Имрӯз 29-юми июли соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор шуд.

Дар нишасти матбуотӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, муовинон, деканҳои факултет ва дигар масъулони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва 28 нафар намояндагони ВАО-и Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғоз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, доир ба фаъолияти ҷамъбастии донишгоҳ ибрози назар намуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозад.

Гуфта шуд, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав як литсей, институти илмӣ-таҳқиқотӣ (табииётшиносӣ ва техникӣ), маркази Мавлоношиносӣ ва 14 факултет фаъолият менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024 ба даҳгонаи аввали мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ шомил гардид.

Ҳоло дар 43 кафедраи донишгоҳ 607 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 19 нафар докторони илм, 203 нафар номзадҳои илм, 27 нафар саромӯзгор ва 358 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардиданд. Айни замон ҳиссаи омӯзгорони унвондор 36,5 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 теъдоди омӯзгорони унвондор 4,3 фоиз зиёд гардидааст.

Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 18790 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар шуъбаи рӯзона – 7590 нафар, таҳсилоти фосилавӣ – 11200 нафар ва зинаи магистратура – 98 нафар мебошад. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 8340 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 44,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ 131 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар дар шуъбаи рӯзона, 128нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни мазкур аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия мебошанд.

ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТАЪЛИМӢ

Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавҷуд будани заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки бевосита ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намуда, дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ ҳамзамон, 211 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 33 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ инчунин, 3 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 4 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ мебошад. Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ, зиёда аз 1000 компютер, 254 тахтаи электронӣ, проэкторҳо ва пардаҳои проэксионӣ ва 36 адад смартэкранҳо мавҷуд мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

Дар донишгоҳ тибқи муқаррарот дар як сол дар ду давра комиссияи донишгоҳӣ оид ба интиқол ва барқароркунӣ фаъолият мекунад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷаласаҳои комиссияи интиқолу барқароркунӣ 1264 ариза баррасӣ шуда, аз онҳо 1174 ариза қонеъ карда шуд.

Натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар соли таҳсили 2023-2024 бо чунин нишондод ҷамъбаст гардид. Аз 6354 нафар донишҷӯ 5626 нафар дар даври аввал комёб гардида, 728 нафар бо сабабҳои гуногун қарздор монданд. Сатҳи сифати таълим 37,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7% баланд гашта аст. Пешрафт бошад 88,5 фоизро ташкил дод.

НАТИҶАИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

Хатмкунандагони соли 2024 аз рӯйи 2 зинаи таҳсил: бакалавр ва магистратура имтиҳони хатмкунӣ супорида, рисолаҳои дипломӣ, хатм ва магистрӣ ҳимоя намуданд. Соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4505 нафар донишҷӯ, аз он ҷумла 1236 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 3074 нафар дар шуъбаи фосилавӣ, 105 нафар дар зинаи мустақили магистратура хатм намуданд.

Бояд қайд кард, ки 53 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 39% зиёд мебошад.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ ОМӮЗИШӢ

Дар шаш моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия дар моҳи апрел 27 нафар омӯзгорони ихтисоси забон ва адабиёти рус аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатномаи такмили ихтисос гардиданд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Алтай тули як ҳафта дар донишгоҳ омӯзиши дарсҳои забони русӣ баргузор гардид (аз он ҷумла дарсҳои онлайнӣ). Баъд аз супоридани тест ва суҳбати шифоҳӣ 120 нафар омӯзгорону донишҷӯён соҳиби сертификат гардиданд. Ҳамзамон, 19 нафар омӯзгорон соҳиби сертификати шурои Амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ шуданд.

Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ дар назди факултети техникӣ ва технологӣ маҳфили «Дастони моҳир» бо ҷалби 136 нафар донишҷӯдухтар, ки ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, амал менамояд. Инчунин, дар маркази касбомӯзии ноҳияи Хуросон дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои калонсолон касбҳои ошпазӣ ва барқчӣ омӯзонида шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Тибқи нақша-чорабиниҳо Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар шаш моҳи соли 2024 бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни омӯзгорону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шакли семинарҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо ва конференсияҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзиширо баргузор намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 90 чорабиниҳои тарбиявӣ бо ҷалби васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ин муддат тавассути сомонаи расмии донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳафтаномаи «Фурӯғ» ва васоити ахбори омма мунтаззам корҳои фаҳмондадиҳӣ, интишор карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз140 номгӯи мақолаҳо доир ба мавзуъҳои терроризм ва экстремизм дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳ 24 маротиба суҳбату мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси худшиносии шогирдон ташкили саёҳат ба мавзеъҳои таърихии диёр омили хубест. Дар робита ба ин, донишҷӯён барои ошноӣ пайдо кардан аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва таъриху бостоншиносии факултетҳои химия-биология, филологияи тоҷик ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, муҷассама, мақбараи рамзӣ ва осорхонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, мавзеи таърихии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Боғи ботаникӣ»-и шаҳри Кӯлоб, Маҷмааи истиқлол, осорхона ва китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар ин давра тибқи нақша-чорабиниҳо дар хобгоҳи донишҷӯён 45 мулоқоту вохуриҳо, викторинаҳо, чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва шабнишиниҳо бо иштироки донишҷӯёни хобгоҳ доир карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли равон 13 адад чорабиниҳо зиёд мебошад.

Бо мақсади тарѓиби фарҳанги миллӣ ва риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ дар донишгоҳ миёни омӯзгорону донишҷӯён аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар болоравии маънавиёт ва фарҳанги донишҷӯён мусоидат намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тарѓиби тарзи ҳаёти солим тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ шуъбаи тарбия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе миёни омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзиро доир намуданд. Ҳамзамон бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, шашка, шоҳмот тениси рӯи миз гузаронида шуданд, ки ҳаводорони зиёде пайдо намуданд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

Мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли илму маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ сурат гирифт, таҳкимбахш ва давоми мантиқии фаъолият ва саъйу талоши ин марди сиёсату хирад дар ҷодаи тақвият бахшидани илми муосир, робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди соҳаи маорифи кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки ин вохурӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии илм, ҷойгоҳи олим ва нақши онҳо дар рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бори дигар таваҷҷуҳи он касро нисбат ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ифода намуда, ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки перомуни ҳар нуктае, ки дар суханронии Президенти мамлакатамон садо дод, амиқан андеша намояд. Дар робита ба ин, дар Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нақша-чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуда, дар ин самт як қатор корҳо то ин муддат ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла ҷиҳати химояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ таҳқиқоти зиёди илмӣ ба анҷом расид. Агар дар нимсолаи аввали соли 2023-2024 дар донишгоҳ 171 нафар омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта мавҷуд бошад, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 ин нишондод ба 203 нафар расидааст. Яъне ба неруи илмии донишгоҳ боз 16 нафар устодони дараҷаи илмидошта илова гардидааст, ки нишондиҳандаи қонеъкунанда мебошад.

Потенсиали илмии донишгоҳ ё неруи илмии он дар шаш моҳаи аввали соли таҳсили 2023-2024 ба 32,2% рост меомад. Ин нишондод дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба 34,5% расид, ки назар ба нимсолаи аввали соли таҳсил 2,3% зиёд гардидааст.

Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2024 2746 номгӯи маводҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла 16 монография, 4 китобҳои дарсӣ, 73 дастури таълимӣ, 1 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои Scopus, 524 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ва 413 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои РИНЦ, 502 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, 526 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 1179 мақолаҳои дохилидонишгоҳӣ ба нашр расидааст.

Дар шашмоҳи соли 2024 дар донишгоҳ дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия зиёда аз 46 чорабинии илмӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор карда шуд. Аз ин шумора 2 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 2 конференсияи умумидонишгоҳӣ, 1 маҳфили илмӣ адабӣ, 1 шабнишинӣ ва 37 мизи мудаввар гузаронида шудааст. Дар чорабиниҳои баргузоршуда муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили мушкилоти соҳаи илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар асоси нақшаи дурнамои донишгоҳ баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар назар аст.

Раёсати донишгоҳ ба хотири ҳамкорӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ ба 35 номгӯи маҷаллаҳо ба теъдоди 786 нусха обуна гардида, тавассути рӯзномаҳои мазкур аз масоили муҳимми ҷомеа огоҳ шуда, омӯзгорону донишҷӯён мақолаву гузоришҳои худро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайваста руйи чоп меоранд.

Дар донишгоҳ дар зинаи магистратура ва докторантура аз руйи ихтисос PhD мутахассис омода карда мешавад. Агар дар соли таҳсили 2022-2023 231 нафар магистр ва 38нафар аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда бошанд, дар соли таҳсили 2023-2024 186 нафар магистр ва 34 нафар аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ба таълиму тадрис ҷалб гардидаанд.

Дар шашмоҳаи соли 2024 дар 43 кафедраи донишгоҳ 48 маҳфил ва 14 – ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1268 нафар донишҷӯён аъз мебошанд. Ба ин маҳфилҳо номзадҳои илм, саромӯзгорон ва омӯзгорони ботаҷриба роҳбарӣ мекунанд. Мақсади асосии фаъолияти маҳфилҳо ин дарёфти донишҷӯёни фаъол ва омода намудани онҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла олипиадаҳои фаннӣ мебошад.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои намоён дар донишгоҳ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон» баргузор карда шуд, ки дар он аз рӯи 6 номинатсия аз ҷониби довталабон 29 ҳуҷҷат пешниҳод гардида буд. 6 ҳуҷҷати беҳтарини довталабони озмуни мазкур аз донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда шуд, ки аз ин шумора 2 нафар сазовори ҷои сеюм ва як нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Соли 2024 дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид. Дар робита ба ин, дар донишгоҳ даври муассисавии озмун баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯёну хонандагони литсейи назди донишгоҳ ширкати фаъол намуда, ба даври вилояти 32 нафар роҳхат гирифтанд.

Дар даври муассисавии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бештар аз 230 нафар довталабон иштирок намуда, аз ин шумора 59 нафар ба даври шаҳрӣ ва 24 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 дар донишгоҳ озмуни “Ҳуқуқшиноси беҳтарин” роҳандозӣ гардид, ки дар ин озмун 186 нафар довталабон иштирок намуда, ғолибон муайян ва қадршиносӣ карда шуданд.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024 дар донишгоҳ озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат ” миёни донишҷӯён баргузор гардида, 3 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Айни замон дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ду Шурои диссертатсионӣ амал менамояд. Шурои Таърихи илм ва техника аз рӯи як ихтисос оид ба дарёфти дарадаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои – Математика (Назария ва методикаи таълими математика), Физика (Назария ва методикаи таълими физика) ва Информатика (Назария ва методикаи таълими информатика) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагога аз рӯйи ихтисоси Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (Назария ва методикаи таълими фанҳои риёзӣ, Назария ва методикаи фанҳои табиӣ ва Назария ва методикаи фанҳои дақиқ). Аз моҳи июни соли ҷорӣ бо қарори Комисияи олии атестатсионии назди Президенти ҶТ барои фаъолият ба шурои нави ҳимояи рисолаҳои номзади дар самти илмҳои педагогӣ иҷозат дод.

Давоми соли таҳсили 2023-2024 15 нафар (12 нафар беруна, 3 нафар кормандони дохила) дар шуроҳои диссертатсионии назди муассиса рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуданд.

Теъдоди китобҳои китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар соли таҳсили 2023-2024 ба 204 ҳазору 19 нусха расидааст. Дар соли ҷорӣ 2828 нусха китоб ба китобхона ворид шудааст, ки аз он ҷумла 1770 нусхааш бо маблағи донишгоҳ харидорӣ шуда, 58 нусхаи он аз тарафи устодон ва омӯзгорону олимони донишгоҳ, 1133 нусха китоб бо ёрии раёсати донишгоҳ ба китобхона ворид шудааст.

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ ин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ба ин васила омода намудани мутахассисони варзида дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад. Сол ба сол ҳудуд ва доираи ҳамкориҳои берунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимию ташкилотҳои хориҷии минтақавӣ ва кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда мешаванд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 32 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои мазкур ба монанди Донишгоҳи давлатии Рязан ба номи С.А. Есенин, Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Ефрасини Полоский ба имзо расонида шудааст.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024 тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ, тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) зиёда аз 68 конференсия, семинар, мизи мудаввар, маърузаҳо бо иштироки якчанд донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар доир карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол дар донишгоҳ фаъолияти (Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC)) ва (Русское Пространство) дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.

Моҳи майи соли 2024 бо иштироки Сафири Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини риси вилояти Хатлон дар донишгоҳ маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Корея кушода шуд, ки барои забономӯзии донишҷӯён имконияти навро фароҳам овард.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 3 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент ва Донишгоҳи милии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони иригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкент» шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид.

Имзои шартномаҳо имкон медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва амсоли ин амалӣ шаванд.

Дар асоси шартномаҳои амалкунанда 6 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ- Амрико, Руссия, Қазоқистон, Узбекистон дар конференсия ва семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Моҳи августи соли ҷорӣ 3 нафар омӯзгорони забони англисӣ ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар менамоянд.

ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ОБОДОНИЮ САБЗКОРӢ

Фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва хоҷагидории донишгоҳро дар давраи мазкур метавон қаноатбахш арзёбӣ намуд. Самтҳои асосии ин фаъолият таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва майдонҳои гирду атрофи саҳни донишгоҳ, шинонидани дарахтон ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандӣ ба 75 нафар корманд ва 6 нафар фарзандони онҳо роҳхат ба осоишгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ дода шуд.

Аз ҷониби раёсати донишгоҳ нисбат ба 27 нафар донишҷӯйи ятими кулл ва 46 нафар маъюб пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад ва онҳо аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархӯрдор мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 73 нафар донишҷӯйи ятими кулл ва маъюб кумакпулӣ расонида шуд.

Дар айни ҳол бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён дар донишгоҳ барои 460 нафар донишҷӯ хобгоҳ сохта шуда истодааст ва инчунин раёсати донишгоҳ сохтмони бинои дуюми хобгоҳи замонавиро ба мақсад мувофиқ шуморида корбарӣ карда истодааст.

Рафти корҳои сохтумони маркази гармидиҳӣ низ бо маром идома дорад.

Қобили зикр аст, ки мавзеи хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии «Зағиртут»-и шаҳри Левакант, ки 5 гектарро ташкил медиҳад, ба донишгоҳ тааллуқ дорад. Аз он 3,5 гектарашро майдони боғ ишғол мекунад. Айни замон дар мавзеи номбурда 1693 бех дарахти мевадиҳанда ва ороишӣ нашъунамо дорад.

Дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷиҳати самаранок истифода бурдани қитъаи замини ба муассиса вобастаи мавзеи хоҷагии таълимӣ ва таҷрибавӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

Барои коркарди маводи таълимию таҷрибавӣ ва кори пурсамари саҳроии донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ бошишгоҳи саҳроӣ ва суҳбаткада ташкил карда шуд.

Сохтмони синфхона ва озмоишгоҳҳои саҳроӣ барои коркарди маводи илмии муҳаққиқон дар самти фанҳои дақиқ ва сайёҳӣ идома дорад.

Дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли ҷорӣ 250 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, аз он ҷумла, 80 (34%) нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, ки таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ин хонандагон 27 нафар омӯзгор дарс медиҳанд, аз ин миқдор 15 нафарашон занҳо мебошанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят олимпиадаи фаннии хонандагон баргузор гардид, ки дар он 27 нафар хонандагони литсей аз фанҳои забони англисӣ, биология, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда, 5нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бандҳои Паёми Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷаҳду талош менамоянд, ки дар пешрафти илми ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузошта, 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо дастовардҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ истиқбол гиранд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба дигар дастовардҳо ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби масъулин ҷавоб гирифтанд.