Имрӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ озмуни “Spelling Bee” миёни маҳфилҳои донишҷӯён — “Дӯстӣ” ва “Омӯзгорони ҷавон” баргузор гардид.
Мақсади асосии озмун — омӯзонидани тарзи дурӯсти талаффузи калимаҳо, баланд бардоштани захираи луғавӣ, баёни равон, ва тақвияти шавқи донишҷӯён ба омӯзиши забони англисӣ мебошад.
Дар анҷоми озмун, ғолибон бо сертификатҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Озмун бо дастгирӣ ва ташаббуси ҳамоҳангсози Маркази захиравии забони англисӣ дар факултет — Муродова Зебо ташкил ва баргузор карда шуд.
Чунин чорабиниҳои таълимӣ на танҳо донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи забони англисӣ ҳидоят мекунанд, балки муҳити мусоиди омӯзишӣ ва рушдро низ фароҳам меоранд.


