Эҷоди осори публитсистӣ дар радифи адабиёти бадеӣ, илмӣ, журналистика ва нақши боризи он дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ ва таҳрики тафаккури ҷомеа таърихи қадима дорад. Муҳаққиқони соҳаи журналистика онро ба давраи қаблазжурналистӣ ва адабиёти классикӣ мансуб дониста, зарурати мавҷудияти онро барои баёни матлаб ва водор кардани мардум ба андеша оид ба масъалаҳои доғ таъкид кардаанд.
Ба андешаи профессор И.Усмонов “Воқеаҳо ва шарҳҳое хастанд,ки онҳо хонандаи хоса надоранд, барои ҳама ҳастанд, барои омма , барои гурӯҳе мебошанд. Ин публитсистика аст , зеро ҳадафаш расондани воқеаи нав , шарҳ додан ва тасвир кардан аст”.
Публитсистика имрӯз на танҳо соҳаи хоси эҷод эътироф шудааст, балки онро аз рӯйи таъиноташ ба навъҳо, масалан, бадеиву сиёсӣ низ ҷудо мекунанд. Дар илми журналистика даҳҳо диссертатсияҳои илмӣ дар бораи публитсистони алоҳида, давраҳои муайяни таърихӣ, услуб ва шеваи нигориши публитсистӣ таҳия шудаанд. Объекти таҳқиқи публитсистикашиносӣ ба тадриҷ васеъ гардида, рушд карда истодааст.
Манзури мо, ки таҳлили вазъи публитсистикаи китобии Хатлон аст, бе назардошти пажӯҳиши илмии матбуоти маҳаллӣ имкон надорад.Зеро публитсистика ҳампаҳлуи журналистика буда, иртиботи онҳо аз бисёр ҷиҳат вижагиҳои онро намо медиҳад.
Муҳаққиқ М. Муродӣ ба ин масъала чунин равшанӣ андохтааст :”Матбуоти музофотии Тоҷикистон дар умри наздик ба садсолаи худ ҳамчун сарчашмаҳои кашфношуда паҳлуҳои зиёди мавриди таҳқиқро ба вуҷуд овардааст, ки нигарони пажӯҳишанд. Хуб аст, ки дар замони Истиқлол ба пажӯҳиши матбуоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи илмӣ ба вуҷуд омадааст.
Воқеан, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон фазои иттилоотӣ бо таъсиси воситаҳои нави ахбори омма пурратар гардид, имконияти иртиботи журналистӣ бо аудитория васеътар шуд.Публитсистика низ ҷойгоҳи худро мустаҳкамтар намуд. Дар радифи матбуот , радио ва телевизион эҷоди силсилаи китобҳое ба мушоҳида мерасад, ки масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷиконро бозгӯ мекунанд. Азбаски ин давраи таҳаввулоти сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, фирорӣ шудани мардум ва талошҳои ба сулҳу субот расиданро фаро мегирад, ин публитсистика сиёсиву китобӣ ном гирифт. Мавзуи муқовимати сиёсӣ ва сулҳи тоҷикон иншои китобҳои публитсистиро тақозо мекард. Дар шакли китоби публитсистӣ баён кардани матлаб ба сиёсатмадорон, иштирокдорони воқеаҳои таърихию сиёсӣ имкон медод, ки шарҳу тасвир фарохтар бошад. Бояд қайд кард,ки худи мафхуми публитсистика чун публитсистикаи сиёсӣ муаррифӣ мегардид, чунки он аз нигоҳи манфиати синфӣ, ҳизбӣ ва мавқеи сиёсӣ баҳо дода мешуд.
Агар ба шарҳи илмии мафҳуми “публитсистикаи китобӣ” нигарем, аксари муҳаққиқон онро бо масъалаи сиёсӣ рабт додаанд. Олимон И. Усмонов, Д. Давронов, А. Нуралиев, М. Муродӣ, Н. Солеҳов, М. Абдуллоев ба китобӣ будани асари публитсистии муаллифон ишора кардаанд. “Дар давраи истиқлолият публитсистикаи сиёсӣ- китобӣ низ инкишоф ёфт. Асоси чунин публитсистика воқеаҳои сиёсии вақт ва шарҳи онҳо аз тарафи иштирокчиёни воқеаҳо буд” [6, с.260] – навиштаанд муҳаққиқони таърихи журналистикаи тоҷик.
Дар илми журналистикаи рус низ зимни муайян кардани принсипҳои таҳқиқи публитсистика дар замони муосир П.П. Каминский китобро ”василаи интиқоли осори публитсистӣ“ ҳисобида, аз ҷониби муҳаққиқон чун метатексти(матни дарбаргирандаи мазмуни матнҳои дигар) хоси публитсистӣ эътироф шудани онро қайд мекунад.
Дар диссертатсияҳои ба мавзуи солҳои 90-уми асри 20 бахшидашудаи илмҳои журналистика, таърих, сиёсатшиносӣ китобҳои публитсистӣ ҳамчун яке аз манбаҳои боэътимоди факту арқом, ҳуҷҷат оид ба воқеаҳои гузашта истинод шудааст.
Бояд зикр кард, ки ба шакли китоб тасвир шудани проблемаҳои ҷангу сулҳ, таҳқиқи идеал ва фаъолияти қаҳрамонони он давр, равандҳои иҷтимоӣ ва маҷрои мусалсали рушд аз анъанаҳои қадими эҷоди матлаби публитсистӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳаққиқон доир ба осори публитсистии маҳаллии Хатлон ба чунин хулоса омадаанд:” Ташаккули публитсистикаи минтақаи Хатлон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии солҳои 30-юми асри ХХ иртибот мегирад.Бо назардошти ин, метавон осори публитсистии қаламкашони Хатлонро ба ду давраи калон
1. Давраи шуравӣ, солҳои 30-90-уми асри ХХ ва 2. Давраи замони Истиқлол, ки аз соли 90-ум то имрӯз идома дорад, ҷудо кард”.
Маҳз дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди сулҳсозии тоҷикон чеҳраҳои сиёсие ба майдон омаданд, ки онҳоро мардум на танҳо чун арбобони сиёсию давлатӣ, қумондонҳои ҳарбӣ, балки ҳамчун муаллифони публитсистикаи сиёсии давр шинохтанд.
Дар бораи сабабҳои ҷанг ва сулҳи тоҷикон аз солҳои 1993 сар карда,асарҳое ба табъ расиданд, ки хусусияти публитсистӣ доштанд. Китобҳои С. Кенҷаев, А. Достиев, И. Усмонов, Б. Каримов, А. Соҳибназаров, Н. Дӯстов, С.А. Нурӣ ва дигарон барои шинохти воқеияти он давраи ҳассоси таърихӣ нақши муҳим доштанд. Зеро «ҳар матлабе, ки ба воситаи он ба фикру ақидаи одамон таъсир расонидан мумкин” буд, дар чорчӯби публитсистика меғунҷид. Муаллифони ин осор барои баланд бардоштани имиҷ, яъне обрӯю мақоми худ ё ҳамсафонашон дар ҷомеа, муаррифӣ кардани шахсиятҳои сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаи хеш аз публитсистика истифода карданд. Ин китобҳо хонандагони зиёд доштанд, чунки мардум ба донистани сабабҳои ҷанги бемаъниву хонумонсӯз ва мақсади давлату мухолифин дар он давраи тақдирсоз ниёз дошт.
Новобаста ба он, ки ҳар як муаллиф мақсади хешро талқин кардан мехост, аҳаммияти “ ин гуна осорро ба бозгӯяндаи ҳаёти воқеии давру замони муайян будани он метавон нисбат дод».
Доир ба рухдодҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Хатлон ходимони давлативу сиёсӣ – С. Кенҷаев, А. Достиев, И. Усмонов дар китобҳои публитсистии хеш маълумот додаанд. Дар қатори ин таълифот метавон «Таркиш”- Ҳ. Насриддинов, «Тӯфони Сангаки Сафар ва Файзалӣ Саид»-и Амиршоҳи Хатлонӣ ва Абдувалии Истаравшанӣ, «Номус»-и Амиршоҳи Хатлонӣ, «Қӯрғонтеппа: сентябри хунин»-и Файзбахш, “Ҷонфидоёни Ватан”-и Худойқул Тошев, «Тоҷикистон – фоҷиа ва дарди халқ»-и Ғ. Ҳайдаров ва М. Иномов ва дигаронро номбар кард, ки солҳои аввали баъдиҷангӣ нашр шудаанд. Дар ин китобҳо воқеаҳои гузашта аз диди шоҳидон ва иштирокчиён инъикос гардида, ҳамон давраи таърихиро фаро мегиранд.
Аммо муносибати муаллифон ба рухдодҳо, қаҳрамонҳои он давра чӣ гуна буд ва оё ин осор ба талаботи публитсистика ҷавобгӯ буд ё на, масъалаи дигар аст. Аксарияти ин китобҳо аз тарафи рӯзноманигорон, ходимони давлатӣ дар руҳияи зидди мухолифини тоҷик эҷод шудаанд ва манфиати ҳукуматро ифода менамуданд. Қаҳрамонони давраи ҷанг, пешвоёни ҷабҳаи Фронти халқӣ – Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ҳамчун наҷотдиҳандагони мардуми ҷабрдида, пешвоёни ҳарбӣ ва қувваи барқароркунандаи адолат ба қалам дода шудаанд.
Низоъ ва муқовимат аз диди гуногун доштани шахс, гурӯҳ ё ҷамъияте ба моҳияти зиндагӣ маншаъ мегирад. Ихтилофи назарҳо, ки ҳар кас ҳақиқати худро пеш меорад, натанҳо муносибати фардӣ, балки гурӯҳиву давлатиро низ нисбати масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ифода менамоянд. Дар ин маврид нақши публитсистика чашмрас ва боризтар мешавад ва он ба аслиҳаи тарғибу ташвиқи ғояҳо мубаддал мегардад.
Баъд аз баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ, Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, раванди музокироту сулҳсозиҳо китобҳое эҷод шуданд,ки тантанаи сулҳу ваҳдати миллиро бозгӯ мекунанд. Асарҳои публитсистии С.Боймуродов”Ҳабдаҳ рӯзе, ки ҷаҳон нигарон буд”, “Аз Қасри Арбоб то Минбари башар”, аз номи иштирокчии бевоситаи ҷаласаҳои Шуро нигошта шудаанд. Қаҳрамонони асосии ин китобҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсафони ӯ буданд, ки барои сарҷамъии миллат, ба эътидол овардани вазъияти кишвар талош доштанд.
Онро бояд ба инобат гирифт, ки дар айёми бесарусомониҳо, идомаи ҷанг ба чоп расидани ин асарҳо аҳамияти сиёсӣ дошт. Новобаста ба услуби нигориш, инъикоси воқеаҳо ва баёни манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ ин китобҳо аз баёни ҳиссиёту ҳаяҷон, таърифу тавсифи зиёд орӣ нестанд ва баҳодиҳии муаллифон яктарафа бошад ҳам, барои руҳбаланд кардани мардуми ноумедшуда ба ояндаи нек, будани қувваҳое, ки барои тарафдории халқ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон медоданд, нақши муайяне бозидаанд.
Маҳз муассирӣ ва дар вақти лозимӣ нашр шудани онҳо ин китобҳоро дар байни омма маъруф кардаву хонандагонашро дар ҷустуҷӯ кардани ҳақиқати ҳол ба андеша водор менамуд. Дар ин маврид публитсистика ба ташаккули афкори иҷтимоӣ, ақидаҳо, майлу рағбати одамон мусоидат карда, дар ҳаёти ҷамъият вазифаи муҳимми сиёсӣ ва идеологиро анҷом медиҳад. Зеро публитсистика дар раванди ҳаёти сиёсии давлат на танҳо ҳамчун василаи ибрози ақида хидмат менамояд, балки самт ва ҳаракати нави оммаро низ ба вуҷуд меорад.
Публитсистика бештар ба сиёсатмадорон, арбобони давлатӣ ва онҳое, ки мехоҳанд ба мардум андешаҳои худро расонанд, воситаи беҳтарини тарғиби ғояҳои сиёсӣ буда, неруи сафарбаркунандагии он ҳадафмандона истифода мешавад. Ходимони давлативу сиёсии Хатлон Афзалов С., А Миралиев дар китоб публитсистии худ-“Файзи замин падарон” масъалаи таърихи азхудкунии водии Вахш, рушди кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кардаанд.
Имрӯз тақозои замон аст, ки публитсистика ба инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлол ва бунёдкорони он рӯ оварад.
Публитсистони хатлонӣ Сайдалӣ Бобохонов, Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён, Зариф Ибод, Аъзам Мӯсоев, Шарофат Дониёр, Усмон Билолӣ, Азизи Фаттоҳ,Саттор Қарахонов осори публитсистии худро дар шакли китоб ба нашр расонида, масъалаҳои гуногуни ҳаёти мардуми Хатлонро мавриди таҳлил қарор додаанд.Ин осор аз рӯйи мавзуъ, мақсади муаллифон тафовут дошта, инъикосу масъалаҳои муҳимми ҷомеа- сохтмону иқтисодиёт, маънавиёту ахлоқ, ватанпарастиву арзишҳои миллиро фаро мегирад.
Олим А. Қутбиддинов маҳз ҳамин вазифаи матбуоти маҳаллиро таъкид кардааст, ки “тавассути он лаҳзаҳои муҳимтарину аҳамиятноктарини ҳаёти маҳал паҳн карда мешавад. Бо ин ҷиҳат ин намуди матбуотро таҳрикдиҳандаи афкори оммаи маҳал дар дараҷаи хоси худ номидан мумкин аст”.
Аз ин бармеояд, ки публитсистика ҳамқадами замон буда, барои на танҳо инъикос, балки дарки масъалаҳои мубрам мусоидат менамояд. Публитсистика бо рисолати худ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ташаккули афкори созанда таъсири бузург расонида метавонад. Эҷоди китобҳои публитсистӣ аҳаммияти муҳим дошта, чун оинаи давр таҷассумгари воқеияти иҷтимоӣ хоҳад монд.
Маҳкамзода Д.Ю.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»