Дар гурӯҳи 301 – и ихтисоси информатика омӯзгор Ҳабибуллозода Кароматулло, аз фанни Барномасози дар забони “Delphi” дар мавзуи “Мафҳуми омӯзиши асосҳои барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда дар раванди таълим” баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки яке аз бахшҳои асосии ин самт барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда (БОН) ба ҳисоб меравад, ки аксари забонҳои муосири барномасозӣ онро ҷонибдорӣ менамоянд ва дар заминаи он асосан барномаҳои бузург сохта мешаванд.

Барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда, яке аз воситаҳои асосии таҳия намудани барномаҳои муосир ба ҳисоб меравад. Бе донистани асосҳои он дар забонҳои барномасозии муосир аз қабили C#, Java ва ғайра барномасоз наметавонад, ҳатто барномаи содатаринеро низ таҳия намояд.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки яке аз иллатҳои ҳамчун барномасози касбӣ ба воя нарасидани донишҷӯён ин надонистани имкониятҳои барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Маҳз барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда, боиси таҳия намудани барномаҳои муосир ва эътинофпазир гардида, имконият фароҳам меорад, ки дар сохтани як барнома барномасозон ба таври гурӯҳӣ иштирок намоянд. Дар ин сурат онҳо метавонанд, қисмҳои гуногунро ба сурати класс (class) таҳия намуда, дар охир ҳамаи классҳоро якҷоя намуда, барномаи мукаммалро ба даст оранд. Дар чунин сурат имконоти лоиҳасозӣ кумак мекунанд.

Ин раванд қонуниятҳои якҷоя намудани классҳои аз ҷониби якчанд барномасоз таҳияшударо эҷод намуда, тарзи дуруст ҷобаҷогузории классҳоро муайян мекунанд. Агар қаблан дар муассисаҳои олии касбӣ ҳангоми омӯзиш додани барномасозӣ барои пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома аз компонентҳои визуалӣ истифода мешуд (масалан дар забони барномасозииDelphi) ва ё ба он монанд, ҳангоми сохтани сомона ва ё ягон барномаи дар шабакаи интернет коркунанда ҳамаи коди барнома дар ягон редактори матни бе ҷудокунӣ ба қисмҳои дизайн ва мантиқӣ сохта мешуд.

Аммо истифодаи ин усулҳо айни ҳол ғайри қобили қабул буда, метавонад барои дар оянда ҳамчун мутахассиси ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ба воя расидани донишҷӯён монеа эҷод кунад. Зеро имрӯз барноманависон кӯшиш мекунанд, ки дар доираи як чорчӯбаҳои умумӣ, ки паттернҳо ном дорад, барномаҳои худро таҳия кунанд. Имрӯз барнома бояд тавре навишта шавад, ки дар он қисми рамзи асосӣ ё backend алоҳида навишта шуда, дар он ҳамаи амалҳои кор бо пойгоҳи додаҳо ва коркарди иттилооти зарурӣ дида баромада шавад.

Қисми дизайн ва ё frontend бошад, низ бояд ба таври алоҳида сохта шуда, сипас онҳо якҷоя карда шаванд. Дар ин сурат, тавассути дархост ба сервер аз қисми backend ба суратиJSON (JavaScript Object Notation) маълумоти зарурӣ гирифта, дар бахшиfrontend онҳоро нишон додан зарур аст. Анҷоми ин амал бе истифодаи барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда ғайриимкон мебошад.