Дар кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика маҳфили навбатии «Технологияи мубрами рӯз» зери роҳбарии ассистенти кафедра, Ш. Юнусова, баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни бахшҳои 1, 2 ва 4-уми факултҳои донишгоҳ иштирок варзиданд. Дар маҳфил донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси биохимия тиббӣ Шабнам Рустамова ва Файзалӣ Мубораков дар мавзӯи «Ташки усулҳои ташхис, тайинот ва табобат бо истифодаи технологияҳои компютерӣ дар тибб» таҳти роҳбарии ассистенти кафедра С. Сафарова маърӯза намуд, ки аз тарафи устодони кафедра ва донишҷӯён баҳои хуб гирифт.

Б. Файзализода, мудири кафедра доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» барои солҳои 2020-2040 суханронӣ намуда, ба донишҷӯён моҳияти аслии ин бистсоларо шарҳ дод.

Бояд қайд намуд, ки кори маҳфил асосан ба ду самт равона шудааст: самти якум, муҳокимаи мавзӯъҳо аз рӯи маърӯзаҳо; самти дуюм, аз худ кардани малакаҳои технологияи иттилоотӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.

Рушд ёфтани истифодаи технологияҳои компютерӣ дар тиб ва тандурустӣ мушоҳида мегардад. Ҳоло муассисаи тиббии муосирро бе қайди электронӣ, муҳосибот, ҷойҳои кории компютеркунонидашудаи духтурон ва кормандони миёнаи тиббӣ тасаввур кардан мумкин аст. Аксаран технологияҳои компютерӣ ба шабакаи ягона алоқаманд мегарданд ва на танҳо воситаҳои иттилоотӣ, балки усулҳои табобат ва ташхисро дар бар мегирад. Дар амал табодули маълумотҳои тиббӣ байни КАТС-ҳои (беморхонаҳои) алоҳида, марказҳои донишгоҳӣ сурат мегирад. Сатми нави хизматрасонии тиббӣ – тиббӣ телевизионӣ тавсия меёбад. Он ба қитъаҳои тиббии аз марказ дур кӯмаки тиббиро таъмин менамояд.

Самти пуриқтидорӣ муосири компютеркунонии тиб усулҳои нави баландтехнологии ташхис, аз қабили томографияи компютерӣ ва магнити инъикосӣ, мониторинги фосилавӣ доир ба ҳолати бемор дар муассисаи тиббӣ ва дар хона ва ғайра гаштаанд. Ҳангоми силининг, яъне ормоорографияи ададӣ барои ошкор кардани сили шушҳо, маммографияи ададӣ бо мақсади ошкор кардани саратони имконпазири ғадудҳои шир, усулҳои ададӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Вайроншавии ҳарорати дилро компютер ҳангоми гузаронидани маниторинги холтерии якрўза ташхис мекунад.

Миқдори компютерҳоро, ки ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ истифода мебаранд, ба ҳисоб гирифтан мушкил ва ҳатто имконнопазир аст, чунки теъдоди онҳо бо суръати баланд меафзояд. Чунин вазъият феномени нав – ҷомеаи иттилоотӣ тиббиро, ки вазифаҳои функсионалии худро дар муҳити мураккаб ва гуногунсатҳи иттилоотӣ амалӣ мегардонанд, бунёд сохт.

Нашри мазкур хонандаро бо асосҳои информатикаи тиббӣ – фасли махсуси информатика чун илм, ки бо баъзе хоссагиҳои худ, ки аз хусусиятҳои фаъолияти амалии тиббӣ бармеояд, фарқ мекунанд, мақсади шинос намуданро дорад.

Информатикаи тиббиро, ҳамин тариқ, чун илме, ки усулҳои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифз, интиқол, пешниҳоди маълумотҳоро дар тиб ва тандурустӣ тавассути техникаи компютерӣ меомўзад, муайян кардан мумкин аст. Инчунин баҳодиҳии объективӣ ба маълумотҳои тиббӣ дар асоси назарияи қабули қарорҳо ва исботи онҳо дар тиб фасли муҳими информатикаи тиббӣ ба ҳисоб меравад.

Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои мавзӯъ баррасӣ ва мавриди баҳс қарор дода шуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дониши донишҷӯён оид ба дунёи рангини технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Ш. Юнусова, ассистенти кафедра