80-сол қабл аз рӯзҳои мо дар ҳаёти одамони сулҳпарвару адолатхоҳи олам воқеаи калони таърихӣ ба амал омад. Ин Ғалабаи давлати советӣ аз болои Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни калони он – Италия, Венгрия, Руминия, Япония, Финландия ва дигар давлатҳою ҳукуматҳои ҷангҷӯю ҷангхоҳи он замон буд. Ин ғалабаи калони бузурги оламшумули таърихӣ ба туфайли корнамоиҳою қаҳрамониҳо, қурбониҳою фоҷеаҳо, кӯштору сӯхтори зиёди дар таърихи то ба алҳол диданашавандаба амал омада буд.
Аз ҳама ҷангҳои аз ҷиҳати характери худ гуногуни дар ҷаҳон то ба имрӯза ба амал омада, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 воқеаи дар ҳақиқат ҳам аз ҳама даҳшатовару фоҷеаовар ҳисобида мешавад. Дар он беш аз 27 миллион одамони советӣ қурбон шуданд. Аз 250 ҳазор аскарони аз Тоҷикистон дар ҷанг иштирок дошта, 90 ҳазор нафар кушта шудаанд. Бисёриҳо маъюбу маслуқ шуда, қобилияти кории худро аз даст доданд. Дар ҳақиқат ҳам, моҳият ва аҳамияти ғалаба бар фашистони Германия ва иттифоқчиёни он аз тарафи давлату одамони советӣ бебаҳсу беҳамто буд. Дар ҷанг ҳазорҳо аскарпону афсарон, ҷавонону занон ва ҳатто мактаббачагон дар фронтҳои ҷангию паси ҷанги корнамоиҳою қаҳрамониҳо нишон дода, ғалабаи деринтизорро таъмин намуданд.
Аз 1418 рӯзи давом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ҳар рӯзу ҳар соати онкорнамоию қаҳрамонӣ, шуҷоату далерӣ, мардонагию озодихоҳӣ буд. Дар муборизаҳои дуру дарози шадиди қаҳрамонона, барои таъмин намудани ғалаба бар истилогарони фашисти ҳамаи халқҳои собиқ давлати паҳновари советӣ, аз ҷумла халқи тоҷик фаъолона иштирок намуданд. Халқи тоҷик, Тоҷикистони онрӯза барои муҳофизати Ватан беҳтарин фарзандони худро фиристод.
Фиристодагони Тоҷикистон бо русҳо, украинҳо, белорусҳо, арманиҳо, гурчиҳо, қазоқҳо, тотору бошқирдҳо ва ҳама халқҳою миллатҳои дигар паҳлу ба паҳлу истода, бар зидди душманон далерона меҷангиданд. Онҳо ҳамарӯза далерию шуҷоат, корнамоию қаҳрамониҳо нишон дода, рӯзи ғалабаро ҳар чӣ зудтар наздик меоварданд. Фиристодагони Тоҷикистон дар сафҳои муҳофизони шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Вилнюсу Рига, Смоленску Севостопол, Бресту Кишинев, Харкову Витебск, Гомелу Полтава ва дигар шаҳрҳо фаъолона иштирок намуда, дар озод намудани онҳо аз фашистон саҳми калон гузоштанд.Онҳо дар соҳилҳои дарёи Волга ва Днепр, Вислаю Днестр, Тиссаю Одер ҷасуронаю далерона ҷангида, дар озод намудани ин минтақаҳо ҳиссаи калон гузоштанд.
Хусусан ҷасорату маҳорати ҷангии онҳо дар муҳорибаҳои бузурги назди Москва, Сталинград ва Курск бебаҳост. Онҳо дар қатори ҳама ҷанговарони Армияи Советӣ далеронаю мардона ҷангида, фашистонро аз Полша, Булғория, Руминия, Венгрия, Чехославакия, Югославия, ва Албания пеш намуданд. Дар кори озод намудани халқҳою миллатҳои ин давлатҳо аз фашистон хизмати босазое карданд. Дар ҳақиқат ҳам фиристодагони Тоҷикистон, фарзандони халқи тоҷик дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарию қаҳрамонӣ, ҷасорату шуҷоат нишон доданд. Халқи тоҷик бо номи баланду боифтихори фарзандони худ- Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ: исмоил Ҳамзаалиев, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Туйчӣ Эрҷигитов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Ҳайдар Қосимов ва бисёре аз дигар далерону фотеҳон фахру ифтихор дорад.
Дар ҷанг ҳазорон нафар ҷанговарони тоҷик корнамоиҳои баланди ҷангӣ нишон дода, бо ордену медалҳои Иттифоқи Советӣ мукофотонида шуданд. 11 ҳазор ҷавонмардони тоҷик барои корнамоӣ ва нишон додани шуҷоати махсус ба мукофотҳои баландтарини ватанӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла 64 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардиданд.
Фарзандони халқи тоҷик Саидаҳмад Турдиев ва Ҳайдар Қосимов дар озод кардани Украина, гузаштан аз дарёи Днепр, барои нишон додани далери ва шуҷоати махсус бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардиданд. Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар муҳорибаҳои назди Курск ва Белгород корнамоиҳо нишон дода, сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гаштанд. Сержанти гвардия, командири дастаи тупчиён Сафар Амиршоев ҳамроҳи ҳамяроқонаш 15 июли соли 1944 садди роҳи 17 танки вазнини “Шоҳпалангӣ”(Тигр) душман гардиданд. Тупчиёни батарея бо сардории Сафар Амиршоев танкҳои душманро ба нишон гирифта, онҳоро аз кор бароварданд. Сафар як худаш ду танки душманро тарконда буд. Дар ҳолате. ки аз снаряди таркидаи танки душман тӯпи ӯ зарари сахт дида, оҳанпорае синаашрои сӯрох карда, тамоми ҷисмаш оғӯштаи хун гашта буд.
Сафар снаряди охиринро гирифта ба тупаш ҷой кард. Дар чунин ҳолати беҳолию бемадори ӯ охирин қувваи худро ба кор бурд. Танки душманро ба нишон гирифта, оташ кушод. Шоҳпаланги душман ғулдуросе баровард, дар ҷояш чарх зад ва ҳамоно оташ гирифта хомӯш монд. Сафар ин замон болои тупаш беҳуш мехобид. Ӯ ҳалок гашта буд. Рӯзи дигар ҳамяроқонаш ҷасади хуншори ӯро дар қабристони деҳаи Жежморияи Ҷумҳрии Литва ба хок супориданд. Болои қабраш чун рамзи ғалаба тупи ӯро гузоштанд. Маҳс барои ҳамин шуҷоат ва мардонагии ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуда аст.
Қаҳрамонҷавонмарди дигари тоҷик Туйчӣ Эрҷигитов бо синаи худ дзоти душманро, ки аз он борони тири пулемёт ба сари аскарони мо мерехт ва қурбониҳои зиёд меовард, чун сипар пахш намуда, аз кор баровард. Аскарони советӣ аз ин корнамоии Туйчи рӯҳбаланд шуда, ҳамагон ба ҳуҷм гузаштанд ва ғалабаро дар ин самт таъмин намуданд. Барои ҳамин ҷасорат ва далерӣ ба Туйчӣ Эрҷигитов унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст. Дар ҷанг ҳолатҳое рух медоданд, ки аскарони мо бе ягон яроқу аслиҳа, яка ба яка бо душман даст ба гиребон мешуданд.
Дар ҳолати аз кор баромадани яроқ бошад, бо дасту пой меҷангиданд Маҳз чунин ҳолату воқеъиятро дар назар дошта, шоири ватанхоҳу озодихоҳи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ он рӯзҳо дар яке аз шеърҳояш навишта буд: Ҷангҳои болшевикӣ андар ин майдон кунем, Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем. Ғалабаро дар ҷанг ба ғайр аз аскарону афсарон партизанҳо, разведкачиён, кормандони нақлиёту алоқа, комсомолону ҷавонон таъмин менамуданд.
Корнамоиҳои комсомолони “Гвардияи ҷавон”: Олег Кошевой, Любов Шветсова, Иван Земнухин, Иван Тоҷик ба ҳамагон маълуму машҳуранд. Фиристодаи Тоҷикистон, ҷавонписарони тоҷик, аъзои комсомол Малик Ашуров, ки дар ҷанг байни ҳамяроқонаш бо номи “Иван Тоҷик”машҳур гашта буд, дар озод кардани шаҳрҳою деҳаҳои Русия, Белорусия, хусусан Полша хизмати шоёну намоёне кардааст.
Дар ҷанг садҳо ва ҳазорҳо ҷанговарон, аскарону афсарон, матонату шуҷоат,далерию корнамоӣ, қаҳрамониҳо нишон дода, баҳри ҳифз ва озодии Ватан ҳалок гаштанд. Гузашта аз он бисёриҳо бе ному нишон монданд. Аз Тоҷикистони мо ҳам шумораи бе ному нишон мондагон хеле зиёданд .
Нависандаи ҷангноманависи тоҷик Раҳмон Сафаров дар китоби бисёрҷилдаи худ “Ҳазору як корнамои”,дар натиҷаи заҳмату машаққат, ҷустуҷӯҳои пайгирона ва тӯлонии худ. роҳи тайнамудаи ҷангии қариб 50 ҳазор ҷанговари тоҷикро ба қалам додааст. Дурустии ному насаб, макони зист,зодаи Тоҷикистон будани онҳоро, дар куҷо, чӣ гуна корнамоиҳо ва чӣ тавр ҳалок гаштани онҳоро аниқу равшан намудааст. Дар натиҷаи ҷӯстуҷӯҳои устуворонаю пайгиронаи худ нисбати чанде аз ҷанговарони бе ному нишон гаштаи тоҷик маълумотҳо пайдо кардааст. Вале, мутаассифона шумораи фавтидагони бе ному нишон гаштаи тоҷик ҳамоно хеле зиёданд.
Мо бояд ба қадри онҳое, ки дар роҳи ҳифзу озодии Ватан фавтиданд бирасем , хотири онҳоро пос дорем,ёди онҳоро зинда дорем, рӯҳу арвоҳи онҳоро шод гардонем. Шоири халқии Тоҷикистон, Мумин Қаноат дар достони “Мавҷҳои бародарӣ” , ки ба хотираи бародари дар ҷанг фавтидаи бе ному нишон гаштааш бахшидааст,дар ин хусус бо дарду алам, ғаму андӯҳ хеле хуб гуфтааст:
Ба дида нақши рӯи ту,ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту.
Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,
Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту.
Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!
Замини Украинаро зи сару бар қадам задам ,
Ба ҳар диёр дар задам , ба ҳар мазор дам задам.
Зи лавҳаҳои мармарин ба хирс ҷуста номи ту,
Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту,
Бародарам , бародари ба ҷону дил баробарам!
Замони кӯдакии ман ту аз ҳама калон будӣ,
Миёни аҳли деҳи мо ҷавони паҳлавон будӣ.
Чанори соябон будӣ, мадори хонадон будӣ,
Вале зи хоксорият ба чашм ноаён будӣ,
Бародарам , бародари ба ҷону дил баробарам!
Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори хоксори ту?
Ба вақти ҷаҳдӣ охирин, ки буд дар канори ту?
Даме фитоди бар замин, ки буд такядори ту?
Ки буд дар нигоҳи ту, ба чашми интизори ту,
Бародарам , бародари ба ҷону дил баробарам!
Дар кори ба даст овардани ғалаба бар душман ҳиссаи олимон, адибон, санъаткорон, умуман аҳли зиё низ хеле калон аст. Бисёр адибони Тоҷикистон дар он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанг дар қатори дигар зиёиёни тоҷик ба сафи ҷанговарон дохил шуда, чӣ ба воситаи қаламу сухан ва чӣ ба воситаи милтиқу шамшер Ватанро мудофиа намуданд. Маҳз дар он рӯзҳои пурдаҳшату тақдирҳалкунандаи айёми ҷангӣ шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар яке аз шеърҳояш мардумро ба ҳимоя Ватан даъват намуда, навишта буд:
Вақти он аст эй қалам буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он астэй сухан ғурандатар гардӣ зи барқ.
Олимони маъруф ва намоёни тоҷик, академикҳо: Муҳамад Осимӣ дар муҳорибаҳо баҳри озод кардани шаҳри Ленинград, Баҳодур Искандарову Иброҳим Обидов бошад дар муҳорибаҳои назди Москва иштирок намуда, баҳри озодии Ватан шуҷоату корнамоиҳо нишон додаанд.
Устоди арҷуманди мо, арбоби илми Тоҷикистон, доктори илми таърихнигорӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Муҳаммадӣ Ҳамроев моҳи марти соли 1942 барои хизмат ба Ватан ба сафи Армияи Сурх даъват карда мешавад. Ӯ то ин вақт дар яке аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистони ноҳияи собиқи Қизил-Мазор (ҳоло ноҳияи Темурмалик), дар мактаби деҳаи Ҳорма касби омӯзгорӣ дошт. Ба сафи армия даъват шуда, ӯ аввал дар шаҳри Каттақурғон курси 6 моҳаи тайёрии ҳарбиро ба итмом мерасонад. Ба ӯ рутбаи афитсерӣ- лейтинант дода мешавад. Дар шаҳрҳои Ашқобод, Фарғона, Андиҷон,Ош курсҳои команди, тайёркуниро ба итмом мерасонад. Моҳи ноябри соли 1943 ба фронт фиристода мешавад ва дар ҳайати “дивизияи Карпат” ба хизмат шуруъ менамояд. Муҳаммадӣ Ҳамроев дар муҳорибаҳои бо ном “Корсун-Шевченко” иштирок карда, барои озод кардани шаҳрҳои Косово, Хуст, Верховина ва стнсияи роҳи оҳани Ясинияи вилояти Ивано Франковскии ҷумҳурии Украина аз фашистон ҷасорату маҳорати ҳарби нишон медиҳад. Маҳз барои озод кардани ҳамин шаҳру деҳаҳо аз фашистон ба ӯ ордени “Ситораи Сурх” дода мешавад.
Устод Муҳаммадӣ Ҳамроев рӯҳашон шод бошад. Ҳарчанд, дар сини 90 солагиашон аз олам гузашта бошанд агар дунё вафои менамуд устоди зиндаёд ба синнӣ 100 мерасид. Бо шогирдону шунавандагони сершумори худ суҳбату вохӯриҳо ороста, аз матонату далерӣ, аз роҳи тайнамудаи ҷангии худ ҳикоятҳо менамуданд. Воқеъан, имрӯз устод Муҳаммадӣ Ҳамроев дар донишгоҳи мо ягона шахсе буд, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар айёми ҳаёти пурбаракаташ доир ба рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисаҳои ибратомӯз ва меҳандустии ҷавонони замони хешро пайвасти баён менамуд.
Аз нигоҳи устоди шодравон дар ӯалаба аз болои фашизм саҳми дар ақибгоҳ буда: мардон, занон, наврасон ва ҳатто ноболиғон низ таъмин менамуданд. Онҳо пушти дастгоҳҳои аслиҳаю маҳсулотбарорӣ, дар саҳроҳои колхозҳою совхозҳо, идораҳои сохтмонию нақлиёти меҳнати пурмашаққат намуда, аскаронро бо яроқу аслиҳа хуроку пушок таъмин месохтанд. аввалин қатора бо тӯфаҳо аз Тоҷикистон ба фронт моҳи январи соли 1942 фиристода шуда буд. Тӯҳфаҳо бештар меваи хушк, консерваҳо, тамоку, ҳар гуна шириниҳо буданд.
Умуман аз Тоҷикистон ба фронт 150 вагон тӯҳфа, 40 ҳазор пуд ғалла фиристода шуда буд. Меҳнаткашони Тоҷикистон дар ақибгоҳ барои сохтани колонияи танкии “Колхозчии Тоҷикистон” беш аз 84 миллион сӯм ва барои сохтани эскадрилияи Тоҷикистон бо номи “Тоҷикистони Советӣ” 33 миллион сӯм супорида буданд. Дар ҳақиқат ҳам онҳое, ки дар ақибгоҳ буданд, ҳамаи имконияту қобилияти худро барои мустаҳкам намудани қувваҳои мудофиавии мамлакат ва тезонидани ғалаба сафарбар менамуданд. Ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан онҳоро водор месохт, ки ба шароити душвори ба амаломада нигоҳ накарда, бо қувваи дучанд ва зиёда аз он кор кунанд, ғалабаро бар душман таъмин намоянд.
Меҳнаткашони Тоҷикстон дар ақибгоҳ зери шиорҳои : Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба, аз кори мо ҳақ аст ва мо ғалаба мекунем амал намуда, фронтро бо ҳама воситаҳо таъмин намуда, дар кори умумии ғалаба бар душман ҳиссаи калон гузоштанд. Ҳамин тавр ғалабаро бар душман чӣ аскарони дар фронтҳои амалкунандаи ҷангӣ ва чӣ одамони дар ақибгоҳ буда дар якҷоягӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ таъмин намуданд. Фашизмро саркуб намуда Ватанро озод карданд.
Парчами ғалабаро барафрӯхта рӯзи иди ғалабаи дуринтизорро муҳаё сохтанд.
Имсол расо 80 сол мешавад, ки оламиён ба истиснои баъзе моҷарою даргириҳо дар ҳолати сулҳу субот, оромию осудагӣ қарор доранд. Тоҷикистони азази мо дар ин муддат ба бисёр комёбиҳою музаффариятҳо ноил гардид. Ҳоло Тоҷикистони озоду ободу соҳибистиқлоли мо дар роҳи бунёдкорию созандагӣ талошҳо дорад. Баҳри барпо кардани давлати тавонои демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қӯшишҳою талошҳои зиёде намуда истодааст. Омил ва гарави асосии ба ҳама ин ҳадафҳо расидан меҳнати ҳалолу суботкорона, масъулиятшиносию хештаншиносӣ, ватандӯстию ватандорӣ, худшиносии миллию ваҳдати умум лозим аст.
Мо кулли омӯзгорону устодонро зарур аст, ки аз ин роҳи боифтихор шаъну намоёни пайнамудаи ниёгону пешвоёнамон, бузургону қаҳрамононамон ибрату қувват гирифта донишҷӯёну ҳама шогирдонамонро ба роҳи суботкорию ватандорӣ, доштани ҳисси баланди дӯстию рафоқат, худшиносию худогоҳии миллию давлати ҳидояту роҳнамоӣ намоем. Аҳлонаю пайгирона боз ҳам бо ҳам бештар муттаҳид гашта, баҳри ободу тавоно шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон хизмати босазою гуворое намоем.
А. Гадозода,
профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав