Дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA- и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи диссертатсионии Кабиров Шарофудин, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисод, дар мавзуи “Таъсири равандҳои муҳоҷират дар бахши кишоварзии бозори меҳнати минтақавӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)” зери роҳбарии Мирзоалиев Абдурашид, дотсенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон доир гардид.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ пешбинӣ шудааст.