Имрӯз, 10 – уми октябр муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Наргис, мудири бахши бонувони донишгоҳ Каримова Санавбар аз раванди фаъолияти маркази таълимӣ, тарроҳӣ ва ҳунарҳои мардумии назди донишгоҳ боздид намуданд.
Дар маркази мазкур сехи дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардузӣ, коркарди матоъ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумиро ба донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ меомӯзонанд.
Гуфта мешавад, ки донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ва фориғ аз дарсҳо аз рӯи усули анъанавии миллӣ «Устод ва шогирд» ба омӯзиши касбу ҳанарҳои мардумӣ машғул мегарданд.
Мақсади асосии марказ эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ташаккул додани завқи бадеӣ бо эҷоди ҳунарҳои халқӣ дар миёни донишҷӯён, тарбияи таҳаммулу тозакорӣ, ғанӣ гардонидани дунёи ботинии донишҷӯён ва тарбияи худшиносии миллӣ аст.
Маҳсули ҳунарҳои дастии донишҷӯёни марказ дар чандин чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шудаанд.