Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи конференсияи илмӣ – назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.
Аз ин намоишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ва ҳайати профессорону омӯзгорон аз донишгоҳ дидан намуданд.



