Дар рушд ва пешрафти ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ воситаҳои ахбори омма (ВАО), ки яке аз ниҳодҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор мераванд, нақши барҷаста доранд. Инкишофи шуури ҷамъиятиро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бояд зикр кард, ки дар ҳама марҳалаҳои инкишофи ҷомеа нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма чун имрӯз бузург ва ҳалкунанда набуд. Дар замони муосир нақши онҳо дар пиёда сохтани манфиатҳои миллӣ афзудааст. Муҳиммияти мавзӯъ дар он зоҳир мегардад, ки то чи андоза воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳимро соҳибанд.
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»