Имрӯз журналистика дар таҳаввулот аст. Лаҳза ба лаҳза воситаҳои гуногуни пахши иттилоъ ва имкониятҳои нави медиа ба вуҷуд омада истодааст. Журналистикаи шаҳрвандӣ бо журналистикаи касбӣ вориди рақобат шудааст. Ҳуши маснуӣ (искусственный интеллект) рушд мекунад ва дар дурнамо метавонад ба фаъолияти журналистони ҳирфаӣ ҳам таъсир расонад.

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик оид ба муаммоҳои рушд, дирӯз, имрӯз ва фардои журналистикаи тоҷик бо муҳаққиқи матбуоти даврӣ, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода мусоҳибае анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.

– Заминаҳои аввалини пайдоиш ва ташаккули матбуоти даврии вилояти Хатлонро дар чӣ мебинед?

– Таърихи матбуоти маҳаллӣ дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри ХХ, бо пайдоиши нахустин рӯзномаҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ибтидо мегирад. Дар солҳои 30-юм водии Вахш ба яке аз минтақаҳои муҳимми ҷумҳурӣ табдил ёфта буд. Дар баробари азхудкунии Вахш ва сохтмони канали Вахш, инчунин Саройкамар яке аз минтақаҳои мубориза бар зидди босмачигарӣ будаву дар ин диёр ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX аскарони Русияи подшоҳӣ мустақар буданд. Бинобар ин, ба таъсиси нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчун аслиҳаи бузурги идеологии ҳокимият иқдом карда шуд ва рӯзномаҳои тозанашр бояд муборизаҳои синфиро таҳким бахшида, дар ривоҷи маърифати маънавии мардум, сафарбарии омма ба амалиёти мақсаднок, коллективонӣ ва таҳкими инқилоби маданӣ дар маҳалҳо саҳм мегузоштанд.

Аз нуқтаи назари дигар, ҳанӯз дар охирҳои солҳои 20-ум ин водӣ чун макони парвариши пахтаи пурқимати мисрӣ эътироф гардида, солҳои 30-юм манбаи асосии пахтаи маҳиннах таъйин шуд. Аммо дар миёнаи солҳои 30-юм аҳолӣ дар навоҳии пахтакори минтақа бисёр кам буд (барои мисол, дар ноҳияи Панҷ, мувофиқи нишондоди оморӣ 7,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд). Бинобар ин, фавҷи муҳоҷирати бунёдкорию ободонӣ ба ин сарзамин зарурат пайдо кард. Дар пешрафти ҳаёти хоҷагию мадании минтақа ва тарбияи маънавии меҳнаткашон, ташвиқи бештарин онҳо ба кори пахтапарварӣ саҳми нашрияҳо бағоят назаррас буд.

Нашрияҳои ноҳиявӣ дар охири солҳои 30-юму ибтидои солҳои 40-ум масъалаҳои давлатӣ, сохтори нави ҷамъиятӣ, тарбияи насли ҷадид, меҳнатдӯстӣ, фарҳангу маорифпарвариро васеъ инъикос мекарданд.

Аз замони ба чоп расидани аввалин нашрия дар водии Вахш – “Сохтмони зарбдори Вахш”, ки соли 1931 ба нашр расида буд, 93 сол сипарӣ мешавад.

Таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон агарчи ба 100 сол наздик аст, вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши инструментҳои нигориш ва касбияти хабарнигорон мавзую мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи матбуоти маҳаллӣ низ гуногун буданд.

Марҳилаҳои рушди матбуоти даврии вилояти Хатлонро ба таври зайл тақсимбандӣ кардан мумкин аст:
1. Пайдоиш ва таҳаввули матбуот дар ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ;
2. Матбуоти даврии маҳаллӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945);
3. Матбуоти маҳаллӣ дар шароити Тоҷикистони Шӯравӣ (солҳои 1945-1985);
4. Журналистикаи минтақавӣ дар замони бозсозӣ (1985-1991);
5. Матбуоти маҳаллӣ дар замони истиқлоли давлатӣ (ин марҳилаи инкишофи матбуоти даврии вилояти Хатлонро низ шартан ба давраҳои зерин метавон ҷудо кард:
– Матбуоти маҳаллӣ дар солҳои аввали истиқлол (1991-1992);
– Матбуоти маҳаллӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997);
– Матбуоти маҳаллӣ дар замони татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (1997-2000);
– Матбуоти маҳаллӣ дар марҳилаи нави рушди кишвар (аз соли 2001 ба ин сӯ)).

– Ба андешаи Шумо, имрӯз дар матбуоти даврии вилояти Хатлон аз нигоҳи пажӯҳишгарӣ чӣ мушкилиҳо мавҷуд аст?

– Муаммоҳо бисёранд, аз ҷумла омилҳои нисбатан суст рушд кардани нашрияҳои маҳаллии вилояти Хатлон, мавҷуд набудани рақобати эҷодӣ, надонистани усулҳои муассири пешниҳоди иттилоъ, нарасидани кадрҳои соҳибтахассус, мушкилоти дарёфти мавзуъ, коркард ва пешниҳоди мавод мутобиқ ба завқи аудитория, самаранок истифода карда натавонистани техника ва фанновариҳои муосири ВАО, фарқ карда натавонистани марзи танқид аз дуруштӣ, бадгӯӣ ва беодобӣ, мавҷуд набудани менеҷменти дурусти иқтисодию истеҳсолӣ, надоштани бизнес-нақшаи редаксияҳоро мисол овардан мумкин аст. Иттилооте, ки тариқи ВАО паҳн мегардад, мебояд барои аудитория аҳамияти баланди иҷтимоию гоҳе роҳнамоӣ дошта, афкор ва ҷаҳонбинии оммаро ташаккул диҳад, тавонад рӯйдодҳо, ҷараёнҳо ва тамоюли воқеияти замонро ҳамчунон зинда тасвир кунад, ки аудитория худро шоҳиди мустақим эҳсос намояд, дар бораи қонуниятҳое, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ-идеологии ҳаёти ҷомеаро муайян мекунанд, маълумоти сареҳ бидиҳад.

Мушкили дигаре, ки имрӯз бо он вомехӯрем, ин аст, ки корҳои илмӣ, таҳқиқотҳо ва пажӯҳишҳо атрофи матбуоти даврии маҳал, телевизион ва таърихи журналитикаи музофотӣ хеле кам аст. Масалан, агар матбуоти маҳаллии вилояти Хатлон таърихи қариб 100-сола дошта бошад, перомуни ин самт танҳо як диссертатсияи номзадии дифоъшуда анҷом дода шудаасту халос. Вобаста ба таърих, ташаккул, таҳаввул, мазмуну муҳтаво, сохтору функсияҳо, тамоюлҳои рушди матбуоти даврии маҳал корҳои илмии бисёр кардан мумкин аст. Ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба ин самт барои рушди минбаъдаи матбуоти даврии маҳаллӣ кумак карда метавонад.

– Имрӯз кадом паҳлуҳои ВАО-и вилояти Хатлон таҳқиқталаб ҳастанд?

– Бисёр самтҳое ҳастанд, ки бояд аз ҷониби пажӯҳишгарон таҳқиқ шаванд. Ҷанбаҳои таърихии матбуоти вилояти Хатлон барои таҳқиқи илмӣ метавонад мавзуъҳои зиёд диҳад. Контент ё худ мундариҷа ва муҳтавои нашрияҳо низ предмети пажуҳиш буда метавонад.

Махсусиятҳои жанрӣ, проблемаҳои касбӣ, масъалаҳои ахлоқӣ дар матбуоти даврӣ ва умуман дар васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон, инчунин, масъалаҳои тревелжурналистика, журналистикаи варзишӣ, журналистикаи иҷтимоӣ, журналистикаи иқтисодӣ, журналистикаи парламентӣ ва чандин самтҳои дигар ҳастанд, ки даҳҳо нафар метавонанд барои худ ҳамчун мавзуи таҳқиқотӣ интихоб намуда, кор кунанд.

– Аз нигоҳи Шумо, эҷодкор кист ва чӣ рисола дорад?

– Эҷодкор бо вориди ҷаҳони журналистика шудан рисолати ҷиддиву азимеро ба дӯш мегирад. Журналист будан маънои инсони ҳадафманду қавиирода ва ҳамзамон ба ҳама дастрасу ҳамроз ва кӯмакрасон буданро дорад. Ҳамон вақт журналисти хуб будан метавон, ки сарфи вақту неруи худро барои омӯзиши ҳама гуна зуҳуроти ҷомеа дареғ надорӣ, тавонӣ ҳунару истеъдод ва матлаби худро ба аудитория расонӣ, аудиторияе, ки ҳамеша сахтгир асту мунтақид ва ҳамзамон «эркаву эҳсосӣ». Бо вуҷуди он ҳам, беҳтарин лаззат ва кайфият барои журналист ин аст, ки вақте ӯ дармеёбад, ки бо кӯмак ё мусоидати қалами ӯ нафаре забон ва адаб омӯхт, ҷӯяндае адолатро дарёфт, касе ба ояндаи беҳтар бовар кард, роҳгумкардае ба сӯйи ростӣ ҳидоят ёфт.

Журналисти замони муосир бояд на танҳо соҳибқаламу дорои сабки хос бошад, балки малакаҳои кор бо додаҳо, санҷиши саҳеҳияти ахбор, таҳқиқгариро балад бошад, достонҳои ҷолибро нақл ва ахлоқи касбиро риоя кунад. Ҳушмандӣ, боварӣ ба худ, нотакрорӣ, муоширати сатҳи баланд, зеҳни расо, ҳисси кунҷкобӣ, берӯӣ (ба маънои хубаш), ҳунари бозёфти мавзуъҳои нодир, масъулиятшиносӣ, мураттаб будан, ҷазобат аз ҷумлаи сифатҳои журналисти ҳирфаӣ мебошанд.

– Барои омода кардани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ ва беҳсозии раванди таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон чӣ тавсияҳо доред?

– Ба назарам, мактабҳои олии журналистӣ бояд усулҳои муосири омӯзиши афкори оммаро ба роҳ монда, дар доираи барномаҳои нави таълимӣ ба омодасозии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони соҳа ҷиддан машғул шаванд. Аз курсии донишҷӯӣ журналистони ояндаро ба ихтисосҳои алоҳида ҷудо карда, онҳоро бо донишу маълумоти мукаммал оид ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ-ҳарбӣ, фарҳангӣмаърифатӣ ва ғайра мусаллаҳ намоянд. Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи журналистони касбии соҳавӣ ё равиявӣ бисёр андак аст.

Ҳамзамон, тарбияи кадрҳои журналистие, ки сатҳи забондониашон (услуб, имло, захираи ғании луғавӣ) хуб бошад, инчунин, ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ навишта тавонанд. Ба роҳ мондани таълими забони русӣ (ва англисӣ) дар риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо аз курси якум то охири таҳсил муҳим мебошад.

Бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ, бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи журналистӣ, аз ҷумла ташкилотҳои мустақили журналистӣ, ҳамкориро ба роҳ монда, мастер-классҳо ва чорабиниҳои мухталифи маърифатию омӯзишӣ доир кардан аз аҳамият холӣ нест.

Агар ба кори таълим дар кафедраҳои журналистӣ мутахассисону омӯзгорони баландихтисосро аз шумори журналистони амалӣ ба раванди таълим ҷалб созанд, онҳо илман, амалан ва асосноку бо забони фаҳмо оид ба тазодҳо ва назокатҳои ихтисоси интихобкардаашон ба журналистони оянда маълумот дода метавонанд.

– Зеҳни сунъӣ, аз нигоҳи Шумо, метавонад бо журналисти касбӣ дар рақобат бошад?

– Аз як паҳлу, рушд кардани ҳуши маснуӣ хуб аст, ба шарте, ки онро дуруст истифода намоем. Таҳқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Аврупо 40%-и кормандони ҷавони ташкилоту идораҳо аз торафт таъсиргузор шудани зеҳни сунъӣ нигарон ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, ки дар оянда зеҳнӣ сунъӣ бештар рушд мекунад ва корфармо аз баҳри кормандон мебарояду онҳо бекор мемонанд.

Зеҳни сунъӣ кори муҳарриронро то ҷое осон карда метавонад. Зеҳни сунъӣ, албатта, қодир аст, ки вобаста ба мавзуъҳои мушаххас матн офарад, ҳатто сужет месозад, ҳикояву повест менависад, ба саволҳои пешниҳодшуда посух медиҳад. Аммо он эҳсосоте, ки инсони зинда, масалан мусоҳиби мо дорад, зеҳни сунъӣ наметавонад онро инъикос намояд. Агар мо 5-10 сол қабл журналистикаи шаҳрвандиро рақиби асосии журналистикаи касбӣ медонистем, дар дурнамо зеҳни сунъӣ метавонад бо журналистони ҳирфаӣ вориди рақобат шавад.

– Дар ин ҳолат мавқеи журналист чӣ мешавад?

– Ин ҷо, пеш аз ҳама, ҳамоҳангӣ лозим аст. Ҳанӯз ҳам фазои тоҷикии интернет имкониятҳоро барои рақобати эҷодӣ медиҳад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ҳаҷми иттилооте, ки дар он ворид шудааст, корро анҷом медиҳад. Масалан, имрӯз, ки фазои тоҷикии интернет он қадар қавӣ нест, зеҳни сунъӣ наметавонад, ки эҷоди муҳтаворо бе дахолати инсон, албатта, аз нигоҳи илмӣ дуруст ба роҳ монад. Айни замон зеҳни сунъӣ наметавонад, барои эҷодкорони тоҷик як рақиби қавӣ бошад.

Вале аз ин хотирҷамъ набошем. Кӯшиш кардан лозим аст, ки касбияти худро боло барем, корҳоеро анҷом диҳем, ки зеҳни сунъӣ натавонад бе дахолати инсон онро ба танҳоӣ анҷом диҳад.

– Чиро омили пешрафти матбуот медонед?

– Пеш аз ҳама, дар ҳама давру замон матбуот бояд аз дастгирии давлатӣ бархӯрдор бошад. Хусусан, нашрияҳои музофотӣ, ки василаи асосии пахшу нашри иттилооти дасти аввал доир ба таҳаввулот, татбиқи сиёсати давлатӣ ва рӯйдоди маҳал маҳсуб меёбанд, бояд рақобатпазир шаванд. Даврияти чоп ва теъдоди нашри онҳо бештар карда шавад, то ки тамоми қишри ҷомеа ба он дастарасӣ пайдо карда тавонад. Имрӯз ҳеҷ як василае, ба ҷуз аз матбуоти он маҳал, наметавонад, ки иттилои санҷидашуда ва саҳеҳи сатҳи маҳалро пешкаши аудитория гардонад. Нашрияҳои марказӣ имкон надоранд, ки ҳар рӯз оид ба бурду бохти як шаҳр ва ё ноҳияи алоҳида мавод таҳия кунанд. Аз ин рӯ, нашрияҳои маҳаллӣ бояд аз дастгириҳои мақомотҳои иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бархӯрдор бошанд. Бо дарназардошти самти муҳимми идеологӣ маҳсуб гардидани воситаҳои ахбори омма ва бо мақсади мусоидат ба рушди матбуоти даврӣ, телевизион ва радиои маҳаллӣ, хуб мешуд, ки музди моҳонаи кормандони соҳа баланд бардошта шавад. Мутахассисони касбӣ барои кор ба нашрияҳои музофотӣ равона карда шаванд.

Имрӯз ба хотири нигоҳ доштани мавқеъ дар майдони матбуоти тоҷик, инчунин дар шароити муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ, ки аз рукни раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбанд, нашрияҳо ва шабакаҳои телевизиониро мебояд, ки аз инструментҳои медиаи нав фаровон истифода кунанд ва бо роҳу василаҳои мухталафи иттилоърасонӣ аз арзишҳои миллию давлатдорӣ ҳимоя намуда, эҳсоси ифтихори ватандории аудиторияро ташаккул диҳанд, ҳарфашон барои хонанда ва бинанда қурбу эътибор пайдо кунад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаҳои шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад”.

Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ибтидои фаъолият то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашонро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намудаанд.

Суҳбаторо Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Хатлон»

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4069-zeni-sun-metavonad-ba…