• Қурбонов Акмал Акрамович, докторанти PhD-и курси 1-уми ихтисоси рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав

Публитсистика бозгӯйи таърихи ҳар давру замон буда, ҳамчун оина дар он муҳимтарин рӯйдод, воқеа ва масоилу мушкилоти омма инъикос меёбанд. Ин нукта дар масири ағлаби муҳаққиқони публитсистика таъкид мегардад. Васфи яке симоҳои барҷастаи халқи тоҷик корнамоиҳои бемисли сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, марди хирад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи адибону шоирони муосир қарор мегирад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ публитсистону нависандагон, адибону шоирон, ба мисоли Низом Қосим, Озар Салим, Меҳмон Бахтӣ, Ашӯр Сафар, Кароматуллои Мирзо, Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон, Бахтиёр Муртазо, Гулназар, Камол Насрулло, Хайрандеш, Давлати Раҳмониён, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, А. Ҳамдам, Ш. Мусоев, О. Латифӣ, Сангинмурод Шарипов тавонистаанд, ки нақши созандагиву бунёдкорӣ, корнома ва хислатҳои наҷибу инсондӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар эҷодиёти худ инъикос намоянд. Воқеа ва лаҳзаҳои фаромӯшнопазири солҳои 90-уми асри гузаштаро ба ёд оварда, бо ҳисси баланди масъулияти эҷодӣ Шарофат Дониёр дар мақолаи “Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст” рӯи коғаз меорад: “Даргириҳои дохилие, ки дар ҷумҳурии азизамон ба амал омад, гӯё санҷиши тақдир буд дар сарнавишти миллати мо. Бар ивази хунрезию ҷонбозиҳои ҷавонмардони оқилу доно, заковатманду ватандӯст халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худ расид” [3, c.7].

Инъикоси рӯйдодҳои таърихиву иҷтимоии ҷомеа дар публитсистикаи Шарофат Дониёр реалистона буда, касро ба дарки он айёми нобасомониҳо лаҳзае мебарад. Ӯ ҳамчун хизматчии давлатӣ дар сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолияти содиқона намудааст. Шарофат Дониёр, ки ҳамчун муҳаррири радиои вилояти Хатлон баъдтар идомаи фаъолияти корӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят кор мекард, шоҳиди дигаргуниҳои ҷиддии сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Ӯ қайд мекунад, ки “Ҳамчун мутахассиси соҳаи кор бо занон ёд дорам, ки фаъолияти занон дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар сатҳи паст қарор дошт. Шумораи умумии занони роҳбарикунанда дар вилояти Хатлон то 18 фоизро ташкил мекарду халос. Баъди Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 03.12.1995 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» шумораи занони роҳбарикунанда афзуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо аз ҳисоби занони болаёқат зиёд гардид ва ин занону бонувони ҷумҳуриро руҳу илҳоми тоза бахшид” [3, c.8].

Сулҳу субот, якпорчагиву ваҳдати миллӣ як зумра қаламбадастонеро рӯи кор овард, ки аз лаҳзаи ташкили сохти конститутсионӣ, дигаргуншавии хоҷагии халқи мамлакат бо фаъолияти пурсамари хеш ҳиссагузорӣ намудаанд. Ин нуктаро бо шукргузорӣ баён месозад:

Шукри ҳама неъмати Худованд кунем,

Шукрона зи зиндагии чун қанд кунем.

Подоши ҳама заҳмати мо ваҳдат шуд,

Шукрона зи миллати зафарманд кунем.

Ваҳдат, ки мароми зиндагӣ дар он аст,

Орояи қисмати бани инсон аст.

Тоҷик ба тамоми рӯи олам машҳур,

Аз ҷаҳди мубораксамари Раҳмон аст [6, c.3].

Ё ҷои дигар аз давраҳои аввалини мушкилоту нобасомониҳои мамлакат хуб ёд меорад ва он хотираҳоро ба қалам мебахшад. Аз инҷост, ки дар маркази эҷодиёти Шарофат Дониёр маҳз хизматҳои хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад: “Дар айёме, ки кишварро гирдбоди яъсу ноумедӣ, даҳшати ҷанги бародаркӯш фаро гирифта буд, Худованд барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаеро қудрати сарварӣ дод, ки ҷаҳониён шефтаи ҳунари роҳбарии ӯ гаштанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози миллат, ки Тоҷикистони азизамон бо чӣ қадар мушкилотҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбо бовариву эътимоди устувор низоми давлатдориро асос гузошт” [3, c.7].

Дар меҳвари асосии эҷодиёти шоир ва публитсист Шарофат Дониёр тараннуми Истиқлолияту ваҳдат нақши муассири Пешвои миллат ва “сиёсати муваффақона”-и Роҳбари давлат қарор дорад. Дар тули таърихи дуру дарози давлатдории тоҷикон, миллати тоҷик бо ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи сартосарӣ, озодиву оромӣ ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар ранги дигар гирифт. Роҳи пуршебу фарози давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳазорсолаҳои таърих ба наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик намунаи идеалӣ, бо хулқу атвори шоиста, инсондӯстиву хирадмандонагӣ ва пайкори сулҷӯёнаву сулҳофарӣ боқӣ мемонад. Ба васфи корномаҳои Пешвои миллат Шарофат Д. дарҷ мекунад:

Чу оини ҷавонмардист, дар сабки худододат,

Ҳама ҷо сабзкориҳост, аз нақшеву бунёдат.

Мароми некройиҳост, аз фазли ту по барҷо,

Басе мушкилкушоиҳост, дар фазли Худододат [4, c. 3].

Зимни мулоқоту вохӯриҳое, ки Роҳбари кишвар бо фаълони вилоят ва ҷумҳурӣ доир гардидааст. Ӯ ҳамчун иштирокчии чунин лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ аст, ки хотираҳои хубу муассире бо худ дорад. Аз самимияту ба халқу Ватан чун ҷонфидои миллат, пайкрасони сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат бо ифтихор мегӯяд:

Тору пуди мо ҳамеша бо ваҳдат бод,

Ин ҳастии ҷовидона бе иллат бод.

Дар домани даҳр Тоҷикистони азиз,

Сарсабз мисоли равзаи ҷаннат бод [6, c. 3].

Шарофат Д. дар мақолаи “Умед ба ояндаи нек” дар мавзӯи кору фаъолияти бонувону занони деҳот қалам ба эҷод дода, маҳз ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои замони соҳибистиқлолии кишварро ба корнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат рабт медиҳад. Ҳамчунин зикр менамояд, ки занону бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору пайкори бурдборона дошта, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баръало мушоҳида мешавад: “Эҳтиром ба модар, арҷ гузоштан ба қадру қиммати он, заҳмату меҳнати модарон дар сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат мавқеи арзандаро ишғол мекунад. Аз худ намудани илму дониш, соҳиби касбу кор гаштани духтарон аз масъалаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ гашта, дар ин замина Президенти кишвар қайд намудаанд, ки барои соҳибкасбу соҳибмаърифат гаштани занону духтарон шароити мусоид намудан зарур аст” [4, c.4].

Ш. Дониёр то ба имрӯз маҷмуаи очеркҳо, асарҳои публитсистӣ, шеърҳо ва китобҳои зиёдеро рӯйи чоп овардааст. Китоби публитсистии ӯ “Гурдофариде аз водии Вахш” дар бораи Саъбагул Фатҳиддинова фаъолзани меҳнатқарину заҳматкаши водии Вахши вилояти Хатлон дар замони Шуравӣ сухан меравад. Мазмуну муҳтавои китоби мазкур аз фаъолияти пурсамари ҷавондухтари деҳотӣ, ки дар синни 17 солагӣ шуҳрат пайдо намуда, ҳамчун механизатори пешқадам, дорандаи ордени Байрақи сурхи меҳнат, Нишони “Беҳтарин пахтакори ҷавон” ва сипосномаву ифтихорномаҳо мебошад, нақл мекунад. Муаллиф дар доираи ҳаёту зиндагии Саъбагул Фатҳиддинова, суханронӣ бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, фаъолият дар заминҳои бекорхобида ҳамчун механизатори пешқадами мошини пахтачин будани қаҳрамони очеркро тасвир намудааст: “Сад шукр, ки имрӯз миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибдавлат тавассути меҳнату заҳматҳои беохири фарзанди баруманду бо номус, сарфарозу сарбаланд, зебову танумавд, бофарҳангу хирадманд ва дӯстдори ҳар як вачаб хоки сарзаминаш – Эмомалии Раҳмон тамоми дунё мешиносад ва эътироф менамояд” [6, c.17].

Осори публитсистии Шарофат Дониёр дар бораи нақш ва корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар жанрҳои очерк, мақола, эссе, ёддошт, лавҳа, дубайтиву рубоиҳо инъикос ёфтааст. Мавсуф эҷодиёти пурғановате дошта, дар масири эҷоди ӯ, ҳамеша рӯйдодҳои таърихӣ, дигаргуниҳои куллии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик ва мақоми Пешвои миллат дар дунёи сиёсат баробар тасвир меёбад ва ҳам симои як шахсияти нотакрор дар авроқи таърих сабт мегардад.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1.Зарифӣ Ҳ., Зоҳидов Н., Назриев Д., Сафаров Х. Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). / Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, Д. Назриев, Х. Сафаров. – Душанбе, 2012. – 272 саҳ.

2. Ғоиб Ҳ., Бахтофарин /Ҳ. Ғоиб. – Душанбе, 2011. –125 саҳ.

3. Шарофати Дониёр Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст // Д. Шарофат. – “Маҳровар” №4, 2018. – 32 саҳ.

4. Шарофати Дониёр Чу оини ҷавонмардист… // Д. Шарофат. – “Маҳровар” №1, 2020. – 32 саҳ.

5. Шарофати Дониёр Умед ба ояндаи нек // Д. Шарофат. – “Маҳровар” №1 (39), 2022. – 32 саҳ.

6. Шарофати Дониёр Тору пуди мо ҳамеша бо ваҳдат бод… // Д. Шарофат. – “Маҳровар” №6 (44), 2022. – 32 саҳ.

7. Шарофати Дониёр. Гурдофариде аз водии Вахш / Д. Шарофат. –Душанбе, 2021. –76 с.

8. Шарофати Дониёр Рубоиёт / Д. Шарофат. – Душанбе, 2018. – 20 саҳ.

9. Ҳасани Муҳаммадӣ Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод / Ҳ. Муҳаммадӣ. – Душанбе, 2016. – 82 саҳ