Имрӯз аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав “Озмоишгоҳи химияи таҳлилӣ”, мавриди истифода қарор дода шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки озмоишгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба шароити имрӯза сохта ва ба истифода дода шуда, аксарияти машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар он гузаронида мешаванд.



