Миллати тоҷик маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, маърифат, илму маориф, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ ба мардуми олам ошно гардида, дар баробари раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, ба масъалаи рушди мактабу маориф ва умуман таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.

 Тарбияи одамон дар ҳама замон кори душвор буд. Имрӯз ҳам он истисно нест. Дар шуури бисёре аз насли наврас, худбинӣ, худписандӣ, дурӯғгӯӣ ва рафторҳои ношоиста ҷо дорад. Шахсоне, ки ғуломи одатҳои бади худ ҳастанд имрӯзҳо низ ба назар мерасанд. Мутафаккири фаронса Антуан де Сент қайд карда буд, ки дар ҷаҳон одамони зиёде ҳастанд, ки касе онҳоро аз хоби гарон бедор накардааст. Дар инсон зинда намудани беҳтарин сифатҳои шахсӣ, пеш аз ҳама, вазифаи омӯзгор аст.

Мусаллам аст, ки табиати таълиму тарбия бемасъулиятиву саҳлангориро намеписандад ва он кори ҳар шахси тасодуфӣ нест. Гуманизми педагогӣ ин ба одамон холисона ва беғаразона манфиат расонидан, насли наврасро дар рӯҳияи солими рӯҳӣ (маънавӣ) ва ҷисмонӣ тарбия намудан аст.

Метавон гуфт, ки ганҷинаи бебаҳои аҷдодони гузаштаи мо бо ҳикоя, гуфтор, нақл ва афсона дастраси насли нав гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини анъанаҳои оилавӣ ҳамчун хотираи иҷтимоӣ қабул карда шуда, дар тарбияи ахлоқи намоён мегардад. Аз насл ба насл орзую ормони гиромидошти фарзанд, ҳурмати волидон ва калонсолон уҳдадории тарафайни онҳо дар оила мегузарад ва ҷавононро ба риояи талаботи ахлоқӣ пухта мегардонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз рӯзҳои аввали ҳаёт бачагонро дар рӯҳияи эҳтироми калонсолон тарбия намуда, бояд дар онҳо бовариро нисбат ба таҷриба ва донишу малакаи калонсолон қавӣ гардонем. Бо ин роҳ бачаҳо ба калонсолон боварӣ ҳосил намуда, амалҳои хешро дар пайравии фармуда ва огоҳкуниҳои онҳо бе ранҷиши хотир иҷро менамояд.

Ҳамин тавр, тарбия яке аз омилҳои беҳтарини рушди камолоти маънавии инсоният ба шумор рафта, барои тақвияту баландбардории тафаккури иҷтимоии шахсият кӯмак мерасонад.

 

Рухсора АЗИЗЗОДА,

корманди гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот