Модар чандест маро тарк кардаӣ, аммо руҳи покат бо ман аст. Ман бо руҳи покат ҳамеша суҳбат мекунам. Маро муроқибат мекунӣ, намегузорӣ, ки ба пойи ман хоре бихалад. Ҳарчанд синнам ба ҷое расидааст, аммо маро танҳо намегузорӣ.

Дар хонаи охиратат низ осуда нестӣ, Ёде аз фарзандон мекунӣ. Дишаб дар хобам дидамат, хеле нороҳат будӣ, дунболи чизе мегаштӣ, мушаввашу хотирпарешон будӣ. Ҳанӯз ба фикри фарзандон ҳастӣ.

Эй модари ҷонфидо, охир мо дигар ҷавон нестем, худ соҳиби набераю абера гаштаем, аммо барои ту мо ҳанӯз ҳам кучаку нотавонем ва тифли навзодеро мемонем.

Модарҷон, ҷон модарам, мехоҳам туро ба оғӯш гирам, аммо наметавонам. Мехоҳам ба дунёи ту роҳ биёбам, аммо дастамро мезанӣ ва маро ба дунёи худат роҳ намедиҳӣ. Оҳ, чи қадар бузургӣ, чи қадар тавоноӣ, аз он дунё истода муроқиби моӣ. Модарам, чеҳраатро дар чеҳраи дигарон меҷӯям, ҳаракотатро дар ҳаракоти дигарон.

Афсус, ки ҷавон будем, ба қадри модар нарасидем. Надонистем, ки ин дунё гузарон аст. Эй мардум, ба қадри модарон бирасед, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред!

Шарифзода Шарифхон