Аввали солҳои 20 -уми асри ХХ дар ҳаёти иҷтимоӣ -иқтисодӣ ва ҳарбӣ сиёсии халқи тоҷик аз як ҷиҳат давраи ниҳоят душвор ва аз дигар тараф давраи дигаргуниҳои бузурги хотирмон маҳсуб буд.
Маҳз дар ҳамин давра бо ибтикори ғалабаи инқилоби пролетарӣ ва барпо шудани сохти ҷадид, ҳокимият аз дасти истисморкунандагон ба дасти меҳнаткашон гузашт. Аммо ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба табақаҳои истисморгар, ки асрҳо халқи тоҷикро дар зери асорати бераҳмонаи хеш гирифтор карда буданд, ҳаргиз созгор набуд. Бо мақсади аз сари нав барқарор кардани ҳокимият ва зулму ситами хеш аз болои мардуми заҳматкаш, бо ёрии қувваҳои беруна ва дохилии аксулинқилобӣ синфҳои истисморгар дар сарзамини тоҷикон ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуданд. Ин ҷанг ба сари меҳнаткашони точик ва алалхусус истиқоматкунандагони деҳот, ки бе ин ҳам зиндагии сангинро аз сар мегузарониданд, рӯзҳои ниҳоят мушкил ва зиндагии сангинро ба бор овард.
Чанги шаҳрвандӣ, ки бештар ба он қабилаву хонҳои кучманчӣ манфиатдор буданд, иқтисодиёти бе ин ҳам харобу абгори тоҷикро ба пояи ниҳоят паст фаровард. Бо даъвати собиқ амири Бухоро ва лаганбардорони он даххо ҳазор меҳнаткашони Буҳорои Шарқӣ ба таври маҷбурӣ ба қаламрави Афғонистони ҳамсоя фирорӣ гаштанд, ки дар натиҷа мавзеъҳои зархез аз қувваи корӣ танкисӣ мекашиданд.
Ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсӣ, яъне барҳам додани дастаҳои ғоратгаронаи босмачиён, қавӣ гардонидани ҳокимияти коргару деҳқон ва ба Ватан баргардонидани фирориён танҳо бо ёриву мадади отрядҳои артиши сурх ва иштироки васеъи меҳнаткашон ҳаллу фасл карда шуд. Чунин вазъият имконияти ба амал ҷорӣ намудани сиёсати тақсимоти миллӣ- ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ва ташкил шудани ҷумҳуриятҳои алоҳида сабаб гардид. Ва ниҳоят соли 1924 ин масъалаи тақдирсоз амалӣ гардида, халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии худмухтор шуд.
Барпо шудани ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон, барои барқарор кардани хоҷагии дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда ва минбаъд инкишоф додани он шароитҳои лозимӣ муҳайё гардонид. Маҳз дар ҳамин давраи нави таърихни тоҷикон 10 моҳи ноябри соли 1925 дар деҳаи зебоманзари Қашқабулоқи Шӯрои дехаи Чӯянгарони ноҳияи имрӯза Ваҳдат қаҳрамони мо Маҳамадӣ Ҳамроев аз оилаи деҳқони заҳматкаш чашм ба дунёи ҳастӣ кушод.
Маълум, ки ҳоло дар солҳои 20 – ум ва оғози 30- ум дар деҳоти дурдаст мактабҳои типи нав кушода нашуда буданд ва табиист, ки муаллимон низ дида намешуданд. Ва давраи ҷавонии ӯ дар рустои Тангай бо ғалту хез ва аз таълим дур мегузашт. Ин ҷавони ташнаи илму маърифат падари деҳқони худро маҷбур мекунад, ки ягон шахси саводнокро ёфта бо ӯ гуфтугузор карда, ӯро барои савод баровардан ба наздаш шогирд монад. Ниҳоят падар дар ҷустуҷӯи устод афтада, оқибат ба ӯ муяссар шуд шахси саводнокро дарёб карда, пас аз гуфтугузор писарашро ба наздаш шогирд монад. Ва М. Ҳамроеви ҷавон дар муддати ду сол дар назди муллои деха шогирд истода хату савод баровард. Пас аз он ки дар деҳаяшон мактаби ибтидои кушода шуд, ӯ дар зарфи солҳои 1933 то 1936 бо сарварии аввалин устодаш Шерматов мактаби ибтидоиро хатм мекунад.
Устодаш Шерматов кобилияти ин ҷавонро ба ин обат гирифта, барои давом додани таълим М. Ҳамроевро ба курси тайёрии омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи имрӯзаи Вахдат бурда супорид, ки ин роҳнамоии устоди аввалинро ӯ ҳеҷгоҳ азёд ҳона баровардаст. Курси тайёриро ӯ бомувоффақият хатм карда сипас ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро низ бомуваффақият хатм мекунад, ки дар он солҳо мактабҳои ҷумҳурӣ ба кадрҳои ҷавони лаёқатнок этиёҷи зиёд доштанд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ М. Ҳамроев тақдири хешро ба касби омӯзгорӣ пайваства ба таълиму тарбияи насли наврас шурӯъ намуд.
Роҳбарони омӯзишгоҳ ба ӯ роҳхат медиҳанд, ки ба ноҳияи Қизилмазор (ҳозира ноҳияи Темурмалик) ба кори омӯзгорӣ рафта фаъолияти кории хешро оғоз намояд. Ӯ бо шавқу завқи ҷавонӣ кори педагогиро сар карда, доимо кӯшиш ба харҷ медод, ки аз дасташ шогирдони босаводу ватанпарвар бавоя расанд.
Аммо саршавии ҷанги шадиди зидди гитлерӣ ва ҳимояи Ватан барои амалӣ кардани орзуҳои ин ҷавони ҷӯяндаву пӯянда як давраи муайян мамониат расонид. Ба мисли М. Ҳамроев дахҳо ҳазор ҷавонони Тоҷикистон пас аз оғози ин ҷанги хонумонсӯз, ки ба набардҳои он сафар баркардашуданд орзуҳои ширини хешро боҳам гирфта бурданд. Ӯ чун дигарон барои ҳифзи Ватан-модар ба сафҳои артиш даъват карда шуд. Ҷойи ҷамъомади даъватшудагон шаҳри Душанбе ҳисобида мешуд. Дар вақти ҷо ба ҷо кардан М.Ҳамроевро ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишгоҳи ҳарбӣ – пиёдагарди Гомел, ки дар шаҳри Каттақурғон ҷой гирифта буд, бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳарбияш роҳхат дода шуд. Як муддат ӯ дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ таҳсил намуда, ба рутбаи лейтинант сазовор гардид.
М. Ҳамроев дар ин муддат асосҳои илми ҳарбиро азбар карда ба боварии сарбозон сазовор гардид. Аз ин ҷо аз байни 200 навар хатмкунандагони омӯзишгоҳи ҳарбӣ – пиёдагард танҳо 50 нафари онҳоро барои тайёр кардани сардори взводи яроқҳои зиддитанкӣ ҷалб карда шуданд, ки М. Ҳамроев дар сафи пеш меистод. Кобилият ва дониши мукаммали ҳарбиашро ба эътибор гирифта ӯро тирамоҳи соли 1942, ки соли нихоят вазнини муборизаи зидди гитлерӣ ба ҳисоб мерафт, ин сарбози ҷавон барои дар курсҳои кӯтоҳмуддат таёр кардани сержантҳо аз ҷониби командирон вазифадор карда шуд. Дар муддати якчанд моҳ М. Ҳамроев аз байни ҷавонон чандин командирони звенои аввал – сержантҳоро тайёр карда ба набардҳои чаигӣ раҳои намуда, ба боварии афсарои даромад.
Қобилияти омӯзгории М. Ҳамроевро ба эътибор гирифта моҳи феврали соли 1943 ӯро аввал ба ихтиёри округи ҳарбии Осиёи Миёна ва баъд ба полки таълимӣ, ки дар шаҳри Фарғона ҷойгир буд, роҳхат гирифт. Пас аз каме дар ин ҷо кор кардан ӯро ба шаҳри Андиҷон барои тайёр намудани командирони звенои хурд ва тирандозон мефиристанд. Пас аз ин дар ҳаёти ҳарбии ин марди шуҷоъ давраи ҳалкунанда, яъне бевосида дар набардҳои ҷангӣ бо душмани ғаддор сар ба сар шудан лозим буд. Ӯ моҳи ноябри соли 1943 дар ҳайати полки 344 – уми тирандозии дивизияи 138 – уми тирандозӣ бо як хашму ғаб ба майдони ҷанги зидди душман даромада, дар як муддати кутоҳ чун сарбози сарсупурдаи Ватан худро дар мубориза ба муқобили гитлерчиён нишон дод.
Лейтенант М. Ҳамроев дар чандин муҳорибаҳои зидди душман қаҳрамонию матонат нишон дода, дар муҳорибаи сахти Корсун -Шевченково сахт яродор шуда ба беморҳонаи ҳарбӣ чанд муддат дар зери муолиҷа қарор дошт. Дар ин муддат ӯ худро бо душворӣ нигоҳ медошт ва он рӯзҳоро чашмдор буд, ки тезтар шифо ёфта боз ба майдони ҷанги зидди душман бароя. Пас аз чанд рӯз ӯ сиҳату бардам шуда боз ба қисмҳои ҳарбиихеш раҳсипор мешавад.
10 сентябри соли 1944 дар ноҳияи Косоваи вилояти Ивано – Франковск полки 334, ки дар сафҳои он М. Ҳамроев хизмати Ватан модарро адо мекард, ба ҳуҷуми зидди душман бо як шуҷоат ва қатъият гузашт. Дар ин полк ӯ вазифаи масъулиятнок, яъне сардори взводи яроқҳои зидди танкиро ба душ гирифта, ҳар вақт ҷанговаронро барои ба душман зарбаҳои пай дар пай задан руҳбаланд мекард ва худаш низ дар сафи пеши муборизаи зидди душман қарор дошт.
Дар ин ҷо зиёда аз як моҳ задухурдҳои шадиди зидди душман мерафт ва ба шароитҳои ниҳоят вазнин нигоҳ накарда, ин полк деҳаҳои Верховина, Ворохта ва истгоҳи роҳи оҳани асосии Ясиняро аз душман озод намуд, Дар муҳорибаи сахти озод намудани шаҳри Хост аз санаи 19 моҳи октябри соли 1944 М. Ҳамроев сахт яродор шуда, боз ба беморхонаи ҳарби, ки дар ақибгоҳи набардҳо ҷойгир буд ба табобат рафт. Дар ин муҳорибаи чандинрӯза ӯ шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон дод, ки ҳаман хизматҳои ӯро ба эътибор гирифта, ба вай орденҳои бонуфузи он замон ордени «Ситораи Сурх» тақдим карда шуд. Дафъаи дигар М. Ҳамроев пас аз маҷрӯҳ гаштан боз ба беморхона баргашт ва дар натиҷаи ғамхории домии табибон саломат шуда, дар беморхонаи шаҳри Киев рӯзи ғалабаро аз болои германияи гитлери пешвоз гирифта бо сари баланд ба Тоҷикистон баргашт. Чун пештара ба фазифаи фахрии омӯзгор ру овард. Маълум, ки дар он солҳо дар мактабҳои деҳот омӯзгорон намерасиданд. Ягона роҳи ҳалли ин маъала аз набардҳои ҷанг баргаштагонро ба кори омӯзгорӣ ҷалб кардан лозим буд.
М. Ҳамроев, ки аз солҳои ҷанг пеш ба кори роҳбарӣ дар мактабҳо машғули кор буд, роҳбари ноҳияи Роҳатӣ ӯро ба ҳайси директори мактаби ҳафтсола таин кард, ки дар ин вазифа аз соли 1945 то соли 1947 софдилона кор карда, чандин наслҳои ҷавонро саводнок намуда ба зиндагии мустақилона гуселонид. Олими оянда бо маълумоти миёнаи омӯзгорӣ қаноат накарда, барои маълумоти олиро соҳиб шудан ва дониши худро такмил додан соли 1947 ба факултети таъриху филологияи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе имрӯза ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад. М. Ҳамроеви ташнаи илму дониш аз соли аввали хониш қобилияти хешро нишон дода дар назди устодон баҳои сазовор мегирад, дар махфилҳои илмии лонишҷуён дар сафи пеш истода, бо маърӯзаҳои ҷолиб баромадҳо карда диққати устодон ва ҳамсабаконашро ба ҳайрат меоварад. Дар ҷараёни таҳсил ӯ пайваста асосҳои илми таърихро азбар карда, имтиҳонотро доимо бо баҳои аъло ҷамъбаст мекард. Дар зарфи чор соли хониш М. Ҳамроев бағайр аз хониш инчунин дар корҳои чамъиятӣ низ дар сафи пеш менстод.
Заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бенатиҷа намонданд ва донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ диққати ҷавони лаёқадманд М. Ҳамроевро масъалаҳои ҳалталаби илмии таърихи халқи тоҷик ҷалб мекард. Ҳаминро бояд изҳор намуд, ки дар ибтидои солҳои 50 –уми асри сипаришуда, ки академияи улуми Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Садриддин Айни таъсис ёфта буд, якчанд чавонон майлу хоҳиши ба аспирантура дохил шудан доштанд. Штаби асосии тайёр кардани олимони ҷавон барои тадқиқоти илмии оянда оиди масъалаҳои таърихи халқи тоҷик ин пажуишгохи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон башумор мерафт. Аваллин дирекори он яке аз олимони барҷаста ховаршиноси намоён А.А. Семёнов мансуб буд ва барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ саҳми бориз дорад. Кадом аспирант ва тадқиқотчие ба назди ӯ бо мақсади муаян кардани мавзуи татқиқотиаш ба машварат мерафт, аввало А.А. Семёнов савол мекард, ки ӯ аз кадом минтақа аст? Ин ба он хотир, ки ҳар шахс аввало барои тадкики илмии минтакааш шавқу рағбат дорад ва дигар он аст ки ба тамоми шароит, урфу одати мардум ва ҷуғрофияи он шинос аст. Масалан иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академики АФ ҶТ шодравон Аҳрор Муҳторов, низ шогирди А.А. Семенов буданд. Пас аз ба аспирантура дохил шудан он кас барои қабули мавзӯъ ба А.А. Семёнов муроҷиат мекунанд. Дар навбати худ ин олими нуктасанҷ ба Аҳрор Мухторов муроҷиат карда пурсон мешавад, ки ӯ аз кадом минтақаи Тоҷикистон аст?
Аспиранти ҷавон ба устод ҷавоб медиҳанд, ки аз шаҳри Уротеппааст. Шумо бояд таърихи Уротеппаро нависед, – мегуяд А.А. Семёнов. Сипас Шарқи Турдиев бо чунин хоҳиш ба А.А. Семёнов муроҷиат мекунад, ин олими дилсӯз ба ӯ мавзуи таърихи муносибатҳои феодалӣ дар ҳаёти меҳнаткашони гурӯҳи ноҳияҳои водии Вахш татқиқоти илмӣ муайян намуд.
Ба ҷуз ашхоси номбаршуда ба назди олими энсиклопедист A.А. Семенов дигар ҷавонони ташнаи илм муроҷиат мекарданд, то ки ӯ дар интихоби мавзӯъи номзадӣ ба онҳо тавсия диҳад. Барои мисол ба зумраи чунин ҷавонон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Д. Латипов низ дохил мешуд, ки аз он ҳам олим мавзе таввалуди ӯро пурсон шуд. Дар вақти суҳбат маълум гашт, ки Латипов дар яке аз ноҳияхои водни Хатлон будааст. Пас аз суҳбати дурудароз бо ин ҷавон А.А. Семенов ба хулосае омад, ки ин ҷавон аз уҳдаи тадқиқоти илмӣ баромада метавонад ва ба ӯ мавзӯъи «Муносибатҳои феодалӣ дар сарзамини Хатлон дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» – ро тавсия дод ва бо ҷиддият огоҳ кард, ки оиди ин масъала маводҳо кам ва ниҳоят парокандаанд, – танҳо гуфт ӯ меҳнат ва сабру тоқат лозим аст. Ҳамаи инҳо дар зери роҳбарии А.А. Семенов тадқиқоти илмӣ мебурданд.
Шахси дигаре, ки дар назди хеш мақсади ба аспирантура дохил шуда, ба яке аз ҷабҳаҳои то ин дам ба таври кофӣ тадкқиқ нашудаи таърихи халқи тоҷикро ба риштаи тадкиқот гирад, ин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ М. Хамроев ба ҳисоб мерафт. А.А. Семенов, ки худ психолог ва одамшинос маҳсуб буд, ҷои тавалуди ӯро муаян карда, ба ӯ тавсия дод, ки дар мавзуи «Муносибатҳои феодалӣ дар бекигарии Хисор дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ» рисолаи номзадиро дар муддати солҳои ба аспирантура дохил шудан ва ҳатми онро навишта ба итмом расонад. Баробари ин олими ҳамадон ба М. Ҳамроев фаҳмод, ки аввало ин мавзӯъ душвор аст, дигар ин ки маводҳо ниҳоят парокандаанд, барои дарёби онҳо заҳмати зиёд кашидан зарур меояд. Устод ба аспирант бо қатъият фаҳмонд, ки ба чуз маводҳои бойгонӣ инчунин ба ӯ лозим меояд, ки хотираҳои иштирокчиёни воқеаҳои ҳамон замонро гирд оварда, аз нуқтаи назари танқидӣ дар кори илмӣ истифода барад.
Ҳамин тавр, бо тавсияву насиҳатҳои падаронаи А.А. Семенов қаҳрамони мақолаи банда М. Ҳамроев соли 1952, яъне пас аз таҷрибаи ҳаётӣ пайдо кардан ба аспирантура дохил шуда, ба кори ҷиддии илмӣ камар мебандад. Бо тавсияи роҳбари илмиаш А.А. Семенов ӯ қариб тамоми адабиётҳои таърихии асрҳои XIX – XХ- ро азбар карда, барои мавзӯъи худ маводҳои лозимиро аз он ҷо мегирад. Пас аз ҷустуҷуйҳои зиёд ва шабҳои бедорхобӣ кашидан М. Ҳамроев бо роҳбарии доимӣ ва дастгирии беғаразонаи устоди сахтгир А.А. Семенов кори илмиашро оид ба мавзуи «Масъалаҳои муносибатҳои феодалӣ дар бекигарии Ҳисори аморати Бухоро дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ» ба итмом расонида, ниҳоят соли 1956 онро дифо намуд ва ба унвони номзади илмҳои таърих ноил гардид. Ба ӯ муяссар гардид, ки ба роҳи душвори илмӣ дилпурона қадам занад.
М. Ҳамроев оид ба мавзуи номзадиаш даҳо мақолаҳо навишта хазинаи таърихи давраи мустамликавӣ ва аморати бухороро ғанӣ гардонидааст. Ӯ мавзуи номзадиашро боз бо маводҳои нав бой карда, онро барои дӯстдорони таърихи кишвар ба як монографияи муфид табдил дода чоп намуд ва пешкаши хонандагони сершумор гардонд. Олим М. Ҳамроев тадқиқоти илмиро бо тарбияву таълими донишҷуёни макотиби олӣ мунтазам мепайваст ва дар макотиби олӣ солиёни дароз чун педагоги номвар ва серталабу ғамор аз фанҳои гуногун ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Дар ин ҷо дар назди хонанда саволе пеши назар хоҳад омад, ки устод чаро аз фанҳои гуногун ба хонандагон дарс мегуфтанд? Зеро дар солҳои пас аз ҷангӣ дар мактабҳо кадрҳои ҳамаҷониба босавод ангуштшумор буданд. Ва барои ҳамин ҳам устод аз чанд предметҳо барои хонандагон дарс мегуфт. Фаъолияти омӯзгории ин олими заҳматкаш хело доманадор мебошад. Ӯ аз соли 1955 то соли 1957дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Тирмиз чун додсент фаъолият намудааст, ки дар ин солҳо барои ҷумҳурии ба мо ҳамсояи Ӯзбекистон низ кадрҳои баландихтисос намерасиданд.
Устод М. Ҳамроев дар зарфи солҳои дар донишкадаи омӯзгории шаҳри Тирмиз кор карданаш, ба ҷуз корҳои илмӣ – тадқиқотӣ инчунин дар риштаи тайёр кадани кадрҳои баладихтисос аз байни ҷавонони узбекзабон, ки ин донишгоҳ эҳтиёҷи зиёд дошт, саҳми арзанда гузоштааст. Олим М. Ҳамроев аз соли 1957 боз ба Душанбе омада ба корҳои илмӣ- тадкиқотӣ ва фаъолияти педагогиро бо тамоми қуваю ҷаҳд оғоз карда, дар як давраи нисбатан кӯтаҳ дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати илмию педагогии М. Ҳамроевро ба эътибор гирифта ҳамон соли ба шаҳри Душанбе омаданаш сар карда ӯро ба вазифаи масъулиятноки мудири кафедраи таърихи партияи Донишгоҳи полититехникии Тоҷикистон, ки нав таъсис ёфта буд таин менамояд. Аввалин ректори ин Донишгоҳ, аъзо -корспонденти АФ ИШ, яке аз олимони варзида ва ташкилотчии моҳир М. Осимӣ башумор мерафт. М. Ҳамроев чанд сол бо нобиға М. Осимӣ барои тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ, ки барои корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зарур аст саҳми худро гузоштааст.
М. Ҳамроев то соли 1986 дар як чанд мактабҳои олии шахри Душанбе вазифаҳои дотсент ва прфессори кафедраҳоро иҷро карда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва тадкикӣ масъалаҳои мубрам ва дар таърихнигории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кор карда шуда, яъне масъалаҳои таърихи азхудкунии заминҳои нав, инкишофи обёриву мелиоратсия ва муҳоҷирати дохилӣ корҳои зиёди ҷустуҷуй карда, хазинаи илми таърихро гани кардааст. Оиди ин масъалаҳо олим асару мақолаҳои зиёди илмӣ- тадқиқотӣ дорад. Натичаи заҳматҳои шёд буд, ки олими нуктасанҷ М. Ҳамроев дорандаи якчанд монография, аз ҷумла «Фаъолияти партияи Коммунистӣ оид ба инкишофӣ ирригатсия дар Тоҷикистон (1924-1938)», «Инкишофи прригатсияи Тоҷикистони шуравӣ дар давраи мустаҳкамшавии сотенализм (1938- 1941)» ва ғайра. Инчунин бо қалами ӯ зиёда аз 100 брошюраву мақолаҳои илмӣ – оммавӣ оиди масъалаҳои номбурда бахшида шудаанд.
Натиҷаи чунин заҳмату тадқиқотҳои илмӣ буд, ки устод соли 1971 дар яке аз шуроҳои боэътибори шаҳри Маскав дар мавзуи «Фаъолияти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон оид ба инкишофи ирригатсия ва мелиоратсия (солҳои-1924-1941)» бомувофаққият дифо намуда, соҳиби унвони баланди доктори илмҳои таърих гардид ва баъдтар дипломи профессориро низ соҳиб гашт. Устод М. Ҳамроев дар тули солҳои дурру дарози фаъолияти самараноки хеш, дар чандин конференсияҳои илмии умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои аҳамияти калони илмӣ -тадқиқотӣ дошта баромад карда, оиди масъалаҳои баҳсталаб нуқтаи назари хешро нигоҳ доштааст. Ин марди хирад ва ниҳоят хоксору фрутан, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ -тадқиқотӣ соҳаи таърих хизматҳои шоиста кардааст. Устод солҳои тулонӣ дар шуроҳои дифои дисссертасионӣ аъзо буда, ба бисёр диссертатсняҳои номзадӣ ва докторӣ оппонент буда, барои афзудани сафи олимони таърихшинос кӯшишҳо кардааст.
Моҳи сентябри соли 1992 дар давраи нав сарзадани ҷанги шаҳрвандӣ устод М. Ҳамроев ба душвориҳои сари роҳи Қӯрғонтеппа – Душанбе, ки бо автоматбадастон ва гурезаҳо лабрез буд, касе намедонист, дӯст ва душман кист, нигоҳ накарда дар ҳимояи нависандаи ин сатрҳо дар вақти муайяншуда расида омада, чун оппонент баромад карда, фикру андешаҳои диссертантро дастгирӣ кард. Мутаассифона устоди зиндаёд имрӯз дар бари мо нест. Сад афсӯс, сад ҳайф. Имрӯз мо шогирдон мавлуди устодро, яъне 100 – солагиашро ба шогирдону наздиконаш шодбош мегӯем.
Р. Абулҳаев,
доктори илмҳои таърих, профессор