Марҳабо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав!

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати ташвиқи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ рӯзи 13 – уми марти соли 2024 “Рӯзи дарҳои кушод”-ро эълон менамояд.

Довталабон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз парки технологӣ, китобхонаҳои анъанавӣ, электронӣ, хобгоҳи донишҷӯён, Маҷмааи варзишӣ, марказҳои омӯзиши забони хориҷӣ ва синфхонаҳои таълимӣ дидан менамоянд.