Дар ҳақиқат, рӯзномаи «Фурӯғ» он рисолати ба мухотабон бурдани нури сухани бунёдкоронаву созандаро ба дӯш дорад.

Ин нашрия минбари донишҷӯву устодони донишгоҳ буда, аз таҳсилу иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, маҷлису чорабиниҳои доиргардида, охӯриҳои шавқовар, таҳқиқоту корҳои илмиву методии устодону унвонҷуён иттилоъ медиҳад. Тавре аз таҳлилҳо рӯшан мегардад, нашрия набзи ҳаёти донишгоҳро муаррифӣ менамояд.

Нашрияи «Фурӯғ» барои мо- донишҷӯён ва устодони кафедраи рӯзноманигорӣ барои такмили донишу касбият нақши хосса дорад. Зеро чакидаҳои эҷодӣ, санҷиши қалами аксар журналистони ҷавон маҳз аввалин бор дар саҳифаҳои ин нашрия чоп мешаванд. «Фурӯғ» барои донишҷуёни ихтисоси журналистии факултаи филология мактаби таҷрибаандӯзӣ ҳам ҳаст. Мутолиа ва омӯхтани эҷоди дигарон маҳорати нигорандагиро сайқал медиҳад. Хурсандибахш аст, ки ағлаби маводҳоро донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ менависанд ва бо нашрия ҳамкории зич доранд. Метавон бо боварӣ гуфт, нақши нашрияи «Фурӯғ» дар рушди маҳорату истеъдоди донишҷӯёни ин ихтисос басо бориз аст.

Дилором МАҲКАМОВА,

н.и.ф. дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ