Имрӯз дар толори Китобхонаи ДДБ ба номи Н. Хусрав байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2024” гузаронида шуд.

Нахуст, озмуни мазкур бо сухани ифтитоҳии мудири шӯъбаи тарбия Эмомалӣ Набизода оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки змун дар ду давр – дохили муассисавӣ ва ҷумҳуриявӣ сурат гирифта аз байни онҳо як нафар беҳтарин дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад.

Сипас, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатбек Қурбонов шартҳои озмунро ба донишҷӯён фаҳмонида, дар корашон барору комёби хоҳон шуд.

Озмун мазкур ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолони онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъияти баргузор карда мешавад.