Дар факултети математика ва информатика муҳокимаи рисолаи доктории Баҳрулло Файзализода дар мавзӯи “Асосноккунии назариявии ташкили методии таҳсили фосилавӣ дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02. – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти олии касбӣ) баргузор гардид.
Дар он Собиров Ҷурабой, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, раиси ҷаласа, Абдурасул Сатторов, доктори илмҳои педагогӣ, Ҷумабой Сафаров, доктори илмҳои физика математика, Файзулло Шамсиддинов, доктори илмҳои физика математика, Алихон Саидов доктори илмҳои сиёсӣ, иштирок намуданд
Кори мазкур мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия. Ба асри XXI гузариши босуръат аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ хос аст ва ин гузариш тақозо менамояд, ки раванди таълим ба принсипҳои салоҳиятнокии касбӣ мутобиқ гардонида шавад. Системаи маорифи Тоҷикистон низ дар шароити кунунии рушди ҷомеа дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус таҳсилоти олии касбӣ, бо нигаҳдории дастовардҳои қаблии хеш, бар пояи имкониятҳои бавуҷудомадаи гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, муносибати босалоҳиятро ба таълими донишҷӯён роҳандозӣ карда истодааст.
Ҳадафи таҳқиқот – асосноккунии назариявию методӣ ва коркарду тасвиби таъминоти ташкилӣ ва педагогии омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар шароити амалишавии муносибати босалоҳият дар таълим.
Объекти таҳқиқот – ташкили шакли таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯи таҳқиқот – асосҳои назариявӣ–методии ташкили омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият.
Ҳаҷми умумии диссертатсия аз 381 саҳифаи матни компютерии бо ёрии протсессори матнии Microsoft Word ҳарфчинишуда иборат буда, 43 расм, 17 диаграмма ва 24 ҷадвалро дар бар гирифтааст. Рақамгузории расму ҷадвалҳо барои ҳамаи бахшҳои диссертатсия умумӣ мебошад. Рӯйхати адабиёт фарогири 247 номгӯй мебошад.