Солҳои 60-80-уми садаи бист дар таърихи таҳаввули насри бадеии адабиёти бачагонаи тоҷик даврони пурбор ва мусоиде маҳсуб мегардад. Дар ин даврон ба туфайли эҷодиёти адибоне чун П.Толис, А. Баҳорӣ, А. Шукӯҳӣ, Д. Раҷабӣ ва амсоли онҳо жанрҳои ҳикоя ва қисса дар адабиёти бачагонаи тоҷик мақоми устувор пайдо карда, ба жанрҳои маҳбуби наврасон табдил меёбанд.
Яке аз нависандагони тавонои тоҷик, ки дар таҳаввули жанрҳои ҳикоя ва қиссаи ин даврон саҳми назаррас дошта, таърихи таҳаввули ин жанрҳоро дар адабиёти бачагонаи тоҷик бе эҷодиёти ӯ тасаввур кардан маҳол аст, Болта Ортиқов мебошад.
Чунонки аз шарҳи ҳоли бо дасти худаш навиштаи Б. Ортиқов, ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои шахсии ӯ дар шуъбаи кадрҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфуз аст, маълум мегардад, нависанда панҷуми майи соли 1924 дар деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар хонаводаи марди мӯзадӯз ба дунё омадааст. Падараш Қосимов Ортиқ то Инқилоби Октябр чоряккорӣ мекардааст ва баъди инқилоб бо касби мӯзадӯзӣ шуғл меварзидааст. Соли 1932 падари Болта Ортиқов вафот мекунад ва вай дар тарбияи модараш Назарова Марям, ки дар колхози ба номи Калинини ноҳияи Самарқанд кор мекард, мактаби ҳафтсола ва сипас соли 1942 мактаби миёнаро хатм менамояд. То соли 1950 дар колхоз дар вазифаҳои гуногун кор мекунад.
Соли 1950 шавқу рағбати беандоза ба фанни адабиёт Б. Ортиқовро ба факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд меорад ва соли 1952 баъди бо муваффақият анҷом додани таҳсил ба мактаби ҳафтсолаи ба номи Чайковскии ноҳияи Орҷоникидзеободи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор фиристода мешавад. Маҳз дар ҳамин мактаб қобилияти нависандагии Б. Ортиқов ошкор гардида, нахустин навиштаҳояш дар рӯзномаи девории мактаб ва сипас дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ ба табъ расиданд. Собиқ мудири қисми илмии мактаби ҳаштсолаи ба номи Чайковскии ноҳияи Орҷоникидзеобод Табар Абдураҳмонов даврони омӯзгории Б. Ортиқовро дар мактаби мазкур ба ёд оварда, мегӯяд:
“… Болта Ортиқзода соли 1952, баъди мактаби омӯзгориро дар Самарқанд хатм кардан, барои кор рост ба мактаби мо омад. Ҷавони орому хушфеъл буд. Аз рӯзҳои аввали омаданаш ба корҳои ҷамъиятӣ ёрӣ медод. Рӯзномаҳои девории мактабамон хубтар шудан гирифт. Сонӣ фаҳмидам, ки хурд-хурд хабарҳо менавиштааст. Лекин барои ман хурсандиовараш ҳикоянависии ӯ буд. Вақте ки аввалин ҳикояаш бо номи “Сӯхтор” дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” чоп шуд, аз Болта Ортиқзода бештар ман хурсанд шудам.
– Аз мактаби мо ҳам нависанда мебаромадааст,- гуфта шодӣ мекардам.
Агар хато накунам, ин соли 1953 буд. “Ана дидӣ, мактаби мо чи хел бахосият аст”, – мегуфтам ба муаллими самарқандӣ. Боз ҳикояҳои дигар навишт, ки саҳифаҳои маҷаллаи “Машъал” ва “Пионери Тоҷикистон”-ро зеб медоданд. Дере нагузашта ӯро ба маҷаллаи “Машъал” ба кор даъват карданд. Мо ифтихор доштем, ки вай дар мактаби мо нависанда шуд ва аз ҳамин ҷо рӯ ба пойтахт парвоз кард”.
Моҳи октябри соли 1954 Б. Ортиқов барои кор ба ҳайси мудири шуъбаи мактубҳо дар маҷаллаи “Пионер” (минбаъд “Машъал” ва “Истиқбол” – А.М.) ба шаҳри Сталинобод даъват карда шуд ва дар он ҷо то моҳи майи соли 1955 фаъолият намуд. Пас аз он бо сабаби беморӣ қариб як сол аз фаъолият бозмонд ва аз 5-уми октябри соли 1956 боз ба кори омӯзгорӣ ба мактаби собиқи ба номи Чайковскии ноҳияи Орҷоникидзеобод рафт.
Аз моҳи апрели соли 1958 Б. Ортиқов боз ба кори матбуот баргашт ва то соли 1963 ба ҳайси мухбири махсуси ҳафтавори “Маориф ва маданият” ба фаъолият пардохт. Ин солҳоро метавон даврони пурбор ва пурҷӯшу хурӯши зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Б. Ортиқов маҳсуб донист. Теъдоде аз муҳимтарин ҳикояву қиссаҳои ӯ дар ҳамин овон навишта шудаанд. 16-17 декабри соли 1959 дар Душанбе курс – конференсияи адибони ҷавон баргузор гардид ва дар бахши наср, очерк ва публитсистикаи он нахустин қиссаи Б. Ортиқов бо номи “Таътил” мавриди муҳокима қарор гирифт. Қиссаи мазкур аз тарафи устоди насри муосири тоҷик С. Улуғзода баҳои баланд гирифт. Худи ҳамон сол қиссаи “Таътил” дар шакли китоби алоҳида низ ба табъ расид ва аз тарафи аҳли адаб ва хонандагон хуш пазируфта шуд. Муҳаррирони қиссаи “Таътил” П. Толис ва Ф. Муҳаммадиев онро чун асари беҳтарини Б.Ортиқов ва яке аз асарҳои хуби адабиёти бачагонаи тоҷик донистанд. Аз ҷумла, П.Толис соли 1960 дар бораи “Таътил” чунин навишта буд: “Дар бадали ин ҳафт сол (1953-1960 – А.М.) рафиқ Болта Ортиқов барои хонандагони ҷавон хеле очерку ҳикоя ва ду повест навиштааст, ки аз байни онҳо повести “Таътил”-ро алоҳида қайд кардан лозим аст. Повести мазкур чи аз ҷиҳати ғоя ва чи аз ҷиҳати санъат дар эҷодиёти рафиқ Болта Ортиқов як қадами калоне ба пеш мебошад. Дар ин асар нависандаи ҷавон муваффақ шудааст, ки сюжетро завқовар сохта, характери қаҳрамононро (алалхусус қаҳрамонони хурдсолро) фардӣ кунонад, аз дидактикаи зиқкунанда тамоман даст кашидааст”.
Дар бораи “Таътил” Ф. Муҳаммадиев низ чунин баҳо додааст: “Хубтарин асари эҷодкардаи Болта Ортиқов “Таътил” аст. Нависанда дар ин повест дар асоси материалҳои нав, мушоҳидаҳои тоза, бо забони фасеҳу равон чунин фикрро бори дигар талқин мекунад, ки иштироки бачаҳо дар меҳнати ҷамъиятӣ яке аз самарабахштарин роҳҳои тарбия ва такомул ёфтани онҳост”.
Ҳодисаи муҳимми дигаре, ки соли 1960 дар ҳаёти Б. Ортиқов рӯй дод, ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шудани ӯ буд. 30-юми августи соли 1960 бо қарори №6-и ҷаласаи васеи Президиуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Б. Ортиқов ба узвияти ин даргоҳи муътабари эҷодкорон қабул карда шуд. Барои ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шудани Б. Ортиқов се нафар адиби маъруфи тоҷик – Б. Раҳимзода, Ф. Муҳаммадиев ва П. Толис тавсияномаҳо навишта, ӯро чун адиби ҷавони боистеъдод ва ояндадор муаррифӣ карданд.
Маслиҳатҳои судманд ва орзуҳои неки устодони сухан ва унвони пурифтихор ва масъулиятноки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон воқеан дар фаъолияти минбаъдаи эҷодии Б. Ортиқов самараҳои хуб ба бор оварданд. Аз соли 1964 то 1984 ӯ асосан ба кори эҷодӣ машғул гардида, дар ҳудуди 20 маҷмӯаи осор ва қиссаҳои алоҳида ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, баъди қиссаҳои “Таътил” ва “Полвон” дар ин муддат қиссаҳои нави Б. Ортиқов, аз қабили “Гули садбарг”, “Бачаҳои Лолазор”, “Доғи хун”, “Қиссаи мумиё”, “Достони Самарқанд”, “Магнитофон” ва ғайра таълиф ва нашр гардидаанд.
Аз солҳои ҳафтодум ба баъд зиндагиву фаъолияти меҳнатии Б. Ортиқов асосан дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд мегузарад. Бо вуҷуди ин робитаи ӯ бо Душанбе ҳеҷ гоҳ гусаста набуд. Дар байни Самарқанду Душанбе рафтуомад дошт. Ҳар гоҳ ки ба Душанбе меомад, ба зиёрати адибони муқими пойтахти тоҷикон мерафт, дар бораи адабиёт, нақшаҳои эҷодии якдигар суҳбатҳо меоростанд. Аз ҷумла, Б. Ортиқов ҳар гоҳ ки ба Душанбе меомад, ҳатман ба зиёрати устод С. Улуғзода мерафт, бо ӯ суҳбатҳо меорост.
Нависанда Н. Раҷаб дар бораи яке аз чунин мулоқотҳои Б. Ортиқов бо устод С. Улуғзода, ки соли 1986 воқеъ афтода буду худи вай низ иштирокчии он мулоқот буд, чунин ёдоварӣ кардааст: “Ҳамин тавр, мо ба даргоҳи Сотим Улуғзода омадем. Болта Ортиқзода канор кушода бо устод вохӯрӣ кард ва маро низ “Ин кас Насим Раҷаб аз таваллуд шуданаш инҷониб дар рӯзномаи кӯдакон кор мекунад”, – гӯён муаррифӣ кард.
Сипас, дар байни ду устод суҳбат тасфид. Болта Ортиқзода дар бораи қиссаи наваш “Юсуфи Самарқанд”, ки нусхаи аввалаш “Ғори ошиқон” ном дошт, бо ҷӯшу хурӯш ҳарф мезаду устод бо диққат мешунид.
– Муаллим, бисёр ҷустуҷӯву кофтуков карда бошам ҳам, дар бораи Ғори ошиқон ривояти ибратбахше пайдо карда натавонистам, – гуфт дар хотимаи суханаш Болта Ортиқзода.
– Дурри мақсуд ба осонӣ ба даст намедарояд, – гуфт дафъатан Сотим Улуғзода, – вале набояд аз ин малул шуд. Худ ривояти тозаву ибратбахше нависед.
Сипас ӯ “ривоятеро тахминан чунин навиштанатон мумкин”, – гӯён маслиҳати мухтасар ва муфид дод, ки аз он Болта Ортиқзода бениҳоят мамнун шуд. Ман ба қувваи ҳофизаи устод қоил будам. Он вақт синни вай аз ҳафтоду панҷ гузашта бошад ҳам, ба адиби аз худаш сенздаҳ сол хурд маслиҳатҳои пурарзиш медод”.
Мутаассифона, дар ин муддати зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Б. Ортиқов, яъне аз соли 1984 то охири умри ӯ дар матбуоти даврӣ ва адабиётшиносии Тоҷикистон оид ба асарҳои ин нависандаи мумтоз нақду тақризе қариб ба назар намерасад. Бар хилофи қиссаҳои “Таътил” ва “Полвон”, ки дар даҳсолаҳои аввали фаъолияти нависанда таълиф ва нашр гардида, дар атрофи онҳо дар нақди адабии тоҷик ва саҳифаҳои матбуот баҳсҳо баргузор гардида буд, дар бораи ҷараёни зиндагӣ ва даҳҳо қиссаву ҳикояҳои дар ду даҳсолаи охири ҳаёти худ дар Самарқанд навиштаи ӯ мунаққидону адабиётшиносон чизе нагуфтаанд. Гӯё ӯ дар ин солҳо дар Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шудааст.
Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои нодире, ки дар ин давраи фаромӯшӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Б. Ортиқов маълумот медиҳад, қарори маҷлиси шӯрои адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 19 июни соли 1991 аст, ки дар он нависандаи маҳбуби наврасон ба унвони фахрии “Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон” пешниҳод карда шудааст.
Дар маҷлис адибону мунаққидони шинохтаи адабиёти кӯдакону наврасон: У. Раҷаб, Ҷ. Бобокалонова, Ю. Аҳмадзода, Л. Кенҷаева, Р. Амонов, А. Баҳорӣ, Б. Шермуҳаммадов, А. Бобоҷон, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Алиева ва дигарон иштирок намуда, хидматҳои Б. Ортиқовро дар рушди адабиёти кӯдакону наврасон зикр намуданд. Адиби маъруфи бачагон У. Раҷаб, ки раисии маҷлиси мазкурро бар уҳда дошт, чунин изҳор намуд: “Болта Ортиқов аз нависандагони маъруфи мост. Адабиёти тоҷик, махсусан, адабиёти кӯдакону наврасони моро бе шахсият ва эҷодиёти ин адиби баркамол тасаввур кардан маҳол аст. Ӯ чанд муддат пеш шастсола шуд. Мо бо баъзе сабабҳо ин ҷашнро истиқбол карда натавонистем. Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хидматҳои шоистаи ӯро дар адабиёти тоҷик ба эътибор гирифта, ӯро ба дарёфти унвони фахрии “Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон” пешниҳод мекунад”.
Дар ин маҷлис адибону адабиётшиносон А.Самад, Ш. Ҳаниф, Д. Раҷабӣ, Р. Амонов, Ҷ. Бобокалонова, Б. Шермуҳаммадов низ хидматҳои Б. Ортиқовро дар рушду нумӯи адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик таъкид намуда, ӯро ба дарёфти унвони фахрии “Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон” сазовор донистанд. Б. Шермуҳаммадов нақши Б. Ортиқовро дар тарғиби адабиёти тоҷик ва тарбияи адибони тоҷикзабон дар муҳити адабии Самарқанд ёдовар шуда гуфт, ки ӯ “дар ҳаёти адабии Самарқанд нақши бузург дорад. Сарварии мактаби адабии Самарқанд тааллуқ ба ӯ дорад. Адибони зиёдеро тарбия карда, ба воя расонидааст” (Аз бойгонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон). А. Баҳорӣ ёдовар шуд, ки “Б. Ортиқов боистеъдод ва заҳматкаш аст. Нависандаи маъруфу машҳур аст. Берун аз ҷумҳурӣ зистани ӯ бояд ба он сабаб нашавад, ки берун аз эътибори мо ва мукофотҳои ҷумҳурӣ монад…”(Аз бойгонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон).
Ҳамин тавр, аз қарори мазкур маълум мегардад, ки Б. Ортиқов барои хидматҳои арзандааш дар адабиёти кӯдакон ва наврасони тоҷик якдилона ба унвони фахрии “Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон” пешниҳод гардидааст, вале чунонки маълум аст, ӯ соҳиби ин унвон нагардидааст.
Тавре ёдовар шудем, Б. Ортиқов се даҳсолаи охири ҳаёти худро асосан дар Самарқанд, дар ҳавлии худ, ки дар деҳаи Боғимайдон воқеъ аст, ба сар бурда, муҳимтарин асарҳои худро низ дар ҳамин ҷо таълиф кардааст. Манзили Б. Ортиқовро дар деҳаи Боғимайдони Самарқанд нависанда Н. Раҷаб чунин тасвир кардааст:
“Ин манзили ҷаннатосо боғи нависандаи маҳбуб Болта Ортиқзода аст. Агар ҳаво гарм бошад, мизбон меҳмонро ба хонаи салқине ҳидоят мекунад. Хонаи барҳавои дарун ба дарун. Суҳбати гарму гуворо оғоз меёбад, суҳбат доир ба адабиёт, хосса дар бораи адабиёти кӯдакону наврасон. Аксҳои калони Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар адибони тоҷик хонаи Болта Ортиқзодаро зебу зиннат медиҳанд, бо меҳр тамошо мекунед. Ин хона коргоҳи нависанда Болта Ортиқзода аст. Дар ин хона қиссаҳои “Доғи хун”, “Достони Самарқанд”, “Бачаҳои Лолазор”, “Магнитофон”, “Юсуфи Самарқанд”, “Кишмишзор”, “Қиссаи мумиё” ва боз бисёр қиссаҳову ҳикояҳои адиби пуркор эҷод карда шудаанд”.
Ҳарчанд ки Б. Ортиқов якчанд даҳсолаи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии худро дар Самарқанд гузаронидааст, вале адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик, алалхусус насри бадеии онро дар ин давра низ бе қиссаву ҳикояҳои мондагори ӯ тасаввур кардан имконнопазир аст. Бо ин жанрҳои эҷодиёти худ ӯ дар рушду нумӯи адабиёти кӯдакону наврасон саҳми назаррас гузоштааст.
Хидмати бузурги дигари Б. Ортиқов дар равшан доштани чароғи адабиёти тоҷик дар Самарқанд ва муддати зиёде сарварии адибони тоҷикзабони муҳити адабии ин шаҳри қадимиро ба зимма доштани ӯст. Ба замми ин, ӯ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон низ буда, ба туфайли асарҳои ба ӯзбекӣ навиштааш, чун “Амир Темур аркининг қисмати”, “Боғибаланд анжири”, “Афандининг ӯғли”, инчунин тарҷумаҳои ба ин забонҳо кардааш ва робитаҳои адабиаш бо намояндагони ҳар ду адабиёт ҳамчун пайвандгари миёни адабиёти тоҷик ва ӯзбек низ шинохта мешавад.
Бояд гуфт, ки Б. Ортиқов дар баробари мероси гаронбаҳои адабӣ аз худ боқӣ гузоштан, ҳавливу боғи зебо дар деҳаи Боғимайдон бино карда, сарвари ғамхору меҳрубони хонавода ва соҳиби зану фарзандони солеҳ будааст. Аз саволномае, ки барои қабул шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагон пур кардааст, маълум мешавад, ки аз зиндагии оилавӣ бо ҳамсараш Қодирова Меҳрӣ соҳиби як духтар- Ортиқова Мубарро ва ду писар Хуршед ва Ҷамшед будааст. Мутаассифона, дар бораи зиндагии хонаводагии Б. Ортиқов дар даҳсолаҳои охири ҳаёти ӯ ва тақдири минбаъдаи фарзандонаш маълумоти дигаре дастрас нест.
Ҳамин қадар маълум аст, ки Б. Ортиқов муддате вазифаи мухбири махсуси рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”-ро дар Самарқанд бар уҳда доштааст ва бо супориши сармуҳаррири он Шавкат Ниёзов (Ниёзӣ) ба ноҳияҳо сафар мекардааст. Бино ба қавли худи ӯ, таъмини асосии зиндагии моддии аҳли хонаводаи вай дар даҳсолаҳои дар Самарқанд иқомат карданаш аз ҳисоби боғдорӣ ва алалхусус анҷиру токпарварӣ будааст. Ба ин маънӣ менависад: “… Ба Самарқанд омада, дар боғи худам бо кори эҷодӣ, китобнависӣ машғул шудам. Аммо аз шуғли дӯстдоштаам – боғбонӣ ҳеҷ дил канда натавонистам. То гашти рӯз ба корҳои эҷодӣ банд шуда, баъд бо парвариши ток ва анҷир машғул мегардидам… Дар байни меваҳо анҷир серҳосил, бабаракат ҳисоб мешавад. Он ҳар сол ду маротиба ҳосил медиҳад. Ҳам худамон мехӯрем, ҳам ба дӯстону наздиконамон медиҳем. Боқимондаашро ба бозор бароварда мефурӯшем”.
Ҳамин тавр, Б. Ортиқов то охири умр ду самти дӯстдоштаи фаъолияти меҳнатии худ – боғбонӣ ва нависандагиро ҳеҷ гоҳ тарк накардааст ва дар ҳар ду ҷабҳа ҳам ҷӯяндаву пуркор будааст. Дар тӯли ду соли қабл аз вафоти худ, яъне солҳои 1999-2000, се китоб ба табъ расонидааст. Ӯ дар осори дар Самарқанд чопкардааш “Ортиқзода” тахаллус кардааст. Боғи бунёдкардаи ӯ дар Боғимайдон аз ҷумлаи беҳтарин ва серҳосилтарин боғҳои Самарқанд маҳсуб мегардад. Дар давоми умри пурбаракати худ Б. Ортиқзода фарзандони солеҳ, хонаву боғи сарсабзу хуррам, беш аз сӣ китоби хонданӣ аз хеш ба ёдгор гузошта, 19-ум ноябри соли 2001, дар синни 77-солагӣ, дар зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд вафот кардааст.
А. Муродов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»