин раванди иҷтимоӣ он ҳамчун давлат аз байн рафт. Дар фазои беканори Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии давлатии хешро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва дарҳол эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз гардид. Танҳо дар зарфи бештар аз як сол истиқлолияти кишвари мо аз ҷониби 110 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Ҳамчунин, эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тавсеаи ҳаёти иқтисодӣ-сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ мемонд. Пайи тадбирҳои ба роҳ мондаи иқтисодиву сиёсии Ҳукумати кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии созмонҳои бузургтарини сатҳи ҷаҳонӣ, аз 2 марти соли 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид, аз 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва аз 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ шомил гардид.

Боиси таассуф аст, ки инқирози давлати Шӯравӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати моро ба ҷойи муттаҳиду якпорча гардонидан паҳну парешон сохт. Кишвар ба гирдоби намоишҳои эътирозию мухофилатҳои бардавом фурӯ рафта, дар пойтахти мамлакат гидиҳамоиҳои тулонӣ ташкил карда шуд ва Тоҷикистони орому осоишта ба сарзамини паҳну парешон ва гирифтори набардҳои хунини дохилӣ табдил ёфт. Маҳз, дар чунин шароити тақдирсоз зиёиёни кишвар тавонистанд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олиро даъват намуда, асосҳои бунёдӣ ва ҳуқуқии давлати тоҷиконро эҳё намояд ва ба раванди сулҳу оштии миллӣ асос гузоранд.

Қайд намудан зарур аст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар давраҳои баргузор гардидани созишномаи сулҳи тоҷикон оғоз гардидааст. Тибқи муқарарроти баҳсу муноқишаҳо сиёси, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон ёрию дасгириҳои хайрхохонаи созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон – Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои исломи Эрон, Покистон, Афғонистон Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркменистон, Узбекистон назаррас буданд. Ба ифодаи олими тоҷик Иброҳим Усмонов баргузор шудани давраи якуми сулҳи тоҷикон дар соли 1994 бо иқдоми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон “ин як ҷаласаи мутантани сиёсӣ буд, ки ба авзои ҳарбию сиёсии Тоҷикистон бахшида шуда буд” [4, с. 84].

Ҳамчунин, ҳанӯз дар аввалин баромади хеш дар Созмони Миллали Тоҷикистон 29 сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон.Таърихи ташаккули муносибатҳои байналмиллалӣ сиёсатмадорони зиёдеро медонад, ки давлати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанду сиёсати хориҷии хешро ба роҳ мондаанд. Аммо нуктаи зариф ин ҷост, ки аксари онҳо бо таҳдиди силоҳи ҳастаӣ, бо маҳсулоти пешрафта ва ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ нақшофарӣ кардаанд. Пешвои миллати мо дар шароите қарор дошт, ки бояд “ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ракетаву бомба, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи нодир (ки дар ихтиёри кишвари мо набуд) баланд мебардошт. Ва ӯ ин корро кард, бо тадбиру фаросат, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созандаи глобалӣ, мавқеи босуботи сиёсӣ ва равобити неки байналмилалӣ” [6, с.44]. Ин аст, ки аксари муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмонро поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. Бо ифодаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдулло Раҳнамо замоне, ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар ӯҳда гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт” [14, с.11].

Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳои айнии ҷойдошта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал то имрӯз заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ” (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ» (2014), Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015).

Ҳанӯз, соли 2001 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди ҷангӣ ва бозгашти сулҳу субот муайян карда буд. Бо гузашти чордаҳ сол, бо назардошти ташаккули ҷаҳонишавӣ ва шаклгирии низоми нави геополитикӣ ва хусусиятҳову афзалиятҳои муосири Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли2015, №332 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Зарурати консепсияи нав дар он аст, ки бо оғози асри ХХ1, дар натиҷаи азнавсозии низоми ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати байналмилалӣ низ дигаргуниҳои амиқеро аз сар мегузаронад. Воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодии геополитикии ҷаҳони муосир тамоми кишварҳоро водор месозад, ки стратегияҳои дурусти таҳкими сиёсати хориҷии хешро коркард намояд1,с.44]. Ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии муайянкунандаи шоҳроҳи сиёсати хориҷии кишварамон маҳсуб мешавад ва таъкид менамояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияти конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, чун Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вазорати корҳои хориҷӣ мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад.

Бояд гуфт, ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқии робитаи дипломатӣ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидашудаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо манфиатҳои умумибашарӣ омили ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Ба арсаи байналмилалӣ чун давлати соҳибистиқлол қадам ниҳода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти дохилӣ тадриҷан таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба масъалаҳое ҷалб намуд, ки дар таъмини амният ва суботи ҷаҳон, вазъи муҳити зист, пешомадҳои рушди иқтисод ва дигар самтҳои ҳаёти умумибашарӣ аҳамияти хосаро бархӯрдоранд. Дар ин росто ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об ба манфиати халқҳо ва кишварҳо бидуни зарар овардан ба табиат ва муҳити зист аҳамияти калон дошта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҷиддӣ ёфтанд. Ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар соҳаи об ба усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба истифодаи одилонаю оқилона ҷонибдор буда, пайваста ҳамчун ташаббускори пешниҳодҳо,тарафдори такмил додани низоми минтақавии марбут ба шабакаҳои идоракунии муштараки захираҳои об баромад мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни суханронии худ пешниҳод кард, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон гардад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд [7, с. 65]. Ин қарори Иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аввалин иқдоми ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об буд, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ташаббуси дуюми байналмиллалии Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 58-умин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид аз 10.12.2003 оид ба натиҷагирӣ “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳаёт” (2005-2015) ба шумор меравад, ки тибқи нақшаи таҳррезишуда баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюмон 8-9 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин баргузоршавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд.

Ташаббуси сеюми байналмиллалии Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эълон шудани “Соли байналмилалии дипломатияи об” маҳсуб меёбад, ки тибқи қарори Иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20.12. 2010 таҳти рақами 65/154 қабул гардидааст. Ташаббуси сеюм ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва танзими муносибатҳои байни кишварҳои гуногун нигаронида шуда, аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ меёбад. Ҳамчунин, ин ташаббус имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи пешрафта дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез дар идоракунии захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ истифода карда шавад.

Ташаббуси чоруми байналмиллалии Пешвои миллат соли 2018 “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин иқдом обрӯи байналмилаии Тоҷикистонро боз ҳам боло бурд, зеро “Дар шароити таъғирёбии иқлим захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилотҳоии асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст” [5, с.14].

Ташаббуси панҷуми байналмиллалии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Конфронси СММ доир ба тағйирёбии иқлим бо тарафдории 153 аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025-ро “Соли байналмилалии пиряхҳо” ва ҳар сол 21-март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” эълон гардид. Ин иқдом обрӯи байналмилаии Тоҷикистонро боз ҳам боло бурд, зеро “Дар шароити таъғирёбии иқлим захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз мушкилотҳоии асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст.

Пешниҳоди дигари байналмилалии Президенти Тоҷикистон вобаста ба Лоиҳаи энергетикии минтақавии CASA-1000 (CASAREM) мебошад, ки он соли 2007 дар Исломобод байни 4 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба имзо расид. Оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 12 маи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвазирони Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид. Дар доираи лоиҳаи “КАСА – 1000” сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500- киловата ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо маром давом дорад. Соли 2020 Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супурда шуд, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд, ба фаъолият оғоз намуд.

Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бештар аз 160 кишвари аҳон ба расмият шинохта шуда, бо 188 кишварҳои олам ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба роҳ монда шудааст. умҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаи байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва берунии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳалӣ ва мазҳабиву нажодӣ муроот менамояд [8, с. 44].

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари проблемаҳои Тоикистон таваҷҷӯҳи омеаи аҳониро ба қазияи Афѓонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, кочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ҷалб кардааст, ки аз сиёсати хориҷӣ ва афзалиятҳои дар пеш гузошта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳо ва манфиатҳои миллии худ такя менамояд. Аҳдоф ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи кунунӣ ва дар ояндаи наздик аз инҳо иборатанд:

– ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷодӣ навори амниятӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;

– инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;

– таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёбӣ ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар;

– таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷӣ кишвар;

– тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлатӣ демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд;

– мусоидат ба фаъолияти созанда ва ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.

Хулоса,масъалаҳо ва дурнамои татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ба таври гуногун зоҳир мегардад, ки онро мавриди тадқиқ ва таҳлил қарор додем. Дар Тоҷикистон масъалаҳо ва омилҳоеро ҳал бояд намуд, ки барои рушди сиёсати хориҷии кишвар халал ворид менамоянд ва дар баробари ин мустаҳкамнамоии сиёсати авлавиятноки хориҷӣ дар доираи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба дар ояндаи наздик бо кишварҳоиОсиёи Марказӣ, ИДМ, кишварҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва ғайра муайян гардидаанд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Аслов С. Сиёсати хориҷӣ-маҷаллаи илмиву назариявӣ ва иттилотӣ. -Душанбе-2014. С.43-47

2. Бунёди давлатдории навин. Зери таҳрири Убайдуллоев М. М., 2002.

3. Дипломатия Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. (Зери таҳрири Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ).Душанбе., 2009.

4.Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол.- Хуҷанд, Нури маърифат. 2003

5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2021

6.Салимов Носирҷон, Шарифзода Абдуфаттоҳ. Тоҷики оламшумул. -Душанбе: «Ирфон», 2011. – 372 саҳ.

7. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. – Душанбе-2011.С.188.

8.Саидов Зафар.Основные внешнепоитические интересы Таджикистана на рубеже веков.- Душанбею ООО Контраст. 2011 -538 с.

9. Назаров Т. Таджикистан:экономический рост,интеграция и региональное сотрудничество. – Душанбе. УИ МИД РТ.-2004.-284 с.

10.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон чор соли истиқлолият ва худшиносӣ. –Душанбе. Ирфон, 1995. – 208 с.

11.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. Китоби 1. – Лондон. 1999. -240 с.

12.Эмомалӣ Раҳмон. Ваҳдат сулҳ ва бунёдкори мароми мост.-Душанбе. Ирфон, 2000.- 160 с.

13.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият неъмати бебаҳост.-Душанбе: шарқи озод, 2001. – 94 с.

14. Ҳаким Абдулло Раҳнамо Дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе: «Ирфон», 2017. – 32 саҳ.