Дар васфи модар ҳар чӣ қадар сухан гӯем боз ҳам кам аст, зеро меҳрубонӣ, дилнармӣ, ғамхорию мушфиқӣ бахшандагиву бузургии модарро бо навиштан ба итмом расонида наметавонем. Модар чароғи хонадони ҳар яки мо ба ҳисоб меравад, ҳар вақте, ки мо калимаи зебои модарро ба забон меорем, ҳисси аҷиби айният вуҷуди моро фаро мегирад.

Модар аввалин омӯзгор дар ҳаёти инсон мебошад ва ман дар симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсон ҳаётро офаридааст. Модар фарзанди хешро аз вақте, ки дар батнаш ҳаст, ба тарбият додан шуруъ мекунад ва то вақте ҳаст ба фарзанд роҳи дурусти зиндагиро мефаҳмонад ва нафароне ҳастанд, ки ин ҳама заҳмату ғамхории модарро қадр намекунанд.

Дар ҳоле, ки Модар намехоҳад дар пойи фарзандаш хоре занад ва танҳо модар аст, ки дар ҳар ҳолат барои фарзанд ҷони худро дареғ намедорад ва на ҳамеша фарзанд ин корро барои модари хеш иҷро менамояд. “Намехоҳам, ки модари тоҷик бимирад” олимон қайд мекунанд, ки “Ашки ҳасрату дилҳои афгори модарон аз бесаводии мост”.

Ғамхору ғамшарикон аз муйи сар зиёданд,

Аммо ба рӯзи сахти холист ҷойи модар.

(Лоиқ Шералӣ)

Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест ва тамоми ифтихори дунё аз модар аст. Қалби модар ба андозае густурда ва фаррох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштаро дар он ёбед. Модар, шоир, тарбиятгар ва инсони бомаърифат ва гавҳари ноёб ба ҳисоб меравад. Ҳоло он ки модар доред, ба қадраш бирасед.

Ҳама сарвату давлати дунёро имконияти ба даст овардан мавҷуд аст, аммо модарро не! Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву муҳаббат ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханҳоро ҳеҷ каси дигаре намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигаре нахоҳад кард. Танҳо модар аст, ки баъди бузург шудани фарзанд мегӯяд, ман барои ту бимирам! Магар касе ҳаст, ки аз Модар муқаддастар бошаду бо сидқу самимона ва мушфиқу ғамхорона ин суханҳоро барои мо бигӯяд? Не! Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва меҳрубониву навозиши ӯ мебошад.

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба ин сон бесаводӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ

(Лоиқ Шералӣ)

Хосса, эҳтиром ва қадру манзалати модар дар ҳама дину оин ва аз ҷониби ҳамаи адибону ҳакимони маъруфи ҷаҳон таъкид гардидааст. Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад, фариштаи ҳаёт, кафили ҳастии аҳли башар ва ҳаёти инсон аст.

Ситора Шарипова,

донишҷӯи курси 2-юми факултети математика