1 уми марти соли равон дар толори Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант чорабинии тантанавии вилоятӣ-Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат ва Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон доир гардид.

Зинмин натиҷагирӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз байни ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, Қурбонов Давлатбек, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав “Беҳтарин роҳбари шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди вилояти Хатлон” дар соли 2023 бо Дипломи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуд.

Шамсов Ҷумахон, омӯзгори факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав “Беҳтарин омӯзгори ҷавон дар вилояти Хатлон” дар соли 2023 бо Дипломи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.