Имрӯз 6-уми марти соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар, зери унвони “Модар -сароғози ҳастии башар” баргузор гардид.

Чорабиниро ректоридонишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз бахшида иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда табрик кард.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъоли донишгоҳ бо Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва Ифтихорномаи Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, аз ҷониби дастаи ҳунарии “Леваканд”-и донишгоҳ барномаи шеъру суруд манзури ҳозирин гардонида шуд.