• Иззатулоева Холида Исматовна, номзади илмҳои педагогӣ, саромӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Маълум аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 Қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин муҳимтарин ва муқаддастарин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик буд.

Зиндагӣ нишон медиҳад, ки ба даст овардани Истиқлолият ин як тарафи кор бошад, ҷиҳати аз ҳама муҳим ва асосӣ ин ҳифзи оромиву субот мебошад. Мардуми тоҷик, махсусан наслҳои оянда аз саҳифаҳои таърих ошно хоҳанд гашт, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Ватан бо дахолати гурӯҳи дасисабозон дар сарзамини мо нооромӣ ба вуҷуд омад, ки онро ҷанги шаҳрвандӣ меномиданд. Ин ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кутоҳ хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватанони моро рехта, 55 ҳазор кӯдакро бепадар, 25 ҳазор занону модаронро бесаробон монда, 1 миллион ҳамватани моро гуреза карда, ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллар зарар расонд. Дар ин рӯзҳои вазнину сангин халқ ба ояндаи худ боварӣ надошт. Ҳар лаҳза сар задани хиёнат мумкин буд. На падар ба писар ва на бародар ба бародар боварӣ дошт. Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Халқу кишварамонро хавфи маҳвшавӣ таҳдид мекард. Бинобар ин зарурияти воқеии даъват намудани Иҷлосияи навбатии 16-уми Шурои Олӣ ва ташкили ҳукумати нави қонунӣ ба миён омад.

Бояд эътироф кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳалаи муҳимме гардид барои бартараф намудани душвориҳое, ки дар назди давлату ҳукумат буданд. Дар ин иҷлосия номзадии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Намояндагони халқ Эмомалӣ Раҳмонро бо дарназардошти қобилияти кордонӣ, ҳақиқатҷӯию бомаърифатиаш бо амри дилу виҷдон интихоб намуданд. Дар чунин марҳалаи фоҷиавӣ ягон кас хоҳиши роҳбари давлат шуданро надошт ва ҳатто ашхосе ҳам буданд, ки барои аз ӯҳдаи чунин вазифаи душвор дар он шароит баромадани касе боварӣ надошт.

Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он вазъияте, ки давлат фақат дар рӯйи қоғаз вуҷуд дошт ва дар асл бошад, тамоми рукнҳои давлатдории мамлакат корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати басо бузург, вале ниҳоят душвор – бунёди давлати навини тоҷиконро гузоштааст. Фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ба ҷавонмардӣ ва нерӯи худ ин масъулияти бузургро ба дӯш мегирад ва ба минбар баромада, мардуми кишварамонро ба сулҳу субот даъват намуда, ҳамзамон ҷавонмардона савганд ёд мекунад: “… агар лозим ояд, бар ивази ҷонам сулҳу ваҳдатро дар Ватанам таъмин менамоям, то даме ки як нафар гурезаи тоҷик берун аз кишвар умр ба сар мебарад, худро ором намеҳисобам” [1, с. 116].

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин сарсупурдаи Ватан ва ҷонфидои миллат дар азми кардааш устувор монд. Дар тули қариб 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва 7 мулоқоти гуногун гузаронида шуд. Даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокчиёни мухолифатҳо дар бобати аз гуноҳи якдигар гузашта, ба зиндагии осоишта қадам ниҳодан ва борҳо сурат гирифтани эълони авфи умум ба тадриҷ самараи матлуб ба бор оварданд. Ҳазорҳо ҷавонони роҳгумзада силоҳҳои худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида, ҳисси кинаву адоватро аз сина дур карда, рӯй ба зиндагии осоишта оварданд. Сарвари давлат бо сафарбар кардани нерӯҳои таъмини амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ муборизаи оштинопазир эълон кард. Баъд аз нисбатан ором гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар аввалин марҳалаи ислоҳоти конститутсионӣ оғоз гардид. Ба ин ислоҳоти конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июли соли 1994 замина гузошт.

Қабули Конститутсия дар раъйдиҳии умумихалқӣ ва зафари Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки ин ду маъракаи сиёсӣ дар як вақт, рӯзи 6 ноябри соли 1994 баргузор гардиданд, барои мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ буданд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳи сулҳ ҷони худро ба хатарҳо меандозад. Бо ҳисси баланди ватандӯстона ва азму иродаи қавӣ барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик дар ҳамон рӯзҳои вазнину фоҷиабор ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон сафар мекунад. Ҳамин тавр, ин ҷонфидои халқ – Президенти кишварамон ҷони ҷавонашро на як бору ду бор ба гарав монду бо талошу ҷонбозиҳои зиёде ба мақсад расид. 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Сулҳ дар Тоҷикистони азизи мо пойдор шуд. Бояд таъкид кард, ки ин сулҳи муввақатӣ набуд, балки Сулҳи устувори побарҷо буд. Сулҳе буд, ки ҷаҳониёнро ҳайратзада кард ва барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк карда буд, ки танҳо бо роҳи сулҳу субот, дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмию якдилӣ халқро аз вартаи ҳалокат раҳо намудан мумкин аст. Бинобар ин, дар рӯзи нахустини роҳбари давлат интихоб шуданаш ба мардум рӯ оварда гуфта буд: “Мо як Ватан, як модар дорем. Бародарвор дасти ҳам гирему машғули меҳнати осоиштаи созанда шавем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем, Тоҷикистонро аз хавфи нестшавӣ ва порашавӣ наҷот медиҳем, онро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем” [2, с. 217-218].

Махсусан ҳамин суханон ба дилу дидаи мардум ҷой шуд ва бо якдилию якдигарфаҳмӣ пайи ободию созандагии кишвар шуданд. Азбаски гурӯҳҳои ҷудоихоҳ тамоми боигарии халқро ба тороҷ бурда буданд, миллати ғоратгашта қашшоқу бенаво ва пароканда буд. Вале Сарвари давлат рӯҳафтода нашуда, бо тамоми ташкилотҳои ҷаҳонӣ муроҷиат намуд ва муҳоҷирони тоҷикро, аҳолии аз ҷанги шаҳрвандӣ парокандашударо ба Ватан баргардонид. Бо кӯмаки Ӯ аввал ин аҳолӣ бо озуқа ва либос таъмин гашт. Заминҳои боқимондаро барои сохтмони манзил ба онҳо тақсим карда дод. Барои сабзонидани боғҳо ва ба даст овардани ҳосили полизӣ аҳолиро дастгирӣ намуда, солҳои аввал онҳоро аз пардохти андози замин озод намуд. Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми минтақаҳои офатзада сафар намуда, арзи онҳоро гӯш менамуд, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекард. Билохир, халқашро дар атрофи худ муттаҳид намуда, тавонист, ки ба боварии эшон мушарраф гардад.

Имрӯз ҳам ҳар қарору қонуне, ки аз тарафи халқ ва намояндагони он пешниҳод мегардад, дасгирӣ намуда, бо аҳолии муттаҳидгаштааш муташаккилона ҷомеаи навро пеш мебарад. Ҷаласаҳои сайёр дар ҳар минтақа ва ноҳияву деҳаҳо гувоҳи онанд, ки халқи Тоҷикистон аз сарвари худ дида, сарвари одили миллатро надорад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар қонуне, ки қабул мешавад, вақте устувор ҳисобида мешавад, ки мавриди истиқболи ҳамагон қарор мегирад ва воқеияти ҷомеа, арзишҳои умумимиллӣ, манфиати давлат ва мардумро ифода намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, ки 9-уми декабри соли 2015 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон кабул карда шуд, аз ҷумлаи ҳамин гуна қонунҳост. Бо қабули қонуни мазкур, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман дар Тоҷикистон Пешвои миллат эълон гардид, ки ин иқдоми бузургро мардуми шарафманди тоҷик бо як ифтихори баланд ва эҳсоси самимӣ пазируфтанд. Қабули қонуни мазкур ин эҳтиром ба подоши заҳматҳои бепоёни Сарвари давлат ба ин сарзамину миллат мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси меҳнатдӯсту хоксор, кордону ташкилотчӣ, дорои маданияти баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, сиёсатмадори комил, нисбат ба халқу Ватани худ вафодору содиқ, нотиқи моҳир ва умуман, дорои тамоми сифатҳои беҳтарини инсонӣ мебошад. Ӯ дар фаъолияти сиёсиву давлатдории худ тарзу усулҳои беҳтарини идоракунии давлатро самаранок истифода мебарад. Сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ватандӯсту матинирода борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба оламиён муаррифӣ намуда, иброз доштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон “Сиёсати дарҳои кушод”-ро пеш гирифтааст. Тоҷикистон омода аст, ки бо тамоми кишварҳое, ки манфиатҳои мутақобилан судмандро ба эътибор мегиранд, ҳамкорӣ намояд. Дар даврони муосир Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо 200 кишвари дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои густарда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти кишварамон тибқи суханрониҳои пурмуҳтавояш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид симои худро ҳамчун сарвари дурандешу воқеъбин намоён сохтааст. Таклифу пешниҳодҳои ӯ аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои глобалии сайёра, андешаҳои мутафаккирона оид ба пешгирии хавфи амалҳои терорристӣ, ба дини ислом омехта насохтани ангезаҳои ифротгароӣ, пешомадҳои хавфноки ҳаракатҳои Толибон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, чун таъкиди саривақтӣ қабул карда шудаанд.

Президенти Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар поягузории давлатдории навини тоҷикон эътироф намуда, дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Пешвои асри ХХгуфта буд: “Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, ба амал, идрок ва нерӯи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад омодаем, то ба Пешвои асри ХХI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдати ягонаро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст” [3, с. 20-21].

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун шахсияти бузург мешиносанд ва эътироф менамоянд. Моро зарур аст, ки ба қадри ин сулҳу осоиштагии пойдор, ки ба ивази ҷонбозиҳои зиёде ба даст омадааст, бирасем ва ҳамчун шаҳрванди худшиносу худогоҳ дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошем.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Набиев В. Сулҳ, ризоят. ваҳдат. Хуросон / В. Набиев. – Хуҷанд, 2007.

2. Набиева Р., Зикриёев Ф., Зикриёева М. Тоҷикистондар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI / Р. Набиева., Ф., Зикриёев., М. Зикриёева. –Душанбе: Матбуот, 2008.

3. Саидзода З., Саидов Ф. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон / З. Саидзода., Ф. Саидов. –Душанбе, 2012.