Имсол дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгорону донишҷӯён аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда сазовори 4 ҷой гаштанд.
Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ғолиб омаданд:
1. Маъво Хошокова, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3;
2. Раҳимҷони Ватанқул, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3,
3. Шукрона Файзуллозода, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3;
4. Фаррух Ҳотамов, магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3 дониста шуд.
Дар баробари ин, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.