Зиндагӣ маънӣ надорад, бе камоли маърифат,

Одамиро маърифат шаҳбози дунё мекунад.

Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлату миллатҳо ба занону духтарони соҳибмаърифат вобаста мебошад. Даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон рисолати пурмасъули ватандӯстӣ ватандориву ватансозиро пеш гузоштааст. Ин рисолат тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан – Модар содиқона адо намоянд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо меҳр, муҳаббат, офаридгорӣ, сабр, самимият, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарӣ, бунёдкориву созандагӣ ояндаи ҷомеаро роҳанмоӣ карда метавонанд. Зане, ки маърифати баланд дорад, дар баробари хушахлоқу хушодоб ба воя расонидани фарзандон дар рушду тараққиёти ҷомеа низ саҳмгузор аст.

Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва Паёмҳои хеш аз бузургии зан, неруи созандаву тавонои ӯ ҳарф мезанад: «Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзлати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва банангу номус аст».

Аз ин рӯ, ҳамаи ҷомеа мадюни модарон аст ва бояд дар масире ҳаракат кунад, ки мақому манзалати зан-модар ҳамеша дар ҷойгоҳи сазовори худ қарор дошта бошад. Зани бомаърифат таҳдоби ҷомеаи мутамаддинро бунёд мегузорад ва намегузорад, ки фарзандони ӯ ба каҷроҳа бираванд ва ё ба абнои башар хиёнат кунанд. Дар робита ба маърифат ва наќши занон дар ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардан аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст». Воќеан ҳам ҳамин тавр аст. Зан – олиҳаи ҳусн ва рамзи зебоӣ ва ҳамзамон матаноту қудратмандӣ низ мебошад. Дар рӯйи Замин пас аз Офаридгор нақши ӯро иҷро мекунад ва аз домони покаш фарзандони асилу мардони далерро ба майдон омадаанд. Тамоми паёмбарон, сиёсатмадорон ва лашкаркашони тамоми давру замонҳо аз домони поки модар ба дунё омода, шири ҷонбахши ӯро нӯши ҷон кардаанд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки хидматгузори ӯ бошем ва нагузорем, ки ба пойи ӯ хоре халад.

Зиҳӣ, оне ки рисолати офаридгорӣ дорӣ!

Изатулоева Холида,

мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии

ДДБ ба номи Носири Хусрав