Дар бисёр забонҳои ҷаҳон (аз ҷумла, русию англисӣ) барои ифодаи қисмати муқобили зону (пушти зону) калима мавҷуд нест.
* * *
Дар асри ХУ бисёр халқҳои ҷаҳон бовар доштанд, ки ранги сурх хусусияти табобатӣ дорад. Аз ин рӯ, беморон мекӯшиданд, ки либоси сурхранг ба тан пӯшанд.
* * *
Вақте ки чеҳраи инсон сурх мешавад, меъдааш низ ҳамин рангро мегирад.
* * *
Ҳаштод дар сади гармии ҷисми инсон тавассути сараш хориҷ мешавад.
* * *
Аксари одамон пас аз 60-солагӣ панҷоҳ дар сад ҳисси маззафаҳмии хешро коҳиш медиҳанд.
* * *
Дандон ягона узви инсон аст, ки қобилияти худбарқароркунӣ надорад.
* * *
Дар тани як одам беш аз теъдоди одамони сайёраамон организми зинда мавҷуд аст.
* * *
Себ хӯрдан нисбат ба қаҳва нӯшидан барои субҳхезӣ ба инсон бештар мадад мекунад.
* * *
Бинои китобхонаи марказии Донишгоҳи Индианаи ИМА ҳамасола чанд миллиметр фурӯ меравад. Мутахассисон инро аз гаронии вазни китобҳо медонанд.
* * *
Зуҳра ягона сайёраи системаи Офтоб аст, ки ба муқобили ҳаракати ақрабаки соат гирд мегардад.
Фароҳамсоз
О. РАУФӢ
![Возможно, это изображение в мультипликационном стиле (текст)](https://scontent.fdyu1-1.fna.fbcdn.net/v/t39.30808-6/241170176_2654034488235691_3055550623362485605_n.jpg?_nc_cat=103&ccb=1-5&_nc_sid=825194&_nc_ohc=P00kLsH4PEMAX-VnhTF&_nc_ht=scontent.fdyu1-1.fna&oh=f5a10b88ab3a92314a73a4aba2b17ba9&oe=613A64CC)