Аз ибтидо новобаста аз миллату халқият модар арзишмандтарин фиристодаи Якто ва офаридгор дар замин аст, ки бо ин рисолаташ ба бунёди ҷомеаи муттамаддин асос гузоштааст. Фидокориҳои ӯ дар бунёди аввалин ойилаҳо, ҷамоаҳо ва авлодҳо, таъмини сулҳу субот миёни қишрҳои ҷомеа басо бузург аст. Аз таърих бар меояд, ки дар тули қарнҳо воқеаҳои нангин рӯй дода, дар дили мардум хотираҳои ҳуснангезе боқи мемонад, ки рисолати бузурги зан-модари тоҷик аз ин саҳнаҳои гушношунид канор намонда, ҳисёту эҳсосоти ӯ зери таъқибу фишорҳои замон қрор мегирад.
Ҳамзамон, фидокорию қалби пурэҳсоси он дар симои фидокории фарзандонаш қурбони амалҳои номатлуб гардида, ашки алами рӯзгор, заҳмату талош ва амали орзӯҳои нухуфтааш ба саҳнаи нофаромушгаштаи зиндагӣ ёдгор мемонад. Ҷойе аз ашки аламдарди ҷонсӯз ба саҳнаи қаҳрамониҳо баромада, аз меҳану ҳувияти миллӣ ҳифз мекунад ва дар саҳнаи мубориза таҳамтанӣ менамояд, ки ин ҳолатҳо дар таърихи миллати тоҷик дар марҳилаҳои таърихии рушди давлатдорӣ борҳо пеш омада, ҷое бо душворӣ қурбонию сӯзи ҷонсухт ашки маломату хунолуд мерезед ва ҷои дигар бо таҳамтанию фидокории бемисл бори гаронро пушти сар карда, ифтихори насли ояндасозу худшиноси миллӣ мегардад.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз зумраи он саҳнаҳои ҳуснангезе ҳаст, ки 80 сол пур мешавад, доғу сузи фироқаш аз хотираҳо зудуда намегардад, Фидокориҳои зан-модари тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ назаррас мебошад. Дар солҳои ҳалокатбори ҷанг, занон ҳамроҳи мардҳо ва тамоми халқҳои мамлакат ба муҳофизати сарзамин, Ватани Шуравӣ бархостаанд, ки дар тули тамоми таърих ҳеҷ гоҳ чунин фидокорона ба муҳофизати Ватан барнахоста буданд. Коргарзанон, колхозчизанон, хизматчиён ва соҳибхоназанон уҳдадор шуданд, ки ба ҷои шавҳарон, падарон ва бародарони ба ҷанг рафтаашон кор карда, дар дифои мамлакат фаъолона иштирок кунанд. Наздик ба 200 ариза занони ихтиёри ба ҷанг навишта буданд. Аз миёни ихтиёриён комсомолдухтар С. Алибоева, коргарзан Одина Ҳакимова аввалинҳо буданд.
Мусаламаст, ки аз солҳои 30-юми асри XX сар карда дар муносибатҳои байналхалқӣ масъалаҳои муракаб, ноустувории вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тамоили ба амал омадани ҷангҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ ба миён омад. Дар байни давлатҳои империалистӣ мухолифат барои заминҳои нав, ашёи хом ва қувваи кирояи арзон торафт тезутун шуда, ҷаҳони капиталистӣ дар солҳои 1929-1933 ба бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор шуда буд, ки роҳи наҷотро ҷуста роҳи ҳали онро пеш аз ҳама дар ҷанг медид.
Ин вазъияти ногувори иҷтимоию иқтисодӣ ва дар маҷмуъ сиёсӣ дар охири солҳои 30-юми асри XX мухолифат миёни ду гурӯҳи мамлакатҳои империалистӣ, аз як тараф кишварҳои Германия, Италия, Япония бо номи Иттфоқи ҳарбии Сегона ва аз тарафи дигар кишварҳои Англия, Фаронса ва Иёлотм Муттаҳидаи Америка тезу тун гардид. Қувваҳои иртиҷоии ҳарду гурӯҳ манфиатдор буданд, ки Германияи фашистӣ ҳарчӣ зудтар ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ҳуҷум карда, онро мағлуб намояд, то инки хатари дар ҷаҳон паҳн гардидани болшевизм барҳам дода шавад.
Бо ин мақсад, ба Германияи фашистӣ имконият дода шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳудуди кишварҳои Австрия, Дания, Норвегия, Юнон, Югославия ва дигар мамлакатҳоро ишғол намуда то сарҳади Шуравӣ наздик биёяд, ки ин амалҳои муғризона воқеан амалӣ шуда, то соли 1941 то сарҳади Иттиҳоди Шуравӣ наздик омаданд. Вазъияти байналхалқӣ торафт муракаб гардида, давлатҳои нав ба ҷанг кашида мешуданд.
Воқеан субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдномаи 23-юми соли 1939 дар бораи бо ҳам ҳуҷум накарданро аҳдшиканона вайрон намуда ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум намуд. Ҳукумати Шуравӣ тавассути радио ба тамоми мардуми Иттиҳод муроҷиат намуда, дар маҳалли кори худ муташаккил будан, ҷиҳати бо ҳама гунна лавозимот таъмин намудани фронт фидокорона меҳнат кардан даъват намуд, ки ин муроҷиатнома руҳияи ҷангии артиши сурхи Иттиҳоди Шуравиро ҷасуртар ва дустии халқҳоро дар дохили кшвар қавитар гардонид.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар намудани тамоми қувва ва захираҳоро тақозо намуд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг дар паҳлуи аскарони сермилати Иттиҳоди Шуравӣ фарзандони тоҷик низ вазифаи ҳифзи Ватанро иҷро карданд, ки аз Тоҷикистон низ мисли тамоми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳифзи Ватани сотсиалистӣ бархоста, дар муддати ҷанги тулонӣ зидди фашизм 253 957 нафар фарзандони солиму бардами худро ба гирдоби номувафақиятҳо ва муҳофизати хоки Ватан равона кард.
Аз ин миқдор 209 ҳазор нафар фарзандони содиқи ватан дар фронтҳои ҷангӣ ва 175648 нафар дар сафҳои аскарони Шуравӣ даъват шуданд. 44957 нафар, аз зумраи нафароне, ки сину солашон ба давраи сафарбаркунии фронтҳо мутобиқат намекард (асосан калонсолон) барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир фаъолият мекарданд, сафарбар шуданд.
Аз ин фиристодаҳо 58 ҳазор нафар дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ-Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд. Инчунин, 19 нафар бо се ордени дараҷаи Шараф сазовор шуданд, ки онҳо низ дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ ҷой доранд.
Зикр мекунам, ки дар солҳои сахти ҷанг занон низ ҳамроҳи тамоми халқҳои мамлакат ба муҳофизати Ватани Шуравӣ бархостанд. Дар тули тамоми таърих занон ҳеҷ гоҳ чунин фидокорона ба муҳофизати Ватан барнахоста буданд, ҳамоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Дар митинги дар боғи маданияту истироҳати шаҳри Душанбе барпогардида, дар асоси қарори КДМ аз 17 сентябри соли 1941, дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ ва дар Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1941 таълими умумии ҳарбӣ (всеобуч) ҷорӣ гардида, ҷавонмардони синнашон аз 15 сола то 50 сола ба таълими ҳарбӣ фаро гирифта шуда, сафрбаркунӣ оғоз гардид. Дар маъракаи муҳим дар баробари мардон коргарзанон, колхозчизанон, хизматчиён ва соҳибхоназанон уҳдадор шуданд, ки ба ҷои шавҳарон, падарон ва бародарони ба ҷанг рафтаашон кор карда, дар дифои мамлакат фаъолона иштирок мекунанд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳазорҳо фарзандони содиқи Тоҷикистон бо қатъият талаб мекарданд, ки онҳоро ба фронт фиристонанд. Танҳо дар як шабонарӯз ба Комиссариати низомии шаҳри Душанбе зиёда аз 700 ариза ворид шуд. Аризадиҳандагон хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ихтиёран ба сафи Аскарони Сурх ҳамроҳ кунанд. Аз ин миқдор анқариб 200 аризаро занон навишта буданд. Инчунин, 19 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи омузгории шаҳри Душанбе ба номи комиссариати низомӣ бо чунин мазмун аризаи коллективона навиштаанд: «Душманони тамоми инсонияти меҳнаткаш, фашистони Германия ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум карда даромаданд. Мо, донишчӯёни Донишкадаи педагогӣ хоҳиш мекунем, ки аз ҷумлаи мо дастаи низомии санитарӣ ташкил намоед. Ваъда медиҳем, ки дар муҳорибаҳо баробари мардон ба муқобили душман меҷангем».
Чунин аризаҳо хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳи июли соли 1941 ба комиссариатҳои низомии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ленинобод (ҳозира Суғд), Курғонтеппа (ҳозира Бохтар), Панҷакент ва Исфара аз коргарзанон ва хизматчиён зиёда аз 10 ҳазор ариза омада буд. Онҳо дар бораи тайёрии худ иттилоъ дода, хоҳиш мекарданд, ки ба фронт фиристода шаванд. Масалан, комсомолдухтар С. Алибоева чунин навишта буд: «Аз Шумо бисёр хоҳиш дорам, ки маро ба сафи Аскарони Сурх қабул намоед. Дорои нишони дараҷаи аввали «Тайёр ба меҳнат ва мудофиаи ИҶШС» ҳастам ва мутахассиси соҳаи радиотехника ба ҳисоб меравам».
Дар байни аризадиҳандагон аз сохтору ихтисосҳои гуногун санитарҳо, табибон, муаллимон, агрономҳо, тракторчиён ва коргарони корхонаҳо низ буданд. Аз 153 аризаи ихтиёриёни комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе, 57- ариза ба коргарзанони комбинат рост меомад. Яке аз онҳо Одина Ҳакимоваи ҳабдаҳсола чунин навишта буд: «Хоҳиш мекунам маро ба сафи Аскарони Сурх қабул намуда, ба фронт, он ҷое, ки аллакай бародари ман аст, фиристонед».
1 августи соли 1941 шумораи ихтиёриён дар вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба 1400 нафар расид, ки 965 нафарашон мардон ва 435 нафарашон занон буданд.
Дар маъракаи таълими умумии ҳарбӣ дар баробари мардон занон низ фаъолона иштирок намуда, дар солҳои ҷанг танҳо дар ноҳияҳои Душанбе зиёда аз 940 нафар занон таълими ҳарбиро бомуваффақият хатм карданд.
Ин ҳаракати занон махсусан баъд аз қабули Қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ аз таърихи 9 июли соли 1941 «Дар бораи тайёрии ҳатмии аҳолӣ ба мудофиаи зиддиҳавоӣ» пурзур гардид ва дар он ба таълими ҳарбии занон низ диққати ҷиддӣ дода мешуд.
Моҳи декабри соли 1941 КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи тайёрии хоҳарони шафқат ва дружинаҳои санитарӣ қарори махсус қабул намуд. Аллакай охири моҳи декабри соли 1941 дар вилояти Сталинобод 368 нафар хоҳарони шафқат омода карда шуда, дар ҷумҳурӣ бошад, теъдоди умумии 842 нафар духтарон таълим мегирифтанд.
Бо даъвати КМ ҲК (б) ҷавонони Тоҷикистон дар бобати дар ақибгоҳ барои Армияи Сурх омода кардании қувваҳои эҳтиётӣ корҳои зиёдро анҷом доданд. Дар давраи ҷанг дар қисмҳои махсуси таълими умумии ҳарбӣ ҷавонони зиёд таълим гирифтанд. Аз 14765 нафар ҷавонони таълими ҳарбӣ гирифта, 7320 нафарашон духтарон буданд. Аз ҷумла, 350 нафар мерганҳо, 1420 нафар автоматчӣ, 270 нафар радист, 435 нафар телеграфчӣ ва 4195 нафар тирандоз буданд.
Дар давраи ҷанг дар қисмҳои махсуси ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 35838 мутахассисони ҳарбӣ тайёр карда шуданд. Аз ҷумлаи онҳо 27369 нафар ҷавонписарон ва духтарони Тоҷикистон, ки ба сафҳои Армияи Сурх ворид шуданд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар он мамлакате, ки интизом, меҳнатдустӣ, ягонагӣ ва дустии халқҳо вуҷуд дорад, душман ғолиб баромада наметавонад. Чунин зуҳуротро дар солҳои ҷанг дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пурра мушоҳида карда метавонем.
Занони Тоҷикистон низ дар шикаст додани қушуни фашистии немис дар назди Москва саҳми худро гузошта, фиристодаи Тоҷикистонӣ Нина Лобковскаяи Душанбегӣ баъди хатми мактаби занонаи снайперӣ иштирокчии муҳорибаи назди Москва гардида, бо снайпери худ 89 нафар душманонро нобуд кард.
Зан-бонуи таҳамтани тоҷик зодаи Шинги ноҳияи Панҷакент Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуда буд. Ойгул на танҳо дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо карда буд, балки дар Ҷумҳуриҳои бародар номи уро бо ифтихор ба ёд меоварданд. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” таҳти унвони “Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова” мактуби командири ӯкпитан В. Лапко чоп шуда, чунин навишта шудааст: “…дар назди хатти фронт ба мо “мессерҳо” ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул ана дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ӯ пулемиёти худ самолиёти қиркунандаи душманро зада гардонд ва нишони ӯ ба самолиёти дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд. Мо батареяҳои фашистонро ба зери оташи беамон гирифтем. Дар ин ҷанг тирандози самолиёти Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд. Ба рули самолиёт тири тупҳои зенитии душман расида буд, ба самолиёт ва пилот марг таҳдид мекард. Вале Ойгул бо як муъҷизае худро аз оташи душманбароварда, онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо нишонид. Тоҷикдухтар Ойгул, ана, ҳамин тавр парвози якуми худро анҷом дод” Ӯ аллакай 93 маротиба парвози ҷангӣ анҷом додааст, ки Шурои Ҳарбии Ғарбӣ бо ин хизматаш духтари тоҷикро бо ордени “Ленин” мукофотонид.
Ин мисол бори дигар далели он аст, ки бонувон ва модарони тоҷик бо нерӯи қавӣ, ҷасорату таҳамтанӣ ва корнамоиҳои бемисли худ, дар дақиқаҳои душвор бо мардон паҳлу ба паҳлу истода метавонанд.
Зани дигари Тоҷикистонӣ А. Исоева низ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода, аз ҳамшираи шафқати оддӣ то командири взвод расидааст. Взводи Исоева танҳо дар як рӯзи соли 1941 аз майдони ҷанг 57 нафар маҷруҳони сахтро баровард, ки ӯ бо ин матонаташ бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Лейтенанти калони хизмати тиббӣ София Муҳаммадовна Ниёзова намунаи мардонагию диловарӣ нишон дода, ӯ солҳои 1941-1945 духтури фронти якуми Украина буда, ҳаёти ҳазорҳо нафар ҷанговарони шуравиро наҷот додааст. Лаҳзаҳое буданд, ки у ба даст силоҳ гирифта, ба муқобили душман ҷангидааст. С. Ниёзова барои матонату ҷасорати дар муҳорибаҳо нишон додааш бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гаштааст.
Фиристодагони дигари Тоҷикистон – лейтенанти хизмати тиббӣ Г. Ҳайдарова, лейтенанти хурд Ҷ. Раҳимова, радиотехник С. Алибоева, ҳавопаймо А.Г. Смагина, ҳамшираҳои шафқат Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, Ҷ. Раҳимова, Н. Карамышева, С. Сангинова, И. Қурбонова ва зиёд дигарон якҷоя шона ба шонаи мардон истода корнамоиҳои ҷангӣ нишон додаанд.
Тоҷикдухтар Назира Умарова рӯзи ғалабаро дар Шарқи Дур пешвоз гирифт. Панҷ нафар санитардухтаронро бо сардории Назира Умарова, ки ӯ ба тозагӣ аз хатти фронт баргашта буданд, ба штаб даъват намуданд. Ҷанг ҳанӯз анҷом наёфта, Японияи милитаристӣ таслим нашуда буд. Қисми ҳарбие, ки дар он Назира Умарова хизмат мекард, ба Ҳарбин наздик мешуд. Ҷанг махсусан дар назди яке аз истгоҳҳои начандон калони Манҷурияи ҷанубӣ шиддатнок шуд, Назира Умарова 12 нафар ҷанговарони захмиро аз майдони ҷанг баровард ва боз барои овардани сенздаҳум гавак кашида мерафт, ки дар паҳлуяш бомбаи душман таркида, уро дур партофт. Назира Умарова танҳо дар арафаи ғалаба бар Японияи империалистӣ дар госпитал шифо ёфта, ба каспи худ баргашт. Назира баъди ҷанг дар таваллудхонаи Ленинобод ба сифати ординатор кор карда, бо ордени “Ленин” мукофотонида шуд.
Дар давраи аввали ҷанг 15 нафар соҳибхоназанҳо, занони роҳиоҳанчиён ихтисоси роҳи оҳанчигиро аз худ намудаанд. Баъд аз гузаштани курсҳои махсус 185 нафар дар заводи пахтатозакунии Конибодом ба кор шуруъ карданд. То моҳи январи соли 1942-550 нафарро ташкил медод. Дар кони ангишти Шуробод 777 нафар занон ба ҳайси пармагар, мошинистӣ, электровоз ифои вазифа менамуданд. Дар солҳои ҷанг дар корхонаҳои истеҳсолию саонатии Тоҷикистон анқариб 76-фоизи коргаронро занҳо ташкил медоданд. Мақсад ва маҳорати занон нест кардани душман ва сиҳату саломат аз ҷанг баргаштани Тоҷикистониҳо буд.
Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки саҳми занони тоҷик дар ғалаба бар зиди фашизм кам нест. Зеро онҳо низ дар қатори мардҳо баъзе бо яроқу аслиҳа саҳме бо меҳнату машақат ва дигаре бо дуову муноҷот мубориза бурданд. Шаъну шараф ба занҳои қаҳрамони тоҷик, ки барои ғалаба, нангу номус, виҷдон шуда ҷони худро нисор карданд. Сари таъзим ба занҳои қаҳрамон, ки ватани моро аз фашизм муҳофизат ва озод намудаанд. Дар сархати занҳои қаҳрамон Зоя Космедиянская меистад, ки номи ӯ ва корнамоиаш вирди забони мардуми Иттиҳоди Шуравӣ буд.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки корнамоию қаҳрамонии зан-модари тоҷик аз тулуи рӯзгор мондагор буда, ҷонфидоию, таҳаммулгароӣ, сабру тоқати дандошикан, меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба ватан, қурбониҳои бемислу мондагор дар зеҳну ҳисёти фарзандон, насли наву ояндасози миллат дар давру замонҳои гуногуни таърихӣ хосса Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 80 сол муққадам сурат гирифта буд, дар ҷомеаи муосир ва фазои кайҳонии ҷаҳонишавӣ намунаи ибрат бошад.
Дар ин замина, бо сухани мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси фаровард менамоем: “Занону духтарон дар ҷомеаи мо нерӯи бузурганд ва агар онҳо нахоҳанд, ягон қувва моро аз роҳи пешгирифтаамон, яъне роҳи бунёди давлати мутамаддин ва деморкатӣ бозгардон карда наметавонад” .
Ин гуфтаҳо манзараҳои қаҳрамонмодарону таҳамтании бонувони тоҷикро асли воқеӣ мебахшад.
И. Мирзошарифзода,
Ш. Сафарова