• Каримова Хуҷабӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Иззатулоева Холида Исматовна, номзади илмҳои педагогӣ, саромӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Мо ба ӯ, пиру ҷавон, иззати комил дорем,

Ончуноне, ки варо ҳурмати том аст ба мо.

Ғаффор Мирзо

Таърих нафарони зиёдеро дар хотир дорад, ки бо корнамоиҳои беназири худ саҳфаҳои онро рангину ҷолиб ва фаромушношуданӣ намудаанд. Ин шахсиятҳо бо дониш, ақлу заковат, хираду ҷаҳонбинии густурдаву андешамандиҳои олимона тавонистаанд, дар рушду нумӯи халқияту миллат ва давлату давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар қатори чунин шахсиятҳои бузург Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудааст, ҷойи сазовор дорад. Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ, рафтору гуфтори самимона, фаъолияти одилона вараиятпарастии содиқонаи эшон ифтихор намуда, дар пайравии иқдомоташон амал мекунанд ва сиёсати хирадмандонаи ин ҷавонмарди сатҳи баландро дар ҳамаи самтҳои фаъолият пиёда месозанд.

Ибтидои Истиқлол барои миллати ҷафокашидаи тоҷик ва давлатдории навинаш имтиҳони сангинеро пеш гузошт. Вазъи сиёсие, ки кишвари азизи тоҷиконро саросар фаро гирифта буд, ба сари мардум носозгориҳои зиёд, хавфу хатари нифоқ, парокандагии халқ ва дурӣ аз ёру диёрро бор кард. Дар ин гуна лаҳзаҳои тақдирсоз шахсе лозим буд, ки оташи ҷангро хомӯш ва миллатро аз нестшавӣ эмин дорад. Бо амри тақдир ба майдони сиёсат ворид шудани фарзанди баору номуси миллат – Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро ба куллӣ тағйир дод. То ҳол қасам ёд кардани ин марди оқил Президенти кишварамон дар гӯши мардуми азизамон садо медиҳад: “Қасамёд мекунам,ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам” [2, с. 117].

Аз лаҳзаҳои нахустини роҳбариаш аён буд, ки ӯ қувваҳои ба ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш оварда, барои ба даст овардани сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ тамоми имкониятҳоро истифода бурда метавонад.

Хизматҳои шоистаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлоли миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ баробари ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудшавии онро пешгирӣ намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуд. Дар навбати аввал ӯ мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитҳо муҳайё сохт, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошт, гурезаҳо ва муҳоҷиронро ба ватан баргардонид, сарчашмаҳои ҳуқуқиву сиёсии созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ба миён гузошт, ба барқарори сулҳ ноил гашт, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.

Дар бораи корнамоиҳои ин абармарди сиёсат китобу мақола ва маводи бешуморе ба нашр расидаанд, ки ҳамагӣ қатраест аз баҳр ё мушкест аз хирвор, чунки аз замони ба сари ҳокимият омаданаш бо иродаи қавӣ, ҷасорату матонати фавқулодда баҳри пойдор намудани сулҳу ваҳдат, мустаҳкам намудани пойдевори давлати навбунёди демократӣ ва ободии кишвар ҷоннисориҳо кард ва муваффақ ҳам гашта, дар байни мардум маҳбубияту маъруфият пайдо кард, ки ин ҳама самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва кордониву тавоноии ӯст. Чуноне ки гуфтаанд: “Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст” [1].

Тамоми фаъолияти Пешвои мо саршори созандагист. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули оилаи солим ва нақши ҳар хонавода дар пешрафти давлат ва тарбияи насли наврас мунтазам аҳамияти хосса зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштаанд, ки “… оила ҳамчун падидаи иҷтимоию ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода,дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд” [4].

Дар ҳақиқат, асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор аст. Тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор бошад, берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд. Аз қадимулайём мардуми заҳматкаш ва равшанфикри тоҷик ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медоданд, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ,маърифатпарварӣ, далерию ҷавонмардӣ ва бо нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ саъю кӯшиш менамуданд. Таъкиди Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар оид ба баланд бардоштани мақому манзалати волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд аз Консепсияи миллии тарбия маншаъ гирифтааст. Иҷрои дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ба андешаи Президенти кишвар имконият медиҳад, ки мо дар тарбияи насли наврас як механизми комили тарбия – мактаб, оила ва ҷомеаро ташаккул диҳем, ки фарзандони мо дар оғуши тарбияи ҳамешагӣ ва ҳамагонӣ қарор дошта бошанд.

Сарвари давлат аз ибтидои фаъолияти хеш ба ҷавонони кишвар чун нерӯи бузурги созанда эътимоди комил дошт. Дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста ба ҷавонон таъкид мекунад, ки онҳо дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир доранд. Ҷавонон умеди миллат, созандагони имрӯзу фардои сарзамини муқаддаси ниёгонанд.

Ҷавонони ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони ҷадид азму ирода ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро пайваста дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвари харобгашта, мустаҳкамшавии ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибор пайдо кардани Тоҷикистони азиз бо амри виҷдон ва нангу номус сарвари худро пайравӣ намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар ин муддат барои ҷавонон даҳҳо барномаҳои муҳим ва садҳо қарору тадбирҳо таҳия ва пешниҳод намуд, ки бештари онҳо иҷро шуданд ва баъзе аз онҳо имрӯз низ дар арафаи иҷро ва татбиқ қарор доранд.

Ҳамасола бо иштироки сарвари кишвар бо ҷавонон вохӯриҳои судманд гузаронида мешавад, ки ин нишон аз таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба онҳо мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамояд, ки ҷавонон чун ояндасози кишвар “Бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодии кишварро таъмин менамоянд” [5, с. 86].

Имрӯз, ки дар шароити ҷаҳонишавии муносибату арзишҳо қарор дорем, ҳифз ва нигоҳ доштани арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар амалӣ гаштани ин масъулият ҷавонон ҳамчун қувваи асосӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо мекӯшанд, ки дар баробари ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳанги миллӣ ҳарчи бештар аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта бархӯрдор шуда, худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд. Боиси таасуф аст, ки дар баробари чунин падидаҳои неку мусбат дар ҷомеаи мо унсурҳои номатлуб ва харобиоваре низ зиндагӣ доранд, ки барои ноором шудани ҷомеа ба ифротгароию фасодкорӣ машғуланд. Чунин амалҳои ғаразнок, албатта, бо дастгирии модии ҳомиёни беруна ва ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро амалӣ гардонида мешаванд. Мақсади онҳо ҳарчи бештар таъсир расонидан ба шуур, тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонони кишвар ва дар ин замина ҷалб намудани онҳо ба ташкилотҳои ифротгаро мебошад.

Аз ахбору гузоришҳои ВАО маълум мешавад, ки баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ аз нодониву сустиродагӣ ба доми чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳо афтида, даст ба ҷиноят мезананд ва ё ба гирдоби ҳаракату амалиётҳои номатлуб гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ, мақомотҳои дахлдори ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва махсусан мо падару модаронро зарур аст, ки барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб ва шомил нашудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ тамоми чораҳои заруриро биандешем.

Дар фаъолияти созандагии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ва дастгирӣ нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакони ятим мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ҳукумати мамлакат бо сарварии ин марди хайрхоҳу хайрҷӯ ба ятимону маъюбон ва бепарастону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, натанҳо таълиму тарбияи онҳоро ба ӯҳда гирифтааст, балки барои ба камол расидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯйӣ менамояд.

Ҳар боре, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳад, ба зиндагӣ ва шароити рӯзгори ин табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон аз наздик шинос мешавад. Бо меҳру муҳаббати самимӣ бо онҳо суҳбат менамояд, аз орзуҳои дар дил доштаашон пурсон мешавад, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳатҳои падаронааш ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Чӣ қадар таъсирбахш ва ширину гуворост, вақте ки бо лафзи кӯдакона“Бобоҷон”гуфта, сухангӯӣ ва шеърхонӣ мекунанд. Дар ин вохӯриҳо ҷиҳати амалӣ намудани орзую ниятҳои онҳо ва ҷиҳати беҳтар намудани вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо ба мақомотҳои дахлдор дастуру супориш медиҳад. Аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум аст, ки дастгириву ғамхории доимӣ ба ятимону маъюбон ва бепарастону фарзандони оилаҳои камбизоати ҷомеро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кӯдакону наврасон бо номи “Баҳористон” иқдоми навбатии Пешвои миллат дар ҳаққи насли оянда буд. Ин шабакаи телевизионӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, дарёфти истеъдодҳо ва сайқал додани маҳорати онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд дар самти илму фарҳанг ва техникаю технология дар гӯшаю канори мамлакатамон хеле зиёданд. Моро зарур аст, ки бо ҳар роҳу восита ин ҷавонони соҳибистеъдодро дарёфт намуда, тарбия ва дастгирӣ намоем, барои сайқали маҳораташон шароит муҳайё созем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеъдодҳоро боигарии миллат медонад, аз ин рӯ дар вохурӣ бо зиёиёни кишвар таъкид карда буданд, ки кашф ва ба арсаи илму маориф ва фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳо як рукни муҳимми фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ дар амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад. Намояндагони машҳури миллат аз замонҳои қадим мактаби хоси эҷодии худро доштанд ва ҳамеша дар баробари равнақи эҷодиёти худ ба ёфтану тарбия кардани ҷавонони болаёқат ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Онҳо ба ин восита ҳам суннати эҷодии худро нигоҳ медоштанд, ҳам дигар номбардорони сабку равияи хосаи ҳунарнамоиро ба майдон меоварданд” [3, с. 9].

Ҳамасола баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Илм – фурӯғи маърифат” впа “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, барои дарёфти чеҳраҳои шинохтаи соҳибистеъдод дар самти илму маориф ва фарҳанг нақши муҳим мебозанд. Илова ба ин ташкил ва гузаронидани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи бадеии хонандагон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонӣ мусоидат менамоянд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки сол то сол теъдоди иштирокчиёни ин озмунҳо аз ҳисоби наврасону ҷавонон ва насли калонсол зиёд шуда истодааст.

Ҳамин тариқ,иқдомҳои Пешвои миллат барои рафъи мушкилии ҳамватанони мо монанд ба бунёди шоҳроҳои бузург дар чаҳор самти кишвар, ки минтақаи ҷанубу шимолро бо ҳам мепайвандад, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии сиёҳпӯшӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, маҳкум намудани никоҳи хешу таборӣ ба хотири таъмини солимии миллат, татбиқи лоиҳаи маркази тестӣ барои рафъи ошнобозию камсаводӣ ва дигар чорабиниҳое, ки бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ шудаанд, дар нашъунамо ёфтани ватани мо саҳмгузор мебошанд. Мардуми тоҷик ҳамеша аз иқдомҳои пайдарпайи Президенти кишвар дастгирӣ менамоянд ва аз он ифтихор доранд, ки чунин пешвои созандаю бунёдкор, худшиносу худогоҳ ва раиятпарвару ғамхор насибашон гаштааст.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Шарифзода А., Сироҷов З. Эмомалӣ Раҳмон: Оғози марҳилаи нав / А. Шарифзода., З. Сироҷов. – Душанбе, 2008.

2. Набиев В. Сулҳ, ризоят, ваҳдат. Хуросон / В. Набиев. – Хуҷанд, 2007.

3.Маорифи Тоҷикистон // №4, 2006.

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Рӯзномаи “Омӯзгор”, №5, аз 30.01. 2015.

5. Ҳомидов И. Нерӯи ояндасози миллат / И. Ҳомидов. – Душанбе: Ирфон, 2011.