Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кумаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд дар алоқа шуда, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи дунё қарор доранд, тамос гирифта метавонем.

 

Аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ дошта, оҳистаоҳиста ба саломатии инсон таъсири бад мерасонанд.

 

Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон тадқиқоти худро шуруъ намуда, фаҳмидан хостанд, ки он ба организми инсон чӣ қадар зарар мерасонад. То ҳол байни олимони ҷаҳон татқиқот дар ин мавзӯъ идома дорад.

 

Дар ҳаёт ҳамагӣ 20% истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ медонанд, ки телефони мобилӣ ба саломатӣ зарари калон дорад. Истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ истифодабарандагонро ба бемориҳои саратон (раг), нобиноӣ, ношунавоӣ, харобшавии майнаи сар, асабонӣ, фаромушхотирӣ ва ғайра бурда мерасонад. Олимон исбот намуданд, ки баъди 10-то 60-дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан организми шахс барои барқароршавҷ бояд 8-14 соат истироҳат кунад. Телефони мобилӣ дар худ майдони магнитиро ҳосил менамояд, ки маҳз ҳамин майдон боиси бемориҳои дар боло номбаршуда мегардад. Имрӯз ба чашм мерасад, ки ҳатто дар дасти кӯдакони хурд низ телефони мобилӣ ҳаст. Модар ё падар бо мақсади хомӯшӣ ва ё ба корҳои хона халал нарасононидани кӯдакашон ба ӯ медиҳанд. Ин амали онҳо тамоман хато аст, зеро телефони мобилӣ ба кӯдак таъсираш зиёдтар аст, ҳоло организми кӯдак на он қадар инкишоф ёфтааст ва истифодаи телефон ба рушди организми онҳо монеа мешавад. Яъне модарон ва ё падарон бо ин амал ба фарзандон зарар мерасонанд. Пеш аз хоб рафтан телефони мобилӣ бояд зиёда аз 2-метр аз шумо дур ҷойгир бошад, чун ки дар вақти хоб организми инсон ҳаракаташ суст мегардад ва телефон дучанд ба организм зарар мерасонад.

 

Мирзоумаршо АКАҶОНОВ,

донишҷӯи курси 2 факултети математика – инфарматика