Рӯзи 2 марти соли 2024 дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик маҷлиси волидон баргузор гардид.

Дар маҷлис декани факултет Ҳакимов Саъдулло, муовинони декан оид ба таълим Собиров Лоиқ ва оид ба корҳои тарбиявӣ Мусавирова Мусавирова Фарзона, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарипов Сангимурод, раиси бонувони донишноҳ Каримова Санавбар, раиси ҷавонони факултет Раҳмонов Маҳмурод, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Раҳматова Райҳона ва устодони факултет иштироку суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми раванди таълиму тарбияи ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.