Баъди чопаш мақолаи устодон Р. Амонов ва В. Асрорӣ “Сатрҳои оташин ёдуди беоташ?” дарбайни аҳли илму адаб вафарҳанги ҷумҳурӣ як шӯру исён бархезонд. Охир, барои боҳуқуқшиноси намоёни ҷумҳурӣ панҷа нарм кардан ваҷустуҷӯҳои чандинсолаи ӯро хатти батлон кашида, ба сифр баробар кардан танҳо ва танҳо ҷуръат ва диловарӣ талаб мекард. Агарчи, аз як тараф, наҳама ақидаҳои устодон Р. Амонов ва В. Асрорӣ қобили қабул буданд, вале, аз тарафи дигар, онҳо бо ин мақолаашон барои тозагии кори илмӣ ва эҷоди рисолаҳои номзадию докторӣ дар илми фолклоршиносӣ хизмати босазоеро анҷом додаанд.
Баъди чопи ин мақола таҳти унвони “Хонандафикр мекунад, хулоса мебарорад, баҳс мекунад” дар саҳифаҳои рӯзномаи “Маориф ва маданият”мақолаҳои ҷавобииЗ.Ш. Раҷабов“Оё ин дуд оташ дорад?”, Б.Тилавов “Карим Девона ҳанӯз дар байни оташу дуд”, РаҳматовҲ. “Бори дигар дар бораи оташу дуд”, МухторовА. “Дарбораи“оташу дуд”, МирзоевК., ҲусейновИ., СаидовД. Дар бораи“оташудуд” ва “Оташе, ки Карим Девона афрӯхт…”, С. Шоҷамолов “Баъзе андешаҳо”, И. Ҳидоятов “Сатрҳои оташини Карим Девона–меҳмони ӯзбекон” (1964) ва дигарон пайиҳам чоп шудан гирифтанд. Ягона ақидае, ки ба баҳси матбуотии донишмандон промуни мавҷудияти шоири халқ Карим Девона нуқтаи таммат гузошт ин мақолаи профессор И.С.Брагинский «Оташ куҷову дуд куҷо? мебошад, ки мо бештар сари ин мақола таваққуф менамоем.
Мақолаи профессор И.С.Брагинский «Оташ куҷову дуд куҷо? аз гуфтаи муаллиф маълум мегардад, ки ҳафтумин мақолаи мубоҳисавист. И.С.Брагинский низ мехоҳад шахсияти Карим Девонаро равшан намояд ва нишон диҳад, ки Карим Девона кист? Машъали фурӯзандаи шеър аст ё дуде, ки аз он чашмҳо ба сӯзиш меомаданд. Дар ҳамин ҷо номбурда эълон мекунад, ки аслан масъала моҳиятан ҳал шудааст. Экспедитсияи санҷишии дар водии Ҳисор гузаронидашуда ҳама гуна гумону шубҳаро перомуни шахсияти Карим Девона барҳам зад. «Вале вақте ки масъалаи асосии мубоҳиса, – мегӯяд устод И.С.Брагинский, – шахсияти Карим Девона ба зудӣ равшан шуда, ҳақ набудани рафиқон Р.Амонов ва В.Асрорӣ маълум гардид, ба онҳо лозим буд, ки ба иштибоҳи худ иқрор шуда, риштаи мубоҳисаро меканданд».
И.С.Брагинский А.Мухторов ва Б.Тилавовро барои мақолаҳои ғаразнокашон сахт танқид карда, таъкид мекунад, ки «Ба ӯ (Б.Тилавов – Х.Ф.) возеҳ ва равшан аст, ки нахустин саркунандагони мубоҳиса бой додаанд. Барои қадре ҳам бошад, ҳимоя кардани онҳо ба ӯ танҳо ҳамин мондааст гӯяд, ки аз Карим Девона «ному нишоне» намондааст».
И.С.Брагинский ба мақолаи Ҳ.Раҳматов баҳои баланд медиҳад: «Вале мақолаи Ҳ.Раҳматов дигар аст, – мегӯяд мавсуф. – Ин мақолаи беғаразона далелҳои нодири Р.Амонов ва В.Асрориро дар хусуси натиҷаи экспедитсияҳои фолклории водиҳои Вахш ва Ҳисор бартараф ва лухту курлухт ошкор менамояд. Ба ростӣ, акнун аз Карим Девона не, балки аз «далелҳои нодир» ному нишоне боқӣ намондааст».
Дар ин ҷо И.С.Брагинский бо қатъият изҳор медорад, ки «… ӯ шахсияти Карим Девона ва мавқеи ӯро дар фолклор исбот кард». И.С.Брагинский таъкид месозад, ки «Масъалаи марказӣ ё асосии мубоҳиса – вуҷуд доштан ё надоштани Карим Девона ном шоири халқӣ – он тавр ки худи рафиқон Р.Амонов ва В.Асрорӣ ба миён гузоштанд, буд ва мемонад».
Сипас, масъалаи марказиро устод Брагинский аз мубоҳиса берун кашида, (… зеро мавҷудияти Карим Девона пурра эътироф карда шудааст»), ба якчанд савол мухтасар посух медиҳад.
1.Карим Девона кист?
Шоири оварагарди халқӣ, ки дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ зиндагӣ карда, дар шеърҳои худ рӯҳияи деҳқонҳои бенавои тоҷик: шикоят аз замон ва танҳоӣ кашидан аз дасти бою амалдорони давр, орзуи хушбахтӣ ва ғайраро ифода кардааст.
2. Аз мавҷудияти ин шоир магар фолклоршиносон хабар доштанд? Не.
3. Оё таҳқиқ кардани Карим Девона аҳамияти бузурги илмӣ ва маданӣ дорад?
Бале. Худи ҳамин асноди вуҷуд доштани ин гуна шоир тасдиқ мекунад, ки дар охирҳои асри XIX байни халқи тоҷик рӯҳияи эътирози иҷтимоӣ баланд мегардид ва он ба муборизаи васеи зидди аморати Бухоро оварда расонид, ки дар шахси ҳофизон ва шоирони халқӣ тавсифкунандагони худро дошт. Эҷодиёти Карим Девона ба туфайли Ҳ.Назаров дастраси омма гардида, аз тарафи аҳли ҷамоатчигии Тоҷикистон баҳои босазое гирифт ва ба барномаҳои таълимии мактабҳои миёнаву олӣ роҳ ёфт.
4. Карим Девонаро кӣ таҳқиқ кард?
Ҳабибулло Назаров, шахсе, ки фолклоршиноси касбӣ набуда, ходими ҷамъиятист. Пажӯҳишҳои Назаров дар тӯли чандин сол дар навоҳии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, натиҷаи суҳбат бо зиёда аз сесад тан донандагони ашъори шоир мебошад. Ҳ.Назаров таҳқиқоти худро нахуст таҳти унвони «Дар ҷустуҷӯи Карим – Девона» дар намуди асари бадеӣ чоп карда, пасон, такроран ду маротиба маҷмӯаи шеърҳои шоирро ба табъ расонид. Сипас, Назаров дар асоси ин корҳои худ диссертатсияи номзадӣ навишта, ба он таҳти сарлавҳаи «Карим Девона ва эҷодиёти ӯ» бо забони русӣ автореферати муфассале тартиб дода, бо нишондоди санаҳо, ҷой ва маҳали шеърҳои навишта гирифташуда ва гӯяндагон, ки дар матн дар бораи онҳо зикр карда шудааст, пешниҳод намуд. Ҳ.Назаров бо ҳар гуна далелҳо мақоми ӯро муайян карда, дар баробари ин исбот менамояд, ки ӯро набояд бо ҳар гуна шоирони дарвештабиат, аз он ҷумла Қаландар Бодомак, Мулло Карим ном шеъргӯи рӯҳонӣ, бо Ҳалим – Девона ва бо Карим Девонаи дар Қӯқанд дар замони Худоёрхон зиндагӣ карда ва баъди фавташ авлиё эълоншуда омехта кард. Ӯ матни шеърҳоеро, ки баКарим Девона тааллуқ доранд, муқоиса карда, бо пайвандони дар ҳаётбудаи шоир суҳбатҳо ороста, сипас, як қатор шоирони соҳибмаълумотеро, ки баКарим Девона ишорат мекарданд, таъин намуд.
5. Ҳ.Назаров дар корҳои худ чӣ гуна камбудиҳо дорад?
Чуноне ки худи Ҳ.Назаров иқрор мешавад, нисбатдиҳии баъзе шеърҳоиКарим Девона мубоҳисаталаб аст: масъалаи шӯриши деҳқонон дар Ҳисор дар солҳои 1907-1908 ба таври қаноатбахш аниқ карда нашудааст; дар шарҳу эзоҳи номҳои мухталиф, калимаҳо, дар тарзи навишти баъзе мисраъҳо, транскриптсияҳо ва ғайра камбудиҳои алоҳида ҷой доранд.
И.С.Брагинский ба кори Ҳ.Назаров чунин баҳо додааст: «Кори Ҳ.Назаров, ки ба иди маданияти тоҷик табдил ёфта буд, муваффақияти эҷодии ӯ буда, сазовори тақдир ва дастгирист. Он камбудиҳое, ки дар кораш дорад, ӯ бояд онҳоро ислоҳ ва бартараф намояд».И.С.Брагинский ба фаъолияти илмии Ҳ.Назаров дахолат намуда, хотирнишон месозад, ки «Ҳ.Назаров вақте ки бо розигии ВАК тадқиқоти худро роҷеъ баКарим Девона дар шакли диссертатсияи номзадӣ пешниҳод кард, шӯрои илмии Институти халқҳои Осиёи АФ СССР ба кори ӯ ана ҳамин тавр баҳо дода, ба ӯ унвони номзади илмҳои филология дод». Ба ақидаи И.С.Брагинский «… тадқиқотчӣ натиҷаҳои кашфиёти ҳақиқии илмиеро, ки бо методи бевосита аз маҳалҳо ҷамъ овардани маводи фолклорӣ ба даст овардааст, пешниҳод кардааст ва тавонистааст таҳқиқоти ҳақиқатан илмиро, ки ягон фолклоршинос ба он муваффақ нашудааст, ба вуҷуд биоварад».
Баъдан устод Брагинский иттиҳомотеро, ки ба Ҳ.Назаров баста буданд, ҷавоб гардонидааст.
Ҳ.Назаров фолклоршинос нест ва асараш ба таври илмӣ – академӣ навишта нашуда, балки ба тарзи бадеӣ навишта шудааст.
Ҷавоб. Дар илм кашфиёти зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки онҳоро мутахассисони касбӣ не, одамоне ба ҷо овардаанд, ки дар сари дастгоҳи сехи илмӣ наменишастанд. Масалан, аввалин шахсе, ки калимаи бо хати мехӣ навишташударо кушодааст, филологи эроншинос нею муаллими синфҳои ибтидоии шаҳри Геттингени Германия Г.Гротефенд буд.
Назаров Карим Девонаро таҳқиқ накарда, балки «бофта» баровардааст.
Ҷавоб. Асоси ин даъворо мақолаи Р.Амонов ва В.Асрорӣ ташкил мекунад, ки ақидаи бемаънӣ буда, онро ҳукми халқ рӯфта бурд.
Барои возеҳ кардани шӯриши халқии Ҳисор ва мақоми Карим Девона дар ин шӯриш як тадқиқоти ҷиддӣ кардан лозим.
Ҷавоб. Шӯриши Восеъ аввал дар асоси маълумоти даҳонӣ таҳқиқ карда шуд, дар ин бора ҳуҷҷатҳои бойгонӣ хеле баъд маълумот доданд. Нисбат ба фактҳои Логофет беэътиноӣ кардан хуб нест. Қимати далелу ҳуҷҷатҳояш аз қимати ҳуҷҷатҳои дигар чиновникҳои подшоҳӣ камтар нест.
Ҳ.Назаров бо матни шеърҳо аз нуқтаи назари танқидӣ муносибат накардааст.
Ҷавоб. Ҳақиқат дорад.
Дар осори як шоири халқӣ услубҳои гуногун имконпазир аст?
Ҷавоб. Ҳаст. Шоирони халқӣ бесавод бошанд ҳам, аз байни мардум ғазалҳои шоирони классикиро, ки ҳамчун суруд хонда мешаванд, шунида, дар хотир нигоҳ дошта, баъзан дар шеърҳои худ истифода мебаранд. Карим Девона бо шахсони соҳибмаълумот алоқа дошт ва ба услубҳои гунгогун шеър гуфтани ӯ табиист. «Охир, ба шумо дар худи зодгоҳи шоир дар хусуси эҷод кардани ду навъ шеър «чакдонӣ» (шеърҳое, ки ба зудӣ гуфта нашуда, дар тамоми фасли зимистон эҷод карда мешаванд) ва «майдонӣ» (шеърҳое, ки дар маъракаҳои идона ва бозорҳо бадоҳатан гуфта мешаванд) нақл кардаанд – ку».
Масъалаи ба дин эътиқод доштани Карим Девона.
Ҷавоб. «Баъзан Ҳ.Назаров ба осонӣ Карим Девонаро қариб атеист, як марди Худоношинос карда нишон медиҳад, аммо фолклоршиносон ва мунаққидони ӯ ин чизро мазаммат карда, аз он воҳимаи дигаре барангехта истодаанд. Чаро ба дин эътиқод доштан шоирони тоинқилобии Бухорои Шарқӣ ҳамчун зуҳуроти иртиҷоӣ шарҳ дода мешудааст? «… ҳаракати инқилобӣ дар Бухорои Шарқӣ ба шахсони масъули дар мадраса таълимгирифта не, балки ба пойбараҳнагону бенавоён такя мекард» (Ҷавоб ба Р.Амонов, В.Асрорӣ, Б.Тилавов). «Ҳамин бенавоён, жандапӯшон буданд, ки дар Тоҷикистон пешоҳанги муборизаи инқилобӣ гардиданду инчунин аз байни худ шоирон, ҳофизон ва гӯяндагонро тарбия карда расониданд, ки аз рӯи лаёқати худ мувофиқ ба завқи онҳо шеър гуфта, умеди онҳоро тараннум мекарданд».
Хулоса, мақолаи профессор И.С.Брагинский як навъ маводи ҷамъбастие буд, ки ба баҳси тӯлонии фолклоршиносон ва аҳли илми ҷумҳурӣ як навъ нуқтаи таммат гузошт.
Ба ҳамин тариқ, баҳсе, ки бо мақолаи устодон Р.Амонов ва В. Асрорӣ «Сатрҳои оташин ё дуди беоташ? оғоз ёфта буд, анҷом ёфт. Имрӯз бошад, аз он баҳс зиёда аз 55 сол гузашт. Аксарияти иштироккунандагони мубоҳиса ин ҷаҳонро падруд гуфтанд, вале шеъри дилошӯби Карим Девона дар фазои Тоҷикистон ҳамоно танинандоз аст.
С.Тиляева,
Х. Фақиров
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»