Ба муносибати Рӯзи Модар дар толори Китобхонаи донишгоҳ мусобиқаи шашка байни омӯзгорон ва кормандони занони донишгоҳ ба баргузор гардид.

Зимни натиҷагирӣ аз чорабинӣ беҳтарин бозингарони мусобиқа маълум гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Шарипов Маҳмадкарим, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбия ва Каримова Санавбар, раиси бонувони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғолибон ва беҳтарин бозингарони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.