Имрӯз, 2 марти соли 2024 муҳокимаи рисолаи илмии докторант PhD-и кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик Турахонов Салоҳиддин Абдураҳмонович зери унвони “Мундариҷаи ғоявӣ ва сохтори ҳунарии насри таърихии Аброр Зоҳир” баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисола доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағаймуродов Р.Ҳ., номзадҳои илмҳои филологӣ ва педагогӣ, дотсентон Аҳмадов С.Г., Наимзода Қ.Қ., Каримов С., Худоёрзода Р., Ниёзӣ А., Шарипов С.И., Қурбонова Р.М., Муродов А., Маҳмадалиева М., Ҳакимов С., Назаров М., Изатуллоева Х., Раҳмонов М., доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филологияи тоҷик Фақиров Х., Чиллаев С., устодон Соқиева П., Назиров А., Чалишева Н., Умарҷони Мирзошариф ва чанде дигарон иштирок ва оид ба муҳтавои рисолаи илмӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Роҳбари илмии докторант номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худоёрзода Раҷабалӣ мебошанд.

Аброр Зоҳир аз ҷумлаи адибони сермаҳсул буда, аз худ асарҳои арзишманди зиёде боқӣ мондааст.

Симоҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар ҷомеа заминаи устувор барои таълифи насри таърихӣ мебошанд, – гуфт зимни муаррифии рисолаи илмӣ Турахонов Салоҳиддин.

Баъд аз муҳокимаи рисолаи илмии мазкур ва таҳриру такмил он барои ҳимоя ба зинаҳои минбаъда тавсия дода шуд.