Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 18 ҳазору 505 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 415 нафар тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар зинаи магистратура 222 нафар таҳсил доранд.
Дар ин хусус Хурсанд Ҳамдамзода, муовини якуми ректори донишгоҳи мазкур, имрӯз 23 июл зимни нишасти матбуоти иттилоъ дод.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 63 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, ба бозори меҳнат роҳ ёфтанд.
Ҳамзамон, дар самти рушди иқтидори илмӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, дар шаш моҳи аввали соли 2026 21 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.
Н. Самадзода, “Хатлон”
