Замоне Ваҳдат монанди тифле буд ва айёми ҳассосу тақдирсозро аз сар гузаронида камол ёфт. Акнун Ваҳдат ба синне расидааст, ки эътибору мартабааш дар ҷомеа ба тадриҷ вусъат ёфта, давлати ҷавону насли ҷавонро ҳамқадам гардидааст.

 Мардуми мо, махсусан насли ҷавони ин мулки обод, андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намуда, баҳри таҳкиму пойдории он аз пештара беҳтар саъю талош меварзанд. Дарвоқеъ, нақши бузурги таърихии Ваҳдат барои давлату миллати мо мондагор аст ва баъди сипарӣ гаштани солҳо мардум рисолати бузурги сулҳу оромиро дарк намуданд. Ин маънӣ дар каломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо бо ҷавонон суҳбат оростаанд, бараъло мушоҳида мешавад. «Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад».

Ин андеша дар марҳалаи хеле ҳассосу пурихтилофи ҷаҳони муосир дастури ҳидояти сарваронаю падаронаи Пешвои муаззами кишвар буд, ки ҳама бояд ба зуҳуроти хатарноки ҷомеаи пуртазод бо чашми ақл назар афканему аз меҳвари арзишҳои миллию давлатӣ арзиш диҳем.

Набояд фаромӯш сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар вартаи ҷоҳилият қарор дошт, бо ташаббуси марди дурандеш, фозил, ҳимматбаланд ва сулҳҷӯй сазовори созишномаи сулҳ гардид. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба

худ қабул карданд.

Новобаста аз он, ки имрӯз ҳам калавишу гаравиши бархе аз ҷавонон ва бемасъулиятии волидони онҳо метавонад дар ҷараёни таҳкимёбии сулҳу ваҳдат халал ворид намояд, моро мебояд ба он ҳама суханони Сарвари давлат, ки нишони боварию эътимод ба донишу маҳорат ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон равона гардидааст, пайрав бошем.

 

Алишер МУРОДОВ,

омӯзгори факултаи филология