АМИТ «Ховар». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 415 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки ин 2,24%-и донишҷӯёни донишгоҳро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Хурсанд Ҳамдамзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 63 донишҷӯ донишгоҳро бо Дипломи аъло хатм намуда, 10 нафар сазовори Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
«Дар донишгоҳ аз табақаҳои ниёзманд 460 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 27 нафар ятими кулл, 379 нафар нимятим ва 54 нафар дорои имконияти маҳдуд мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор доранд»,–афзуд Хурсанд Ҳамдамзода.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар барои иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намудааст. Он дорои 41 кабинети фаннӣ, 25 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, инчунин 4 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 8 майдон ва як маҷмааи варзишӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
