Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Конференсияи илмӣ бахшида ба 26 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат доир гардид.

 

Чорабиниро Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳусни ифтитоҳ бахшида доир ба Бахтномаи кишвар-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

 

Дар ин баробар Шерализода Нируфар, ёрдамчии Прокурори шаҳри Бохтар дар мавзӯи “Конститутсия бахтномаи миллат, Мирзоева Мадина, донишҷӯи курси дуюми ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Поянда бод бахтномаи миллати тоҷик”, Муминова Замира, котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон ва давраҳои инкишофи он”, Қодириён Офоқ, сардори шуъбачаи махсуси иттилоотӣ, нашриёт ва кор бо шабакаҳои интернетии РВКД дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Конститутсия санади тақдирсоз”, Турахонова Зарина, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бохтар дар мавзӯи “Конститутсия ва занон” маъруза намуданд.

Ҳамчунин, дар Конференсияи илмӣ компазитсияи адабӣ таҳти унвони “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” аз ҷониби донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусоав ба иштирокдорони чорабинӣ як ҷаҳон ғизои маънавӣ бахшид.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ