– Зери ин унвон маҷмӯаи Ҷасури Қиёмиддин, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси журналист- тарҷумони ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида Рӯзи матбуот аз чоп баромад.

Ҷасури Қиёмиддин, аз замони донишҷӯи бо идораи рӯзномаи “Хатлон” – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориро ба роҳ монда, имрӯз ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” фаъолият дорад.

Дар китоби “Нигоҳи ман” назари муаллиф ба ҷомеа дар жанрҳои гуногуни эҷодӣ инъикос ёфтааст. Ҳадаф аз таҳияи маҷмӯа инъикоси мавзуъҳои иҷтимоӣ ва талоши ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ҷомеа мебошад

Китоб барои мутолиа ва баҳрабардорӣ ба донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории донишгоҳҳо ва журналистони ҷавон пешниҳод мешавад.